Агар Тоҷиддини Муҳиддин замоне бо таронаи «Эй санам» дар Тоҷикистон даврони шӯравӣ ғул-ғула афканда буд, духтараш - Шабнам акнун мегӯяд, ба хотири бардоштани номи падар ва шод кардани равони вай ба саҳна омадааст.
Шабнами Тоҷидин мегӯяд, ҳанӯз аз хурдӣ тамринҳои падарро тамошо мекард ва ба оҳангҳояш гӯш медод. Вай ҳамеша мехост бо падар ҳамовозӣ кунад. Аммо ҳамеша аз вай орзӯи овозхон шуданашро пинҳон медошт. Зеро падараш пайваста мегуфт, ки овозхонӣ пешаи душвор аст ва на ҳар нафар тавони тай кардани ин пайроҳаи пурпечутобро дорад. Аммо ба гуфтаи Шабнам, марги падар ӯро ҳамчунон дилозурда кард, ки қарор дод ҳунари ӯро идома бидиҳад.
Бо гузашти 7 сол аз даргузашти падар, соли 2004 Шабнами Тоҷиддин ҳамчун овозхон зуҳур кард ва оҳанги «Хуморибача»-ро суруд. Ин оҳанг то як муддате дар сархати писандидатарин оҳангҳо қарор гирифта буд. Пасон алъбомаш рӯи кор омад ва як консерти ҳунарияш низ пешкаши мухлисон шуд. Баъдан Шабнам шомили гурӯҳи «Сипар»-и Вазорати умури дохилаи кишвар гардид ва то имрӯз дар ҳамин гурӯҳ фаъолият мебарад.
Аксари оҳангҳои Шабнам инъикосгари ҳаёти ӯст. Бештар аз ҷудоӣ ва ғаму ҳасрат мехонад. Дар танҳоӣ ягона писарашро ба воя мерасонад ва мегӯяд, то ҳадде кӯшиш мекунад ӯро аз дунёи мусиқӣ канор бигирад.
Шабнам нақшаҳои зиёд дорад. Мехоҳад ба Афғонистон сафар кунад, зеро ба гуфтай вай, дар он ҷо нисбати таронаҳои падараш Тоҷиддини Муҳиддин муҳаббати зиёд доранд. Ҳамзамон oрзӯи тасхири саҳнаҳои ҷаҳониро мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад