Қонуни матбуоти Тоҷикистон ислоҳ мешавад

Ахиран дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Олимҷон Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ва ҳамзамон муаллифи лоиҳаи қонуни мазкур, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳрири нави қонун ба талаботи журналистикаи муосир мувофиқ карда шуда, беҳтарин намуна дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Аммо кадом нуктаҳои муҳимм дар тарҳи ислоҳи қонун ба инобат гирифта шудааст? Оё то куҷо тарҳи мазкур аз манофеи расонаҳои хабарӣ ва хабарнигорони кишвар дифоъ мекунад?

Тағйирот дар тарҳи нави қонун

Муҳимтарин нукта дар тарҳи ислоҳи Қонуни матбуот, ба иддаои муаллифонаш, ин аст, ки мақомоти масъули давлатӣ муваззаф хоҳанд шуд ба тамоми дархосту пурсиши хабарнигорон дар зарфи се рӯз посухи расмӣ бидиҳанд. Олимҷон Салимзода, вакили парлумон ва муаллифи тарҳи ислоҳи Қонуни «матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», мегӯяд, то ин замон мақомот ҳуқуқ доштанд посухи худро ба пурсиши хабарнигорон ё навиштаҳои матбуоти даврӣ давоми 30 рӯз, яъне як моҳ, омода кунанд.

Профессор Абдусаттор Нуралиев, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, дар ин иртибот мегӯяд, вай орзуманди қабули тарҳи ислоҳи қонуни матбуот дар парлумон аст, зеро пас аз тасвиби лоиҳаи мазкур афроди мансабдори ҳукуматӣ барои посухи сареҳу саривақтӣ ба маводи нашршудаи расонаҳо ва ё пурсишҳои хабарнигорон масъулияти бештаре хоҳанд дошт ва ҳамзамон мушкили доимии дастнорасии ахбор то ҷое роҳҳал пайдо хоҳад кард:

«Дар мамлакатҳои пешрафта, дар худи Русия ҳам, дар мӯҳлати се рӯз ба дархости ВАО шахсони масъули ҳукуматӣ тибқи қонун бояд ҷавоб гардонанд. Ин як меъёри байналмилалии қабулшуда аст дар тамоми ҷаҳон. Ин кори журналистонро, ки асосан оперативӣ аст, бисёр осон мекунад, дар он сурат иттилоъ ҳам оперативият ва қимати худро гум намекунад. Журналистон доимо дар бораи ҳамин мушкил сухан мекунанд ва роҳҳал мехоҳанд. Аммо ҳамчунин бояд гуфт, ки ҳар қонуни нав ё тарҳи ислоҳи он бояд барои осон кардани кори журналист ватаҳким додани ҳуқуқи вай ба фаъолияти касбӣ равона шавад, на ҳадафҳои дигар...»


Муаллифи тарҳ: "Ин яке аз беҳтарин қонунҳо аст"

Ва аммо ин ягона ислоҳ дар қонуни амалкунандаи матбуот нахоҳад буд. Муаллифи лоиҳа Олимҷон Салимзода мегӯяд, ҳамчунин шарҳи истилоҳҳо дар Қонуни «матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», аз ҷумла барои аввалин бор интернет-журналистика ва дигар васоити муосири электронӣ, ки то ин замон дар қонуни мазкур зикр нашуда буд, аз тағйиру иловаҳои назарраси тарҳи ислоҳи қонун мебошад:

«Тарҳи нав дар таҳрири нав, албатта, ба тамоми истилоҳоте, ки дар қонуни матбуот истифода шудааст, тарҳи онҳоро пешниҳод кардааст. Аз ҳама муҳиммаш ин ки аз лиҳози забон хеле такмил ёфта, тағйир хӯрдааст. Қонуне, ки имрӯз амал мекунад, аз нигоҳи банда, яке аз қонунҳои беҳтарин дар сартосари собиқ кишварҳои ИҶШС аст ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ — намуна. Бо вуҷуди ин, имрӯз мебинед, ки ВАО, махсусан, васоити электронӣ бисёр рушд кардааст, ки ин чиз ҳам дар тарҳи ислоҳи қонун ҷойи худаша ёфтааст, бо номи интернетжурналистика ёд мешавад. Ин тарҳи ислоҳи қонун, гумон мекунам, ки ба тамоми талаботҳо, ки имрӯз матбуот ва хабарнигорон доранд, ҷавоб гуфта метавонад...»

Ҷаноби Салимзода бо ироаи ҳамин тафсилоти тарҳи ислоҳи қонуни матбуот иктифо кард.

Назари коршиносон

Ва аммо коршиносон ишора мекунанд, ки ворид намудани истилоҳи «интернет-журналистика» дар қонуни матбуот баръакс вазъи матбуотро бадтар мекунад, чун мақомот бо истифода аз он метавонанд дастрасӣ ба интернетро маҳдуд кунанд. Фаразан, дар сурати нашр шудани матолиби интиқодӣ дар саҳфаҳои интернетӣ масъулин метавонанд дастрасӣ ба сомонаҳоро маҳдуд созанд. Чунин мисолҳо дар таърихи истифода аз интернет дар кишвар фаровонанд.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, ниҳоди зери раҳбариаш ҳанӯз ду сол қабл аз парлумони кишвар хостори ислоҳи иддае аз бандҳои қонуни матбуот шуда буд:

«Моддаи 6-уми Қонуни матбуот (Моддаи 6. Роҳ надодан ба суистифода аз озодии сухан) низ бояд таҷдиди назар шавад, барои он ки дар ин модда меъёри аз ҳад шадид барои ҳифз кардани манфиатҳои ашхоси мансабдор ҷой дода шудааст. Ва ҳамчунин дар ин қонун мушаххас гуфта нашудааст, ки кӣ бояд ба номнавис кардани ВАО мутасаддӣ бошад. Феълан дар Тоҷикистон дар ин кор хараҷу мараҷ ҷой дорад, ҳам вазорати адлия ба ин кор машғул мешавад, ҳам вазорати фарҳанг. Як сол пеш ҳам он равзанаи ягонае, ки аз ҷониби Кумитаи андози ҷумҳурӣ фаъолияташро шурӯъ кард, он низ ба номнависии расонаҳои хабарӣ машғул аст. Бо ин ҳол мо наметавонем, ки феҳрасти ягонаи ВАО-и Тоҷикистонро таҳия кунем...»


Профессор Абдусаттор Нуралиев ҳам бар ин андеша аст, ки баъзе бандҳои қонуни матбуот бояд содатар карда шавад, бавижа расмиёти бақайдгирӣ, ва расонаҳои мустақили электронӣ ҳам бояд аз ҳуқуқи бештар бархурдор бошанд:

«Дар ин ҷо тағйирот натанҳо вобаста ба матбуот пешбинӣ шавад, балки ҳамчунин дар масъалаи нисбатан кам кардани бақайдгирии ҳуҷҷатҳои матбуот, литсензиягирии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ғайриҳукуматӣ, барои гирифтани фазои вақт ва эфир барои шабакаҳои радио ва теелевизионӣ. Қонунҳои мо дар ин масъалаҳо нуқс доранд ва бояд такмил дода шаванд...»

Қонуни меросӣ аз Шӯравӣ

Ва аммо Олимҷон Салимзода, вакили парлумон ва муаллифи тарҳи ислоҳи қонуни матбуот, мегӯяд, ҳанӯз гурӯҳи корӣ бо таҳияи тарҳи ислоҳи қонун машғул аст ва зимни омодасозии лоиҳа пешниҳодоти созмонҳои журналистӣ ва расонаҳои хабарии кишвар низ ба инобат гирифта хоҳанд шуд.

Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» 14-уми декабри соли 1990, замоне ки ҳанӯз ҳокимияти Шӯравӣ пойбарҷо буд, ба тасвиб расида, то ин замон ҳафт дафъа ба он тағйироту иловаҳо ворид шудааст.

Созмонҳои хабарнигорӣ изҳори умедворӣ мекунанд, ки бо қабули тарҳи ислоҳи қонуни матбуот, мушкилоти фаровоне, назири баҳсҳои додгоҳии нашрияҳо, мушкили дарёфти муҷаввизи фаъолият барои расонаҳои мустақили электронӣ, осебпазирии амнияти иттилоотии Тоҷикистон, ба манзури пахши намоишҳои шабакаҳои телевизионии кишварҳои ҳамсоя дар навоҳии сарҳадии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳо аз сўйи мақомоти давлатӣ дар кори хабарнигорон роҳҳалли худро пайдо мекунанд.

Бар асоси иттилои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, феълан дар кишвар 185 рӯзнома (43 - давлатӣ, 92 — хусусӣ, 26 — ҷамъиятӣ ва 25 - соҳавӣ), 84 маҷалла (4 - давлатӣ, 31 — хусусӣ, 26 — ҷамъиятӣ ва 24 - соҳавӣ), 7 ожонсии иттилоотӣ (1 - давлатӣ, 6 — хусусӣ), 44 нашриёт (6 - давлатӣ, 38 — хусусӣ) ва 142 матбуот (25 - давлатӣ, 117 — хусусӣ) сабтином шуда, фаъолият доранд.