Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, барои коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон 25,4 миллион доллар ба ин кишвар кумак кунад. Созишномаи кумакро раҳбари минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Мото Канишӣ ва вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов имрӯз дар Душанбе имзо карданд.
Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Тоҷикистон, дар маросими имзои ин созишнома гуфт, ин маблағи грант барои идомаи ислоҳот ва роҳандозии барномаи давлат барои поён овардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар истифода хоҳад шуд. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба буҷаи кишвар рехта хоҳад шуд.
Мото Канишӣ пас аз имзои ин санад бо раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дидору гуфтугӯ дошт, вале вай ҳозир нашуд аз натиҷаи гуфтугӯҳо бо хабарнигорон сӯҳбат кунад.
Ин чорумин грант ва ё кумаки билоивази Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии барномаҳои ислоҳотиии Тоҷикистон ва коҳиши камбизоатӣ аст. Қаблан, моҳи маи соли ҷорӣ, Бонки ҷаҳонӣ стратегияи нави ҳамкориаш бо Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013-ро баррасӣ кард, ки ироаи 140 миллион доллар тавассути Иттиҳодияи рушди байналмилалӣ ва 62 миллион доллари дигар аз тариқи сандуқҳои дигари молиро дар назар дорад.
Кумакҳои беназорати Бонки ҷаҳонӣ
Вале саволи матраҳ ин аст, ки Бонки ҷаҳонӣ масрафи кумакҳои ироакардааш барои коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистонро контрол мекунад ё не? Ахиран Киара Бронкӣ, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар аз посух ба ин суоли радиои Озодӣ худдорӣ карда буд.
Шодӣ Шабдолов, узви парлумони Тоҷикистон, дар ин бора гуфт: "Грантҳо ё кумакҳои билоиваз дар буҷаи давлат сабт шудааст. Вале тарзи тарзи истифодаи кумакҳо таҳти контроли парлумон нест. Ва ҳеҷ кас ҳисобот намедиҳад, ки ин грантҳо дар кучо масраф мешавад".
Модом ки бархурди давлат ва парлумон дар робита ба грантҳо ин аст, пас ҳадафи ироаи кумакҳои билоиваз аз сӯи созмонҳои молии байнулмилалӣ дар чист?
Шодӣ Шабдолов дар посух ба ин суол гуфт: "Ҳама кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доранд. Ва он сиёсати иқтисодие, ки ин созмонҳо сари мо бор кардаанд, агар ба мо кумаки молии ройгон накунанд, ин сиёсатҳо аз ҳам хоҳад пошид. Ба ҳамин далел ба мо кумак мекунанд".
Афзоиши шумори фақирон дар Тоҷикистон
Тоҷикистон аз чанд сол бад-ин сӯ барномаи хоси коҳиши мизони камбизоатиро надорад. Ва аз ду сол бад-ин сӯ буҷаи давлат дар маҷмӯъ барномаи коҳиши мизони камбизоатӣ ба шумор меравад. Давлати Тоҷикистон дар тӯли се соли ахир пажӯҳишеро дар бораи мизони камбизоатӣ дар кишвар анҷом надодааст. Вале тахмин мезананд, ки мизони камбизоатӣ дар кишвар ҳудуди 53 дарсад аст.
Охирин бор давлати Тоҷикистон дар соли 2007 бо кумаки созмонҳои байнулмилалӣ як пажӯҳишеро дар бораи мизони камбизоатӣ роҳандозӣ кард. Тибқи ин пажӯҳиш беш аз 63 дарсади мардуми Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебурд. Ва соли 2008 вазъи молии мардум аз ҳисоби пули муҳоҷирон, ки ҳудуди 3 миллиард долларро ташкил дод, хубтар шуд. Ва бо ин далел давлати Тоҷикистон мизони камбизоатиро 53 дарсад дар соли 2008 тахмин зад.
Вале ба эътиқоди коршиносон, ба далели таъсири бӯҳрони сартосарии молӣ дар соли 2009 интиқоли пули муҳоҷирон коҳиш ёфт ва вазъи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ба ҳолати ду соли қабл баргашт. Ва ҳоло коршиносони мустақил ва байналмилалӣ мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистонро ҳудуди 65-70 дарсад тахмин мезананд.
Бонки ҷаҳонӣ дар соли гузашта барои коҳиши камбизоатӣ ба Тоҷикистон 20 миллион доллар кумаки ройгон карда буд. Ва ба эътиқоди коршиносон, бо ироаи беш аз 25 миллион доллари дигар мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон коҳиш нахоҳад ёфт.