- Ҳарчанд Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам, дар номаш ҷонам, мўъҷизоти зиёде дорад, вале айни ҳол аз дасти бандагонаш коре намеояд,- Мулло аз сари болини бемор хеста ба назди ҳамдеҳагонаш, ки дар берун интизорӣ мекашиданд, баромад.
Ҳасанбой, ки ҳоло бистарист, дар зиндагиаш... э вай... дар вақти зинда буданаш... (ҳамин забони мо ҳам дар номаш садқа хаму печи бисёре дорад)... яъне дар ҳаёт, дар зиндагӣ, яке аз шумхабарони беҳтарини водӣ ба шумор мерафт. Мардум ба ў «Облнаҳс» лақаб гузошта буданд, ва кўшиш мекарданд, ки ҳеҷ гоҳ бо вай рўбарў назананд. Вале имрўз... имрўз чи кор кунанд, ки муллояшон ба онҳо гуфтааст:
«Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст»... Бинобарин, ҳама чун як тан, ба аёдати ҳамқишлоқиашон Обулнаҳс... вай чи буд, Ҳасанбой омада дар беруни дарвоза истодаанд ва дар дил умедворанд, ки насиб бошад, ҳамин рўз ё рўзи дигар ў «пой дароз» карда мардуми деҳро аз ранҷи худ озод менамояд...
- Ҳар касе ба Ҳасанбой гуфтание дошта бошад, беҳтараш ба занаш гўяд... Дигар ўро безобита накунед. Ман аллакай дар болои сараш чанд порсия ёсин хондам... Ба хонаи духтараш одам фиристодам, лекин вай гуфтааст, ки аз дастаи лампочкафурўшаку саҳмияфурўшакҳо ба берун баромада наметавонад ва агар дарашро кушода аз хона барояд, ин хабаргирии падари... умуман падараш ба вай хеле қимат меафтад... Писараш кайҳо аз хона гурехта рафтаасту чанд сол аст, ки аз вай хату хабаре нест... Ҳарчанд чанд соли охир ба хонаи раҳ... Ҳасанбой пои одами наафтода бошад ҳам, лекин... вай аз қавми худамон. Мардумро огоҳ кунед,.. дур нагарданд. Кӣ медонад одамӣ... Мумкин ҳамин рўз то пешин...
Марди ношиносе ноаён ба хона даромадани шуд, вале мулло садди роҳ гашт.
- Ҳой, меҳмон, сабр кун, ту кистию ба куҷо саросемаи?
- Ман? Ман дўсти Ҳасанбой...
- Дурўғ нагўй, Ҳасанбой дўст надорад.
- Дорад. Якто.
- Ҳм... Яккаву ягона...
- Бале, ҳамон дўсти ягона ман ҳастам ва ҳоло ба ҳолпурсии дўстам Ҳасанбой омадаам.
- Ҳолпурсиро акнун ба ҷои ту пурсандаҳо мекунанд. Ташвиш накаш. Биё ҳамроҳи мо шину ягон пиёла чои ҳамсояи Ҳасанбой овардаро гир.
- Чӣ, Ҳасанбой аз гап мондааст?
- Биниаш ҳам теғ додааст.
- Гўшҳояш чи?
- Ман дар болои сараш се бор Ёсин хондам. Намедонам шунид ё не...
- Вай Ёсину сухани некро ҳанўз дар вақти сиҳатиаш намешунид... Вай аз он одамоне нест ки беҳудаю баҳуда мурдан гирад. Ман доруи ҳақиқии дарди ўро овардаам ва ҳозир шумо шоҳиди он мешавед, ман дар як они воҳид ўро ба по бардошта мемонам.
Ҳама ба хона даромаданд. Ҳасанбой болои бистар хобу дар рўяш ранг нест.Мурдаи тапа тайёр. Меҳмон ба бемор як нигоҳ карду даҳонашро ба гўши Ҳасанбой наздик бурда пичирос зад:
- Ҳасанбой, ҳасти? (Ҳасанбой хомўш, нафасаш намебарояд). Хабарҳои охиринро шуниди?.. Гови зотии Мурод аз ҷар парида мурдааст. Ҳамроҳи гўсолааш. Акнун Мурод на гову гўсола дораду на шири фурўшӣ. (Гўшҳои Ҳасанбой ҷунбида ба рўяш сурхӣ дамид). Хулоса, кораш тамом! (Қафаси синаи бемор ба пасту баландшавӣ сар кард). Зани Ҳоҷӣ Курбон: «Ман ҳам ба Ҳаҷ меравам» гуфта аз шавҳараш пул гирифтаасту лекин хабараш аз Екатеринбург омадааст. Дар ҳамон ҷо пивофурўши мекардааст. (Нафасгирии Ҳасанбой мунтазам шуд). Вай чизҳои дигар ҳам мефурўхтаасту лекин ман... фаромўш кардам. (Ҳасанбой оҳиста чашм кушод). Хари Илҳоми пакана хари Шодиро хоида қариб куштааст. Акнун Шодӣ на алаф оварда метавонаду на ҳезум. Насиб бошад ин зимистон худаш аз хунукӣ мемураду молаш аз гуруснагӣ. (Ҳасанбой кўрпаро як тараф партофта дар болои ҷогаҳаш хеста нишаст). М-м... Меҳмон андаке саросема шуда монд... Духтарат аз хона баромада пакети асосии ГЭС-и Роғунро харидааст! Акнун вай хўҷаин аст.
- Ваҳ! - Ҳасанбой аз ҳуш рафта боз ба ба болои бистараш афтод.
- Ҳамин ҳазлатон ба кӣ лозим? Тезтар ягон шумхабари дигар ёфта моро аз гўрковӣ халос кунед,- гуфт мулло бо қаҳр,-мардум аз пешин намонанд.
- Э-э... ман шўхи кардам! -саросемавор беморро ба худ овардани шуд меҳмон,- вай духтари ту пули хок дорад?! Баъди шавҳараш аз хона гурехтан, саги бамаъни тарафи вай туф намекунад. Ё насиб дар ҳамон хонааш аз гуруснаги мурда меравад... Воқеан саги Аҳмад девона шуда пои соҳибашро газидааст. Акнун агар дар атрофи нофи Аҳмад чил укол назананд вай ҳам девона шуда мемурад...
Як дам сабр кун,- аз ҷояш бардамона хест Ҳасанбой,- биёед ҳамаамон ба рўи кат бароем. Ман рафта аз боғи ҳамсоя як табақ ангури ҷавз дуз... гирифта биёрам. Надода ҳам бинад. Ман дарҳол ба ҷои даркорӣ хабар медиҳам... Як дам сўҳбат кунем. Ин дўсти ман хабари хуши бисёре дорад... Охир дарди одамро одам мегирад...
Вай табақи калонеро гирифта сурудеро замзамакунон ба тарафи боғи ҳамсоя рафт.
- Мўъҷиза,- гуфтанд ҳамқишлоқиён ва бо даҳони воз аз паси Ҳасанбой нигоҳ карда монданд.