Дмитрий Медведев раисиҷумҳури Русия моҳи апрел қонуни наверо имзо кард, ки тибқи он дар маҳбас нигоҳдоштани муттаҳамон дар ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳангоми мурофиаи парвандаашон дар додгоҳ манъ мешавад.
Ин қарор барои бозаргонони Русия ки мегӯянд, боҷситонӣ ва иттиҳомоти тақаллубии кормандони интизомӣ беш аз ҳад шудааст, як навъ сабукӣ ва осоиш мебахшад.
Қиссаи як соҳибкори рус
Дар охири моҳи ҷорӣ Владимир Романов солгарди таъсиси ширкаташро ҷашн хоҳад гирифт. Корхонаи хурди ойлавие, ки ӯ 10 сол қабл ташкил карда буд, ба ширкати бузурге табдил ёфтааст, ки наздик ба 300 коргар дорад. Имрӯз ширкат хадамоти телефонҳои ҳамроҳ ва иҷораи дастгоҳҳои пардохти пулро таъмин намуда, дар саросари Русия даҳҳо намояндагӣ боз кардааст.
Бозаргони 34-солаи москвагӣ бо комёбиаш ифтихор мекунад ва ҳар як солгарди таъсиси ширкаташро таҷлил мекунад. Романов мегӯяд, ки соли ҷорӣ маросими ҷашн бо ҳашамати вижа баргузор хоҳад шуд:
“Хушбахтона ман метавонам 11-мин солгарди ширкатро таҷлил кунам. Рӯзи таваллуди худам 5 мартро ман дар шаҳри Можайск сипарӣ кардам, на дар тарабхона балки дар боздоштгоҳи қабл аз мурофиаи додгоҳӣ.”
Романов яке аз садҳо бизнесменҳои рус мебошад, ки бо иттиҳоми хилофкориҳои иқтисодӣ ҳар сол ба маҳбасҳо равона мешаванд. Ва мисли ӯ аксарият полис ва муфаттишони фасодзадаро дар ситонидани пул ва ё ба зури гирифтани ширкаташон муттаҳам мекунанд.
Албатта на ҳамаи тоҷирон бегуноҳанд. Аммо шумораи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи бозаргонон дар солҳои охир ба таври бесобиқа афзоиш ёфт ва бизнесменон маҷбуранд бар муқобили ба ном маъракаи густардаи боҷситонӣ ва тақаллубкории ходимони интизомӣ чора бубинанд.
Фасод дар моқомоти Русия
“Ҳамбастагии бозаргонӣ” - корхонаи ғайридавлатие, ки ҳуқуқҳои бозаргононро ҳимоят мекунад, аз аввали сол дар хиёбонҳои Маскав даҳҳо раҳпаймоиҳо ташкил кардааст. Яна Яковлева, раиси ин гурӯҳ, гуфт, ягон ҳафта дар Русия намегузарад, то ки ягон бозаргонро боздошт накунанд. Ӯ афзуд, ки ришваситонии мақомдорони расмӣ беш аз ҳад шудааст:
“Вазъ дар Русия то андозае тоқатфарсо гаштааст, ки бозаргонон бо тарси имкони боздошт ба сар мебаранд. Барои кормандони интизомӣ ин ба як навъ манбаъи даромад мубаддал гашт. Мисли конвеери корхона.”
Яковлева, ки худаш ҳашт моҳ пушти панҷараҳои маҳбас сипарӣ кардааст, иддао дорад, ки иттиҳомот сохташуда буд. Вай ҳуҷуми бераҳмонаи ниҳодҳои интизомиро ба бозаргонони кишвар саркубӣ арзёби мекунад. Бисёриҳо дар Русия бо ӯ ҳамфикранд.
Елена Лукянова, профессори ҳуқуқ аз Донишгоҳи давлатии Маскав, мегӯяд, “ин роҳи фаъолияти низоми интизомии мо бо пуштибонии хадамоти амниятии ФСБ мебошад. Ин равандро мешавад дар тамоми кишвар мушоҳида кард ва онро аллакай саркӯбии ҷиноии қонунӣ меноманд. Ин давлат дар дохили давлат аст. Ин низом кайҳо аз аҳоли канда шуда бар зидди ин аҳолӣ амал мекунад. Аммо акнун ин низом ҳатто аз ҳукумати федералӣ ҷудо шудааст.”
Фишору тазйиқи бозаргонҳо
Ба тозагӣ дар маҳбас зани бозаргон Вера Трифонова ва вакили дифоъ Сергей Магнитский, ки вазорати корҳои дохилиро дар фасод муттаҳам мекард, даргузаштанд. Ҳардуяшон ҳам ҳангоми боздошти қабл аз мурофиаи додгоҳи бо сабаби маҳрум шудан аз муоинаи тиббӣ ҳалок шудаанд.
Дар тарс аз сарнавишти ҳамсон дар боздошгоҳҳои тоқатфарсои Русия баъзе бозаргонон ба чораҳои бесобиқа даст мезананд
Юрий Финк бизнесмене, ки дар тақаллубкорӣ муттаҳам мешавад, аз тариқи интернет ду бор дар моҳи апрел ва май бо паёми видеоӣ ба Медведев муроҷиат кардааст.
Финк мақомоти кумитаи бозҷӯии вазорати корҳои дохилиро дар кӯшиши зери идора даровардани ширкаташ муттаҳам кард.
Агар гуноҳаш тасдиқ шавад, Финк бояд то 10 солро дар зиндон сипарӣ намояд. Дар муроҷиаташ ӯ гуфт, метарсад, ки агар маҳкум шавад, ҳаётааш дар хатар мемонад:
“Ман медонам, ки сарнавиштам метавонад мисли кушташудагон - Сергей Магнитский ва Вера Трифонова бошад. Ман намехоҳам дар ин ҷараён хомӯшона таҷрибаи онҳоро такрор кунам. Ман мехоҳам ҷаллодони худро номбар кунам. Ман мехоҳам номи онҳо ба омма маълум шавад ва баъд аз марги ман ба таҳқиқ ягон зарурате намонад.”
Беэътиноии Кремл
Кремл аз мушкилиҳои корхонаҳои хурд ва миёнаҳаҷм огаҳ аст аммо бо вуҷуди ин барои ҳалли ин мушкил қариб ягон кореро анҷом надодааст.
Президент Медведев ваъда дод, ки бар муқобили фасод дар пулис мубориза хоҳад бурд, ба бозаргонон ёрӣ ва иқлими сармоягузории кишварро тағийр хоҳад дод. Моҳи апрел вай қонуни навро ба имзо расонд, ки дар маҳбас нигоҳ доштани муттаҳамон дар ҷиноятҳои иқтисодиро қабл аз оғози мурофиаи додгоҳӣ манъ мекунад. Бозаргонон ин гоми президентро истиқбол намуда онро қадам дар самти дуруст арзёбӣ мекунанд.
Муфаттиш ё ғоратгар?
Барои Владимир Романов қонун дер кард. Ба тозагӣ вай бо пардохти гаравпулӣ ба озодӣ баромад. Баъд аз ҳафт моҳ дар маҳбас вай сипосгузор аст, ки метавонад дар манзилаш бо хешовандонаш оғози мурофиаи додгоҳро мунтазир шавад. Агар додгоҳ ӯро дар тамоми иттиҳомот аз ҷумла фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ва шустушӯи пул гунаҳкор ҳисобад, ӯ 32 солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард. Ҳатто боздошти корманди бозрасӣ барои ситонидани пул аз ҳамсараш ба бознигарии парвандааш наовард. Бозоргон ҳамоно тамоми иттиҳомотро рад мекунад.
Романов иддао дорад, ки ҳангоми омадани муфаттишон ва полис аз дафтари кориаш наздик ба 300 ҳазор доллари амрикоӣ рабуда шуд. Ба гуфтаи вай, барои пинҳон кардани дуздӣ пулис камераҳои амниятиии корхонаашро аз кор баровард. Ӯ афзуд, ки чанд ҳафта баъд аз боздошт бозрасон ба вай пешниҳод карданд, ки бар ивази миқдори бузурги пул Романовро озод мекунанд. Аммо баъд аз гирифтани посухи рад бозҷӯён ба таҳдиди ҳамсараш Маргарита шуруъ намуданд.
Онҳо таҳдид карданд, ки Маргаритаро низ ба зиндон мепартоянду фарзандашро ба ятимхона месупоранд. Маргарита рози шуд ва дар ивази раҳоии Романов ба онҳо 400 ҳазор доллар пардохт кард аммо бозрасон ваъдаашонро иҷро накарданд.
Муфаттишон 500 ҳазор доллари иловагӣ талаб намуданд ва Маргарита ба вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кард. Яке аз бозрасони фасодзадаро боздошт карданд аммо вазъи Романов боз ҳам сангинтар шуд. Вайро ба маҳбаси дигар интиқол дода ба ғурфаи танг ҳамроҳ бо ҷинояткорони ашадӣ ҷой доданд. Имруз Романов мегуяд ки худро хушбахт меҳисобат чунки тавонист ҳадди ақал то оғози мурофиааш дар додгоҳ ба озодӣ барояд.