Интизориҳо аз нашри аудити ширкати Талко, вокунишҳо ба изҳори назари Яҳё Ҳиндӣ, имомхатиби масҷиди Ҷорҷтоми Вошингтон ва ҳукми ду фарзанди вазири пешини ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аз мавзӯъҳои ин ҳафтаи нашрияҳои чопи Душанбе аст.
Хулосаи бозрасии Талко
«Азия-плюс» дар як сӯҳбат аз Гавин Стоддарт, масъули ширкати Мур Стефенс, ки бозрасии ширкати алюминиюми тоҷикро анҷом додааст, дар бораи нашри натиҷаи ин бозрасӣ пурсидааст. Стоддарт гуфтааст, онҳо охирин масоил дар мавриди ширкати Талкоро баҳс мекунанд ва қарор аст, дар охири моҳи июл хулосаи бозрасӣ интишор ёбад.
Хабарнигори «Азия-плюс» кӯшидааст ҳамчунин ба суоли ин ки ширкати Талко дар баҳси додгоҳияш дар додгоҳи Лондон чӣ қадар маблағ сарф кардааст, посух ҷӯяд, вале масъули ширкати Мур Стефенс гуфтааст, ҳамаи арқом дар хулосаи онҳо оварда хоҳад шуд. Ин нуктаро Шералӣ Кабиров, раҳбари молии ширкати Талко низ таъйид кардааст, аммо гуфтааст, хулосаи ин бозрасӣ «сенсатсия» надорад.
Радди даъвои Ҳиндӣ
Изҳори назари Яҳё Ҳиндӣ, имомхатиби масҷиди Ҷорҷтоми Вошингтон, ки тӯли чанд рӯз аз Тоҷикистон боздид анҷом додааст, дар бораи ин ки сатру риш нишони мусулмонӣ нест ва се дини бузург - ислом, масеҳият ва яҳудия бояд як шаванд, баҳсҳоеро дар ҷомеаи мусулмони Тоҷикистон барангехтааст.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, дар сӯҳбаташ ба ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар ин бора гуфтааст, ки сатр ҳукми қуръонӣ аст, касе онро рад мекунад, аз ислом хориҷ мешавад. Вай ҳамчунин риш монданро суннат дониста, пайравӣ аз амали паёмбари ислом донистааст.
Нашрияи «Фардо» низ ин ҳама иддаои оқои Ҳиндиро рад карда, сӯҳбати ӯро номафҳум хондааст, ки метавонад ҳар хонандаро раҳгум занонад.
Сӯъистифода аз акси рӯҳониён
Дар ҳамин ҳол, «Пайкон» аз нашри акси рӯҳониёни барҷастаи тоҷик, аз ҷумлаи Эшони Маҳмуд, Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ арзи норизоиятӣ кардааст. Муаллифи ин матлаб навиштааст, ки нашрияҳо ба ҷойи ин ки мавзӯи доғи рӯз ва барои сокинони кишвар муҳимро ба баррасӣ бигиранд, баръакс барои ҷалби хонандагони худ аз аксҳои ин рӯҳониён истифода мекунанд, ки ҳар кадоме мурид ва ҷонибдору мухлис доранд.
«Пайкон» навиштааст, нашри пайвастаи акси рӯҳониён метавонад ба ыойи ин ки нуфузи онҳоро тақвият бахшад, баръакс, обрӯи онҳоро поин бубарад.
Масъули ҳукумат ё фиристодаи Худо?
Баъзе аз ҳафтаномаҳои чопи Душанбе ба мавзӯи шахспарастӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дахл кардаанд. Аксари ин нашрияҳо бо ишора ба таҷлили ҳафтодумин солрӯзи милоди Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, ки бо нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи иқтисодии Авруосиё мусодиф омад, ин мавзӯро ба баҳс гирифтаанд.
«Озодагон» навиштааст, “аксарият дар рӯзи мавлуди кадом як президент доир кардани нишастҳои расмӣ ё ғайрирасмии созмонҳои минтақаиро қабул надоштаву мегӯянд, ки аз он бӯйи шахспарастӣ меояд.»
Дар ҳамин маврид, зери сарлавҳаи «Фиристода» нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - «Наҷот» низ матлаберо нашр карда, аз он дар ташвиш шудааст, ки телевизионҳои тоҷик ҳамчунон дар ботлоқи тавсифи мансабдорон ғӯтидаанд, ки ҳатто як масъули давлатиро ба унвони фиристодаи Худо ном бурдаанд. Дар ҳоле ки тибқи навиштаи нашрия, «худованд танҳо паёмбаронро мефиристод».
Ва... Қиёмат — 2012?
Ҳамчунин баъзе аз нашрияҳо ҳукми фарзандони Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои изтирории Тоҷикистонро нашр кардаанд. Аз ҷумла, «СССР» бо нашри акси Мирзо Зиёев, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, Сангак Сафаров ва марҳум Маҳмадназар Солеҳов, навиштааст, ки «Зиндон: навбати фарзанди кист?»
«Фараж» бошад, ин ҳафта матлаберо дар бораи сарнавишти ду сокини ноҳияи Исфара чоп кардааст, тӯли панҷ сол дар зиндони Гуантанамо ба сар бурда, пас аз бозгашташон ба Тоҷикистон мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта, ба 17 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Ҳуқуқшиносон гуфтаанд, ки бояд парвандаи ин ду тан бознигарӣ ва мӯҳлати ҳабси онҳо камтар шавад. Волидони ин ду тан, ки ахиран бо Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дидор кардаанд, гуфтаанд, уммед аст, ки парвандаи фарзандони онҳо бозбинӣ гардад.
Ҳафтаномаи «Азия-плюс» дар як матлаби дигар ба мавзӯи боздошт ва бозгашти вагонҳои соҳибкорони тоҷик аз қаламрави Узбакистон пардохтааст. Зери сарлавзи «борҳо меоянд, аммо нимахолӣ меоянд» хабарнигорони ин нашрия гуфтаанд, ки дар Узбакистон молҳои на танҳо соҳибкорони тоҷик, балки соҳибкорони хориҷӣ низ ғорат мешавад. Як масъули роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ин дуздӣ дар гумруки Узбакистон сурат мегирад ва онҳо назорати комил аз болои ин ҳамаро надоранд.
Ва «Тоҷикистон» бо такя ба пешгӯии ғайбдононну пешбинии донишмандон гуфтааст, ки рӯзи 21-уми декабри соли 2012 таҳаввулоти бузурге заминро интизор аст. Нашрия мегӯяд, мувофиқи тадқиқоти донишмандон соли 2012 замин ба хатти Роҳи Каҳкашон медарояд.