Таркиши 4,5 ҳазор бушкаи мум дар вилояти Хатлон

Хадамоти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, беш аз 4,5 ҳазор бушкаи мум дар 20 вагон, ки ахиран аз банди Узбакистон раҳо ва вориди вилояти Хатлон шудааст, дар истгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бар асари ҳарорати баланди ҳаво таркида ва рехтааст.
Саидҷон Ёдгорӣ, муовини раиси хадамоти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон, ба радиои Озодӣ гуфт, бушкаҳои мум бар асари ҳарорати баланди ҳаво об шуда, таркидаанд.

Маҳмад Мирзоназаров, сардори истгоҳи роҳи оҳани «Колхозобод», гуфт, ин вагонҳо дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ аз шаҳри Уфаи Русия ба қасди Тоҷикистон ба ҳаракат даромада буданд, аммо тайи 6 моҳи ахир онҳо дар қаламрави Узбакистон бидуни сабабе нигоҳ дошта мешуданд.

Нина Никитина, нозири тиҷоратии роҳи оҳани Хатлон, дар сӯҳбат бо Озодӣ иброз дошт, ки вагонҳои мум бояд дар шароити ҳавои сард вориди Тоҷикистон мешуд. Вай мегӯяд, ҳоло ки ҳаво дар ҷануби Тоҷикистон ва Узбакистон аз 50 дараҷа болотар аст, ҷониби Узбакистон пас аз об шудани мум ин вагонҳоро раҳо кардааст.

Дар ҳоли ҳозир 18 вагони дигари ҳомили мум дар ҳудуди Узбакистон боқӣ мемонад.

Масъулони "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар вилояти Хатлон мегӯянд, дар пайи ин таркиш вагонҳои ҳомили мум низ, ки моли ширкатҳои роҳи оҳани Қазоқистон ва Русия будаанд, зарар дидаанд. Ҳоло суоле боз мемонад, ки оё ин вагонҳоро бозпас қабул хоҳанд кард ё не. Айни ҳол соҳибони мол ягон даъво пеш наовардаанд, вале ҳаҷми хисороти расида қобили мулоҳиза унвон мешавад.

Мумҳои таркида моли ширкатҳои ҷопонии роҳсози мавсум ба "Dai Nipon" ва "Nipo" будаанд. Ин ширкатҳо масъулияти бозсозии роҳи автомобилгарди Колхозобод-Панҷи Поёнро бар ӯҳда доранд. Иброҳим Исломов, масъули ширкати «Nipo», мегӯяд, аз 13 вагони мутааллиқ ба ин ширкат, ки бояд моҳи март мерасид, имрӯз ҳамагӣ 8 вагон омадааст, ки онҳо низ об шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби таъхири вагонҳо тайи 4 моҳи ахир корҳои сохтмонӣ дар роҳи Қурғонтеппа-Панҷи Поён мутаваққиф шудааст ва нақшаи итмоми ин тарҳ тақрибан якуним моҳ ба таъхир хоҳад уфтод. Ҷаноби Исломов мегӯяд, агар масолеҳи сохтмонӣ сари вақт ба дасти мо мерасид, то имрӯз ширкати мо боз 10 километри дигар роҳро аллакай месохт.

Дар ҳоли ҳозир барои таҳқиқи сабабҳои ин қазия як комиссиюни махсус таъсис дода шудааст. Муовини раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов гуфтааст, пас аз таҳқиқи ҳодиса ин ширкат алайҳи Узбакистон шикоят хоҳад кард.