Испания қаҳрамони футболи ҷаҳон шуд

Дастаи мунтахаби футболи Испания ба дарёфти унвони қаҳрамони футболи ҷаҳон ноил шуд. Ин даста дар бозии ниҳоӣ дар дуввумин бахши иловагӣ бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Голландия пирӯз шуд. Бозӣ дар Ҷоҳаннесбург-пойтахти Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд. Ду қисми асосии бозӣ натиҷа надод ва қаҳрамони футболи ҷаҳонро қимси чаҳорум ё 15-дақиқаии дуввум муайан кард.