Вакилони порлумони Аврупо пешниҳод кардаанд, ки дар саросари Иттиҳоди Аврупо пӯшидани бурқа ё ҳиҷоби ниқобдор манъ шавад. Нахустин намунаи маъни он аз тариқи тасвиби қонун чанде пеш дар Белгия иттифоқ афтод ва ҳоло чунин тарҳ дар Фаронса мавриди гуфтугӯи вакилони порлумони ин кишвар аст.
Шабаҳе дар Аврупо гардон аст, шабаҳи ҳиҷоб...
Нахустин шуда порлумони Белгия зуҳури занони бурқапӯшро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард. Фаронса дар садади тасмимгирист ва баҳси ҳиҷоб дар Испания низ тадриҷан ба авҷ мерасад. Чанд вакили порлумони Аврупо дар аввали моҳи майи соли равон пешниҳод карданд, ки пӯшидани ҳиҷоб дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Аврупо манъ гардад.
Муаллифони тарҳ ва онҳое, ки аз он пуштибонӣ мекунанд, мегӯянд, бурқа хилофи арзишҳои мардуми Аврупо ва зидди ҳуқуқи занон аст. Вале мухолифони тарҳ бар инанд, ки баракс манъи он хилофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, яъне яке аз ормонҳои бунёдии Аврупо мебошад.
Таҳоҷуми ҳиҷобӣ?
Вакили порлумони Белгия, Ҷорҷ Далеман рӯзи қабули қонуни манъи ҳиҷоб аз минбари ин порлумон гуфт, "замоне занони ҳиҷобпӯшро асосан дар назди меҳмонсароҳои бузург медидем. Инҳо асосан сайёҳоне буданд, ки аз шоҳигариҳои сарватманди ҳошияи Халиҷи Форс ба тамошо омадаанд."
Далеман меафзояд, "имрӯз занони ҳиҷобпӯш дар ҳама ҷо, дар Авеню Луӣ ва тамоми Бруссел дида мешаванд. Шумораи онҳо дар чанд сол аз 10 то 20 баробар бештар шуд."
Бо иттифоқи оро пазируфта шудани қонуни манъи бурқаро Далеман баёнгари хостҳои ҷомеа номид ва гуфт, ҳарчанд ҷомеаи ғарбӣ одати деринаи таҳаммулпазирӣ дар баробари дигаронро дорад, чунин ҳолатро қабул карда натавонист. Вакили дигари порлумони Белгия, Барт Сомерс, бурқаро "зиндони сайёр" номид.
Он чист?
Бурқа порчаи матоест, ки занони мусулмонро аз сар то пой мепӯшонад ва дар баробари рӯйи онҳо пардае нафис ё тӯре дорад, ки ниқоб номида мешавад. Шаклҳои дигари бурқа бо номҳои ҳиҷоби комил ва чодар низ ёд мешавад.
Рӯҳонии тоҷик, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, манзури қонунгузорони аврупоӣ бештар ниқоб аст, ки чеҳраи занонро мепӯшонад ва ҳувияти онҳоро номаълум боқӣ мегузорад:
"Ниқоб ин либсо ё порчаи матоест, ки рӯйро мепӯшонад. Ба истиснои чашм ва аммо баъзеи онҳо ингуна аст, ки ҳатто чашм ҳам намудор намешавад. Аз дохил берунро мебинанд, аз берун чашм намудор намешавад. Дар ҳоли ҳозир, ба фикри ман ва то ҷое ки ман маълумот дорам, Аврупо ба муқобили ниқоб мебориза мебарад, на ба муқобили ҳиҷоб. Аммо, албатта, ба фикри ман, баъд аз ниқоб сипас ба ҳиҷоб хоҳад гузашт."
Бо вуҷуди ин ҷаноби Тӯраҷонзода мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд манзури қонунгузорони аврупоӣ ҳарчанд зоҳиран ниқобро ҳадаф гирифтаанд, худи ҳиҷоб аст, ки яке аз рамзҳои ислом мебошад.
Рамзи динӣ ё сиёсӣ?
Аммо муаллифи тарҳ, раҳбари Ҷунбиши ислоҳоти Белгия, Даниел Баскилейн гуфт, "бурқа ягон рамзи динӣ нест, балки рамзи сиёсии мухолиф ба арзишҳои бунёдӣ ва умумибашарист."
"Ман фикр мекунам, бурқа ё ниқоб рамзҳои динӣ нестанд. На ислом ва на "Қуръон"-у сунна пӯшидани онро талаб намекунанд. Барои ман ин як рамзи сиёсӣ ва идеолужик аст. Ин як рамзи итоати зан ба мард аст."
Ҳатмӣ будани сатр дар ояти 31-и сураи Нур, дар "Қуръон" ба ин шакл омадааст:
“...маҳкам кунанд гиребонҳои худро ба рӯймоли худ магар ҷоиз аст дидани ин мавозеъ ба шавҳарони онҳо ё падаронашон, ё падари шавҳар ё писарони худи занҳо, ё писарони шавҳари онҳо ё бародарону писарҳои бародарони он занҳо ё писарони хоҳаронашон ё ба заноне ки мисли худашонанд ё ба канизону ғуломони худ ё ба туфайлиёне, ки соҳиби шаҳват набошанд аз мардон ё тифлоне ки ҳанӯз огоҳӣ надоранд бар шармгоҳи занон.”
Ҷарима барои ҳиҷобпӯшӣ
Бино бар қонуни нави Белгия зоҳир шудан дар мазҳари ом бо бурқа ё ҳиҷоб сабаби ҷаримае аз 15 то 20 евро ё ҳабси муҷрим ба муддати аз 1 то 3 рӯз хоҳад буд. Аммо то кунун дар бораи истифодаи ин амри қонун хабаре нарасидааст. Теъдоди эҳтимолии занони бурқапӯш дар Белгия ночиз аст.
Интизор меравад, ки қонуни Фаронса, ки дар ин ҷо зиёда аз 5 миллион мусулмон ба сар мебаранд, шадидтар хоҳад буд. Чунончӣ пешниҳод шудааст, барои доштани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 15 000 евро ҷарима пардохта шавад ва ё муҷрим 1 солро дар маҳбас ба сар барад. Аммо дар Фаронса ҳамраъйии комили вакилон, онгуна ки дар Белгия ба мушоҳида расид вуҷуд надорад. Ва Шӯрои давлатии Фаронса низ ин тарҳро зери шубҳа гузоштаву онро мояи ихтилоф бо қонуни асосии кишвар номидааст.
Созмони Афви Байнулмилал аз вакилони Фаронса даъват кард, тарҳро рад кунанд. Намояндаи ин созмон Ҷон Далҳюзин дар ин бора ба Радиои Озодӣ чунин гуфт:
"Афви Байнулмилал мӯътақид аст, ки манъи ҳиҷоби комил дар ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ он занони мусулмонро, ки озодона ва ба ихтиёри худ ин пӯшишро интихоб мекунанд, аз ҳуқуқ ба озодии баён ва озодии дин маҳрум мекунад. Ба ин сабаб аз вакилони фаронсавӣ даъват мекунем, ки ин пешниҳоди ҳукумати Фаронсаро рад кунанд."
Моҷарои ҳиҷоб дар Испания
Дар Испания ҳиҷоб дар ду моҳи охир ба моҷарои махсусе рӯбарӯ гашт. Порумони ин кишвар дар ҳоли омода кардани тарҳи манъи он аст, вале агар порлумони минтақаии Барселонаи ин кишвар чунин тарҳро ба тасвиб расонд, порлумони минтақаии Каталония онро комилан рад кард. Дар ҳоле ки ду вакили ин порлумон чунин тарҳро пешниҳод карданд, аксари аъзои порлумон аз баррасии он худдорӣ кард ва зимни як қоидаи маъмурӣ, пӯшидани бурқаро дар биноҳои ҳукуматӣ манъ карду халос. Порлумонҳои маҳаллии бархе аз шаҳрҳои Испания, баракс қонуни манъи пурраи бурқа ва ниқобро ба тасвиб расонданд.
Бо назардошти ин ҳолати дарҳаму барҳамӣ порлумони умумии Испания акнун мехоҳад, зимни қонуни нави озодии дин, ниқобро дар саросари мамлакат мамнӯъ эълон намояд.
Таҳлилгарон мегӯянд, аслан, ҳиҷобу ниқоб дар Испания якҷо бо мафҳуми озодиҳои мазҳабӣ ва дар Белгия якҷо бо муҳоҷират ба парчамҳои интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд. Ин аст, ки агар дар Барселона бо сабаби кам будани интихобкунандагони мусулмон тарҳи манъи ниқоб пазируфта шуд, дар Каталония, ки аҳолии мусулмонаш бештаранд, вакилон аз тасвиби тарҳ худдорӣ карданд.
Баҳси рӯсарӣ дар Тоҷикистон
Дар ин байн, наметавон бархӯрди манфии мақомоти Тоҷикистонро ба ҳиҷоб ё сатри исломӣ дар кишвар нодида гирифт, ки намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон онро як масъалаи ҳуқуқӣ медонанд, ки зери фишори мақомот ранги сиёсӣ мегирад. Соли 2007 ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон манъ гардид. Бахтиёр Насруллоев вакили мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқи занон мегӯяд, ин дастур хилофи Қонуни асосии Тоҷикистон аст:
"Бо фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабу донишгоҳҳо рафтани духтарон бо ҳиҷоб манъ шудааст. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин фармон ғариқонунӣ ва ғайриконститутсионӣ аст. Чунки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд кафолати озодии виҷдонро додааст. Тибқи он ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ин ё он динро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад. Аз ин лиҳоз фармони вазири маорифи Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро поймол мекунад."
Фишор ба рӯсарӣ, ки ба қавли Насруллоев онро ҳиҷоб гуфтан ҳам мушкил аст, сабаби вокуниши баракс, яъне бештар шудани шумораи ҳиҷобпӯшон ва зуҳури ниқоб дар кишвар гардид. Коршиносон тахмин мезананд, ки ин масъала дар Тоҷикистон дар оянда беш аз пеш сиёсӣ хоҳад шуд.
Коршиноси умури Аврупо Фернандо Наварро мегӯяд, барои Испания ин талошҳо натиҷаи баракс хоҳанд дод, зеро амалан ниқобпӯшон дар кишвар зиёд нестанд ва масъаларо аҳзоби хурди дастиростӣ дар пешорӯи интихобот доғ кардаанд ва ҳукумати сарвазир Запатеро мефаҳмад, ки ин баҳс ба тундравтар кардани гурӯҳҳои хурди исломӣ сабаб мегардад.
Мубориза бо ислом?
Рӯҳонии тоҷик, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ҳарчанд имкон дорад, ки талошҳои зидди ҳиҷоб дар ҳар яке аз кишварҳои Аврупо ангеза ва заминаҳои хоси худро дошта бошад, вале ба сурати умум бардошт ин мешавад, ки кишварҳои Аврупо ба ҷодаи мубориза бо ислом ва нуфузи он пой гузоштаанд:
"Аз нигоҳи ман ин мубориза ба муқобили дин аст. Воқеан дар Аврупо дин рушд кард, дини ислом ба таври васеъ паҳн шуд. На танҳо намояндагони гурӯҳҳои муҳоҷир, балки мардуми маҳаллии худи Аврупо, чӣ ҳолландисту чӣ олмонӣ, чӣ фаронсавиҳео, ки аслашон фаронсавист, яъне аврупоӣ ҳастанд, ба ислом рӯ оварданд. Бино бар ин исламофобия, яъне исломбадбинӣ шурӯъ шудааст. Имрӯз чӣ фарқ дорад, ки дар Ҷумҳурии исломии Эрон пӯшидани либоси аврупоиро барои занон ва зуҳури онҳоро дар хиёбонҳо манъ карданд ва ҳамин корро Аврупои демократӣ, либералӣ, дар асри 21 шурӯъ кардааст барои татбиқаш ва намегузорад, мусулмонон бо либоси динияшон, бо либоси миллияшон дар хиёбонҳои Аврупо гаштугузор кунанд."
Ҷаноби Тӯраҷонзода бар ин аст, ки баҳси манъи ҳиҷоб дар кишварҳои аврупоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ барои ҳусни тафоҳум байни Ғарб ва ислом хидмат намекунад. Баракс, мегӯяд, ӯ ин талошҳо сабаби сӯистифода ва ба гуфтаи ӯ "радди феъл" дар олами ислом хоҳанд шуд. Иттифоқан, вазири умури хориҷии Фаронса, Бернар Кушнер ҳам гуфтааст, манъи ҳиҷоб дар кишвараш вокуниши манфии давлатҳои исломӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Миср ва Покистонро ба бор хоҳад овард. Вале муаллифони тарҳ гуфтаанд, набояд ба пешниҳоди онҳо аз даричаи дин нигарист, балки аз равзанаи ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи занон, арзишҳо ва фарҳанг ва ҳамчунин амнияти ҷомеа.
Дар Фаронса ин ақида низ мавҷуд аст, ки манъи бурқа ба ҷои ҳамоиши ҷомеаҳои мусулмон бо кулли ҷомеа ба инзиво ва тундравии онҳо сабаб мегардад. Аммо дар Фаронса мусулмононе низ ҳастанд, ки куллан бурқа ва махсусан зуҳури онро дар Аврупо ноҷоиз мешуморанд. Дар Испания бархе аз ҷомеаҳои мусулмон гуфтаанд, худ бо бурқа мушкилот доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад