6 корманди пулиси афғон дар инфиҷоре кушта шуданд

Дар натиҷаи инфиҷори баме дар роҳ 6 корманди пулиси Афғонистон кушта шуд. Ин бам имрӯз дар вулусволии Хокрези вилояти Қандаҳор мунфаҷир шудааст. 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ин кормандони пулис савори мошин дар роҳ ба сӯи Қандаҳор будаанд. Касе масъулияти бамгузориро бар ӯҳда нагирифтааст, вале дар ин минтақа Толибон фаъол мебошанд.