Дар Бадахшони Тоҷикистон паррандаи нодиреро пайдо кардаанд, табиатшиносон чизи зиёде доир ба он намедонанд ва дар дигар гӯшаҳои курраи Замин ҳам мушоҳида нашудааст.
Чаковаки дуруштнӯг бори аввал соли 1867 дар Тайиланд мушоҳида шуд ва баъдан соли 2006 охирин дафъа дар Ҳиндустон пайдояш карданд. Табиатшиносон солҳои тӯлонӣ дар орзуи пайдо кардани чаковаки дуруштнӯг буданд ва ба ин орзуи худ расиданд.
Дар се маҳалли Бадахшон зистгоҳ ва маҳалли тухмгузории ин паррандаи нодир кашф шудааст ва онро як табиатдӯстдори швейтсариягӣ пайдо кардааст.
Барои сӯҳбат доир ба ин паррандаи нодир ва олами бойи паррандаҳои Тоҷикистон Абдулназар Абдулназаров, табиатшиноси тоҷикро ба Маҷаллаи илму фанноварӣ даъват кардем ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки дар маҷмӯъ Тоҷикистонро чанд парранда макони зист интихоб кардаанд:
Чаковаки дуруштнӯгро чӣ гуна дар Тоҷикистон пайдо карданд? Аз худи Рафаэл Эйӣ, табиатшиноси швейтсариягӣ бишнавед, ки бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунад.