Ҷамъияти тоҷикон дар Русия масҷид месозад

Тайи солҳои ахир дар бисёре аз шаҳру навоҳии Русия масҷидҳо бунёд шудааст

Дар шаҳри Комсомолск на Амуреи Русия нахустин хишти масҷиди ҷомеъ барои мусулмонҳо гузошта шуд, ки масоҳати он 4 ҳазору 800 метри мураббаъ аст. Мубтакирони сохтмони масҷиди ҷомеъ ҷамъияти тоҷикони муқими ин шаҳр аст.
Абулқосим Абдуллоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва раҳбари созмони динии «Нур», ки аз мубтакирони ин тарҳ аст, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт:



-Мо тақрибан 20 сол мешавад, ки дар шаҳри Комсомолск на Амуре кору зиндагӣ мекунем. Дар идомаи чор соли гузашта асноди ин масҷидро таҳия кардем ва маросими гузоштани нахустин санги пойдевори ин масҷид низ баргузор шуд.

-Дар ин шаҳре, ки мехоҳед масҷиди ҷомеъ бисозед, чӣ қадар мусулмонҳо зиндагӣ мекунанд?

-Дар шаҳри Комсомолск ҳудудан 350 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки аз ин ҳисоб тақрибан 30-35 ҳазори онҳоро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Вале дар ин ҷо бештар аз ҳазор мусулмони намозхон ҳастанд. Иншооллоҳ, масҷиди наве, ки бояд сохта шавад, барои зиёда аз 1400 нафар ҷой дорад.

Ширкати Тураҷонзода дар маросими гузоштани пойдевор

-Хабарҳое буд, ки дар маросими гузоштани пойдевори ин масҷид аз Тоҷикистон ҳам намояндагон ширкат доштаанд?

-Бале, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, ҳузур доштанд. Намояндаи идораи динии Русия Шайх Нафигулло Аширов, муфтии вилоятҳои Хабаровск ва Приморский Край Абдуло Ҳазрат, намояндагони губернатори вилояти Хабаровск ва намояндаи раиси ҷумҳури Чеченистон низ дар маросим иштирок карда, дар якҷоягӣ санги нахустини ин биноро гузоштанд.

-Ин масҷид аз кадом ҳисоб, манзурам, бо пули кӣ ва кай бояд сохта хоҳад шуд?

-Ин масҷид бояд дар ду соли оянда мавриди истифода қарор гирад. Баъдан, ин бино аз ҳисоби кӯмакҳои молии мусулмонҳои Русия сохта хоҳад шуд. То ин муддат бисёре аз бародарон ваъдаи кӯмак кардаанд ва аллакай баъзеи онҳо кӯмаки худро мерасонанд. Аз ҷумла, Ҳикматёр Иброҳимов аз Тоҷикистон 50 ҳазор хишт оварданд. Ҳамин тавр, бародарони доғистониву чечен ҳам ба ҳар васила кӯмаки худро мерасонанд.

Нахустин масҷид дар Комсомолск на Амуре

-То ин муддат мусулмонҳои Комсомолск дар куҷо намоз мегузоштанд?

-Масҷидҳо буданд, вале ба ном. Чунки ягон манзилро барои иҷора гирифта, мардум дар он ҷо намози худро мехонанд. Азбаски ин манзилҳои хурд буду наметавонист ҳамаи намозгузоронро дар худ ҷой диҳад, фикри пӯшидани ин бино дар миён омад. Чунки ҳоло дар Русия сафи намозгузорон зиёд шудааст. Ҳукумати шаҳр низ ин вазъияти моро дида, як порча заминро ҷудо кард. Онҳо низ бо ин кӯмаки худ дар тавсеаи дини ислом дар Русия саҳим шуданд.

-Яъне ки гирифтани замин барои сохтмони масҷид чандон мушкил набуд?

-Ба ҳар ҳол, тавре гуфтам, ба мо кӯмак карданд, то дар муддати се-чор сол тамоми ҳуҷҷатгузориҳои замин, нақшаи бинои масҷид ва ҳамчунин кашидани қубурҳои оби гарму хунукро ба анҷом расонем. Гузашта аз ин, мо аз маркази шаҳр барои пӯшидани масҷид заминро интихоб кардем. Заминҳо аз беруни шаҳр барои пӯшидани масҷид бисёр буданд, вале мо хостем, ки масҷиди ҷомеъ дар маркази шаҳр бунёд шавад.

-Шумо гуфтед, ки дар Русия намозгузорҳо зиёданд. Онҳо киҳоянд?

-Чӣ хеле медонед, ҳоло дар Русия шаҳрвандон аз кишварҳои Осиёи Миёна хеле зиёданд. Аз Тоҷикистон низ даҳҳо хонавода омада, дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Худи мусулмонҳои Русия — тоторҳо ва бошқирдҳо низ ҳастанд, иншооллоҳ.

Афзоиши намозгузорон дар Русия

-Вале сафи онҳое, ки рус ҳастанду ҳоло ба ислом гироиш доранд, то куҷо чашмгир аст?

-Бубинед, танҳо соли 2007 мо аз ҳисоби идораи динии Русия чор бародари рус, ки исломро қабул карданд, ба мадрасаҳои Қазон фиристодем. Соли 2008 саф зиёд шуда, ба 9 нафар расид. Соли 2009 11 нафар ва имсол бошад, 16 нафарро фиристодем. Дар ин ҷо бештар духтарони ҷавон исломро қабул мекунанд.

-Оё ба ҷуз шумо боз тоҷиконе ҳастанд, ки дар пайи сохтмони маҷсиду мадраса бошанд?

-Фарҳод Ҳазрат, бародари мо, ҳамзабони мо аст. Вай дар шаҳри Хабаровск масҷиди бузург сохтааст, мадраса дорад. Имомхатиби вилояти Тюмен, имомхатиби масҷиди шаҳри Комсомолск на Амуре Муқаддас Ҳазрат низ тоҷик ҳастанд. Ва дар ҳамин шабу рӯз дар вилояти Камчатка Домулло Наимҷон низ имомхатиб интихоб шуданд.

-Бархӯрди мақомоти Русия, кишваре, ки аксари кулли сокинонаш аз масеҳият пайравӣ мекунанд, бо мусулмонҳо чи гуна аст?


-Фақат як ҷумла мегӯям, ки агар ҳамаи кор қонунӣ ва ҳуҷҷатҳо бидуни иштибоҳ бошад, ҳич кас ҳич чиз намегӯяд.