22 июли соли 1989 дар Тоҷикистон нахустин Қонуни забон тасвиб шуд, ки ба тоҷикӣ дар Тоҷикистони Шӯравӣ мақоми давлатӣ дод. Ва дар тӯли 20 сол ин рӯз чун Рӯзи забон таҷлил мешуд. Аммо имсол иди забон дар таърихи 22 июл таҷлил нашуд, балки парлумони кишвар ин ҷашнро ба 5 октябр, таърихи рӯзи тасвиби тарҳи ҷадиди Қонуни забон қафо бурд.
Баҳсҳои бархоста пиромуни тағйири рӯзи Иди забони тоҷикӣ ва ҳам ислоҳоти имлои ин забон, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон оғоз кардааст, мавзӯъи баррасии ин ҳафтаи мо дар гузориши вижаи "Симои ҳафта" аст.
“ЭРОН Ё “ИРОН”?
“Эрон” бинависем ё “Ирон”? “Мӯҳтарам” бояд гуфт ё “муҳтарам”? Баҳси ислоҳоти куллии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ин шабу рӯз бештар саргарми ҷову мақоми ҳамин чанд ҳарфу чанд садои забони тоҷикӣ шудааст.
Бо ин ҳол, имсол, 22 июл, ки дар тӯли 20 соли охир дар тақвими идҳои расмии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи Иди забон меомад, барои нахустин бор таҷлил нашуд. Маҷлисе ё анҷумане ба ин муносибат барпо накарданд, шодбоше ҳам ба шарафи забони тоҷикии форсӣ дар ин рӯз аз ҳеҷ минбаре баланд нашуд.
Аз ин ба баъд бо қарори парлумони Тоҷикистон Иди забон ҳар сол дар таърихи 5 октябр, рӯзи тасвиби тарҳи нави қонуни забони давлатӣ таҷлил хоҳад шуд. Иттифоқан 5 октябр зодрӯзи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст ва бархе аз соҳибназарони тоҷик маҳз ба ин таърихи рӯз тағйир кардани рӯзи иди забонро маънидорона ба истилоҳ “тӯҳфа”-е дигар ба зодрӯзи оқои Раҳмон медонанд.
Хабарнигори тоҷик Мухтори Боқизода мутмаин аст, ки чунин таҳрири таърих аломати адами эҳтиром ба муборизаи наслест, ки дар соли 1989 ҳукумати вақти коммунистии Тоҷикистонро маҷбур ба таҳия ва тасвиби қонуни забон карда буд: “Муттаассифона, имрӯз дар Тоҷикистон ҳама чизро оварда, ба номи раисиҷумҳур пайваст мекунанд.
Ҳатто Иди забонро. Наход мо ба андозае хушомадгӯем, ки ҳама чиро марбути як нафар донем? Агар мо ба қадри он заҳматҳое, ки ҷавонони равшанфикр ва бедори тоҷик дар он шабу рӯз барои эҳёи забони тоҷикӣ ва мақоми давлатии он кашиданд, нарасем ва онро нодида бигирем, ин беҳурматӣ ба худи забон аст.”
ҶАШН МЕГУЗАРАД…
Оқои Боқизода мӯътақид аст, ки дар ниҳоят ин мавзӯъ дигарбора бозбинӣ шудаву 22 июл ҷойгоҳаш дар тақвимро ҳамчун рӯзи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ барқарор хоҳад кард.
Ховаршиноси тоҷик Зафари Мирзоён низ мухолифи тағйири рӯзи Иди забон аст, вале мегӯяд, муҳимтар дастаҷамъона амалӣ кардани он ҳама муқарраротест, ки дар қонуни нави забон омадааст: “Ман умуман чунин рӯзҳоро эътироф намекунам. Рӯзи фалону рӯзи ину рӯзи он… Ашхоси фармонравову мартабадор як рӯз таҷлил мекунанд ва бо ҳам тамом. Ҷашн мегузараду корҳо ҳама мемонанд. Мо чунин таҷлилҳоро бисёр дидаем. Масъала ин аст, ки бо вуҷуди таҷдиди қонуни забон кор қадаме ҳанӯз ҳеҷ қадаме пеш нарафтааст.”
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, дар ҷашнҳои Иди забон одатан мардуми солхӯрда ширкат мекунанд, ки барояшон истодан дар зери офтоби гарми моҳи июл хеле тоқатфарсо буд.
Вале устод Шакурӣ бо ин вуҷуд ки аз тарафдорони тағйири рӯзи иди забони тоҷикист, мегӯяд: “Бисёр афсӯс, ки тақаддуси рӯзи 22 июли соли 1989, яке аз муҳимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик, дигар боқӣ намонд ва бузургдошти ин рӯзро дигар ба ҷо оварда наметавонем. Аммо Иди забонро ҷашн мегирем дар 5 октябр.”
Раиси кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон профессор Додхудо Саймуддинов низ моҳи июлро барои баргузории Иди забон номувофиқ донист, зеро, гуфт ӯ, 22 июл айни таътилоти тобистона аст ва ба ин далел, ҷашнҳои Иди забон наметавонист мардуми зиёдеро фаро бигирад.
ДАР БАЁНИ МАҚОМИ “Ӯ”
Аммо баргардем ба ислоҳоти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон оғоз кардааст.
Раиси ин кумита доктор - Додхудо Саймуддинов мегӯяд, қоидаҳои имло тақрибан 100 дарсад тағйир хӯрда, аз ҷумла ҷойи истифодаи ҳарфҳову садоҳое, чун “ӯ”-и дароз ва аломати сакта акнун мушаххастар хоҳад шуд: “100 дарсад тағйир ёфт. Суп-сурх шуд охир, чизеаш намонд. Баъзе қоидаҳоро дубора такмил додем, қоидаҳои нав ворид кардем. Қоидаҳои имло барои солҳои 70 буд аслан . Луғати имло ҳам аз соли 1969 аст. Қоида бароварда будем дар вақташ, ки (бебунёд аст ин қоида, ботил аст) ки дар калимаҳое, ки ҳиҷои аввал бо “ҳ” хатм мешавад, масалан, “туҳфа”, бояд ҳатман “ӯ” навишт. Ё дар калимаи “муҳр”. Охир инҳо “вов” надоранд. Вақте ки “ӯ”-ро дар имло номаш “вови маҷҳул” аст, бояд шарм кунем, чунки онҷо на “вов” аст, на “вови маҷҳул” на “маъруф”. “Вов” умуман нест. 25 калимае ки бо “ӯ” сар мешавад, дар луғат ҳамааш узбекист. Касе “ӯ”-ро аз байн набурдааст. “Ӯ” дар ҷояш ҳаст.”
Ба бовари ховаршиноси тоҷик Зафари Мирзоён ҳам, ҳарҷумарҷе ки дар тарзи навишт ва талаффузи вожаҳо дар солҳои охир ба вуҷуд омад, ислоҳоти қоидаҳои имлои забонро ногузир кардааст.
Зафари Мирзоён мегӯяд, албатта, беҳтарин роҳ гузаштан аз хатти сирилик ба форсӣ буд, ки ҳар навъ баҳси ислоҳоти қоидаҳои имлоро аз миён мебурд. Вале меафзояд ӯ, ин талоши ҷон дамидан ба тани ниммурдаи хатти сирилик ҳам дар ҳар сурат, қадаме ба сӯи пеш аст: “Агар имло мутобиқ ба хатти классикии мо ислоҳ нашавад, шояд ислоҳат як чизи ҳамту рамзӣ бимонад. Чаро? Чунки вақте мо “йо”-и изофаро талаффуз мекунем, мегӯем: “хонаи мо”, чунки замма аст ё изофа, на ин ки “хона-ӣ мо”. Ё инки масъалаи “ӯ”-и дароз ва “ӯ”-и кӯтоҳ. Инҷо мавзӯъи “вов”-и муодила ҳаст, ки дар хатти форсӣ маълум аст, вале дар тоҷикии сирилик маълум нест. Лекин ислоҳаш зарур ҳаст. Як “ӯ”-и дароз бояд ҳатман бошад. Аммо шарт нест, ки ҳатман талаффузро ҳама бо “ӯ”-и дароз кунанд. Чунки мардуми Хуҷанди бузурги мо, мардуми Самарқанд ва ҳатто аҳли Ванҷ як “ӯ”-и дароз доранд, ки қисмати дигар надоранд. Аз ин рӯ, тақозо кардан, ки ҳатман бо “ӯ”-и дароз талаффуз кунанд, шарт нест. Аммо дар навишт шарт аст.”
“Ӯ” ТАСЛИМ НАМЕШАВАД
Ислоҳоти қоидаҳои имло дар маҳофили адабии Тоҷикистон баҳсҳои гармеро низ барпо кардааст. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки дар кори кумиссиюни ислоҳи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ ширкат доштааст, мегӯяд, то ҷое ки онҳо расида буданд, масъалаи табдили “ӯ” аз вожаҳое, чун “тӯҳфа” ҳанӯз матраҳ набуд.
Муҳаммадҷон Шакурӣ мегӯяд, дар ҳар сурат, мухолифи пешниҳоди профессор Додхудои Саймуддинов дар мавриди мақоми “ӯ”-ст.
Ӯ мегӯяд: “Ӯ” ва “Э” яке аз муҳимтарин нишонаҳои аслияти забони тоҷикист ва ҳам нишонаи ин ки забони форсии тоҷикии мо ба асли худ наздик аст, наздиктар аз ҳатто форсии муосири Эрон ва форсии ҳар минтақаи дигар. Дар забони қадими форсӣ ду дифтонг буд, ки аз якеаш “ӯ” ва аз дуввумӣ “э” ба вуҷуд омад. “Шер”, “дер”… Дар форсӣ “шер” ва “шир” як хел навишта ва талаффуз мешавад, аммо дар тоҷикӣ - “шер” дигар, “шир” дигар. “Ӯ” ҳам дар тоҷикӣ мавқеъи чунон мустаҳкам дорад, ки ҳатто ба вожаҳои арабӣ роҳ ёфтааст. Монанди “тӯҳфа” ё “мӯҳтарам”.
ЛАҲҶАИ ДАВЛАТӢ?
Хабарнигори тоҷик Мухтори Боқизода дар интиқоди барномаи ислоҳоти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ боз ҳам фаротар рафта, дар мавриди талоши бар пояи гӯиши як минтақа сохтани меъёрҳои забони адабӣ ва нодида гирифтани вижагиҳои гӯишҳои дигар сӯҳбат мекунад: “Имрӯз баҳсҳои ноҷое сурат гирифтааст, ки “ӯ” ва “у”-ро ба марнотиқи шимолу ҷануб рабт медиҳанд, ки инаш хоси ҷанубу унаш хоси шимол аст. Дар адабиёти классикӣ 4 навъи “у” ба назар мерасад. Ва ман мояи баҳси олимон бар сари мавқеъи “ӯ” ва “у”-ро намефаҳмам. Зарур нест ин баҳс, чунки “ӯ” дар забони имрӯзаи тоҷикӣ алакай ҳазм шудааст. Беҳтар мебуд, агар мо дар фикри амалӣ кардани қонуни забон мешудем. Вале мо ҳама дунболи як ҳарф мегардем. Фақат “ӯ”-и дароз.”
ЗАБОНИ ДУШАНБЕ
Аммо Додхудо Саймуддинов мегӯяд, набояд дар қайди тафаккури кӯҳнашудаи ибтидои асри 20 ба сар бурд ва дар сохтани забон ҳамчунон рӯи марокизи собиқи фарҳангиву адабие ҳисоб кард, ки забони тоҷикӣ дар он марокиз дигар роиҷ нест.
Ба эътиқоди раиси кумитаи забон ва истилоҳот, бояд гӯиши роиҷ дар пойтахти Тоҷикистон дар меҳвар қарор бигирад: “Ҳеҷ кас “вов”-и маҷҳулро аз забон напартофтааст. Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки меъёри як лаҳҷа бар сари забони адабӣ бор мешавад. Инро онҳое мегӯянд, ки лаҳҷаҳои худашонро таблиғ мекарданд пеш. Ҳамин гурӯҳанд, ки пойбанду ошиқу шефтаи лаҳҷаанд. Лаҳҷаи махлут, хароб ва вайрон ҳеҷ гоҳ асоси забони адабӣ қарор намегирад. Равиши забони адабӣ ҳамин аст, ки лаҳҷа ё забони гуфтории пойтахтҳо ва марказҳои илмиву фарҳангӣ дар меҳвар қарор мегирад. Пойтахти мо Душанбе аст ва ана ҳамин лаҳҷа дар оянда асос қарор хоҳад гирифт. Он лаҳҷаҳое ки имрӯз дар онҷо тоҷикӣ нест, онҳо дигар асос қарор намегиранд.”
Ва аммо аз забони аҳли Душанбе. Сюзанна Волден, як донишҷӯи амрикоӣ, ки ду сол дар донишгоҳи Эдинбурги Шотландия форсӣ омӯхта ва баҳори имсол барои такмили дониши забониаш се моҳро дар Душанбе ба сар бурдааст, мегӯяд, бештар аз фарқи байни забони адабӣ ва забони кӯча таккон хӯрда, хеле ба сахтӣ мутаваҷҷеҳи лаҳни бо русӣ хеле махлути ҳамсӯҳбатони тоҷикаш мешуд: “Ман бо устодони забони тоҷикиам ҳатман бо тоҷикии адабӣ сӯҳбат мекардам ва фикр доштам, ки дар Душанбе ҳам чунин аст. Лекин бо хонаводаи мизбонам ман бо забони форсии тоҷикии адабӣ сӯҳбат мекардам ва онҳо тоҷикии гуфторӣ ҷавоб медоданд. Фарқ зиёд буд. Махсусан, ки падару модари тоҷикиам ним русӣ ва ним тоҷикӣ сӯҳбат мекарданд ва ман, муттаассифона, ҳеҷ русӣ намедонам. Каме сахт буд. Ҳатто баъд аз 3 моҳ дар Тоҷикистон, вақте ки тоҷикиам хеле хуб шуд, фаҳмидани якдигар бо дӯстони тоҷикиам ҳамоно сахт буд.”
ПАДРУД, “Э”-И “ЭЛАК”?
Бо ин ҳол, Додхудо Саймуддинов, раиси кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, ки зимнан масъулияти назорат бар ҷараёни иҷрои қонуни нави забони давлатиро ҳам бар ӯҳда дорад, мегӯяд, иҷрои комили ҳама муқаррароти ин қонун солҳоро дар бар хоҳад гирифт.
Аммо ӯ мӯътақид аст, ки ин қонуни забон сарнавишти қонуни соли 1989-ро такрор намекунад ва дар рӯи коғаз нахоҳад монд.
Вале феълан рӯи коғаз тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикист, ки бояд аз ҷумла тарзи ҷадид ва, умедворем, дурусти навишту талаффузи ҳарфҳову садоҳое, чун “ӯ”-ву “э” ва аломати сактаро барои мо муқаррар хоҳад кард.