Истеъмоли машруботи спиртӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон ахиран коҳиш пайдо кардааст. Бино ба иттилои Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон ин коҳиш назар ба соли гузашта дар ҳудуди 62 дарсад аст.
Галина Аҳмадхоҷаева, корманди масъули Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд: «Коҳиш ёфтааст. Барои мисол истеъмоли водка, ликер ҳудуди 62 дарсад, анвои коняк ҳудуди 76 дарсад коҳиш ёфтааст. Бубинед, мағозаҳо пури коняканд, харидор нест».
Коршиносон далели коҳиши истеъмоли машруботро ба се омил рабт медиҳанд.
Се омили коҳиши таваҷҷӯҳ ба арақ
Омили аввал ин коҳиши тавони харидории мардум ва гаронии дарёфти литсензия ё муҷаввиз барои фурӯши шароб мебошад, ки бинобар он, бахши аъзами мағозаҳо аз фурӯши машрутоби спиртӣ даст кашидаанд.
Омили дуввум, таъсири таълимоти маҳзабии исломӣ дар миёни мардум ва ба масҷидҳо гаравидани ҷавонон унвон мешавад.
Омили саввум, таъсири афкори мардумист, ки бовар доранд, нӯшокии спиртӣ ба саломатӣ зарар дорад.
Ислом - омили аслии коҳиши шаробхорӣ?
Маркази пажӯҳиши иҷтимоии Шарқ, ахиран, дар миёни мардуми Тоҷикистон роҷеъ ба нӯшидани пива ва ё оби ҷав таҳқиқотеро анҷом додааст.
Музаффар Олимов, раиси ин пажуҳишгоҳ мегӯяд: «Таҳқиқоте, ки мо анҷом додем, нишон дод, ки мардуми мо ба пиво он қадар майли зиёде надорад. Ва тибқи расму анъана низ ба шароб майли зиёде нишон намедиҳанд. Ва шоряд то андозае ин таъсири дин ҳам бошад».
Ҳикматулло Сайфуллозода, мудири маркази таҳлилии ҲНИТ мегӯяд, ки далели коҳиши истеъмоли машрубот таъсири масҷид, афкори мардум ва эҳтиром қоил шудан ба ормонҳои Ислом аст.
Улуғбек Маҳмадуллоев, як мағозадор дар маракзи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки падараш ҳоҷӣ шудааст ва дигар ба ӯ иҷозаи шаробфурӯширо намедиҳад. Бар изофаи ин, мегӯяд Улуғбек, худи шароб ҳам дигар хуб ба савдо намеравад, зеро ҷавонон бештар таваҷҷӯҳ ба масҷид доранд, то ба шароб.
Воқеъан дар чанд моҳи ахир, мақомоти марбутаи Тоҷикистон барои фурӯши машруботи спиртӣ дар мағозаҳо литсензия ҷорӣ кардаанд. Ва далели дигари коҳиши фурӯш дар он аст, ки на ҳамаи мағозаҳо имкони дарёфти литсензияро доранд.
Ва ба гуфтаи коршиносон вобаста ба Қонуни танзим низ дар маъракаҳо истифодаи машрубот коҳиш ёфтааст.
Аммо мардум чӣ мегӯяд?
Барои шунидани назари шаҳрвандон ва сокинони Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар мавриди ин масъала бо чанде аз он ҳо ҳамсӯҳбат мешавем.
- «Хай, ай ҳамин арақ ҳам безор шидан, фаҳмиданд, ки арақ зарар дора, кори дила суст мекуна, намехӯранд. Ҳозир мевагӣ мехӯранд».
- «Барои он намехӯранд, ки ҳозир ҳамин китоби «Қуръон»-а бисёр мехонанд, фаҳмидан, ки зарар дорад. Ҳами оилаҳо вайрон мешавад, аз ҳисоби чӣ, аз ҳисоби арақ».
- «Таъсири Ислом аст, ки кам шидаст арақхӯрӣ, охир ун арақ фоида надора, мехӯрӣ, яке бо ягон кас ҷанг мекунӣ, ягон каса мезанӣ».
- «Ҳар чизе, ки зиёд шуд, талабот ба ун кам мешавад. Ана ҳамин пур, ки ҳаст ҳиҷ кас намехӯраш».