Дар ҳоле, ки синну соли расмии издивоҷ дар Тоҷикистон 18 ва ба таври ғайрирасмӣ аз ин ҳам поинтар аст, ҳар дуввумин духтари таҳсилдида дар ростои интихоби "ё донишгоҳ, ё ҳамсар" қарор мегирад.
Ба сурати умум ҷавонмардҳои синни издивоҷ бештар ба духтарҳои 17-18 сола тарҷеҳ медиҳанд. Духтарҳое, ки баъди хатми донишгоҳ ба синни 22-23 мерасанд, интихоби зиёд надоранд. Дар бораи ҷавонзанҳое, ки аслан издивоҷ накардаанд, омор вуҷуд надорад. Аммо гуфта мешавад, ки теъдоди онҳо сол ба сол афзунтар мешавад.
Дуроҳаи зиндагӣ
Ҳамсӯҳбати мо Зебо, омӯзгори яке мадрасаҳои Тоҷикистон, 32 сол дорад ва то ҳол издивоҷ накардааст. Ӯ мегӯяд, ки солҳои аввали донишҷӯӣ ба хотири идомаи таҳсил чандин пешниҳоди издивоҷро рад кард ва ба гуфтаи модараш "бахти худро пеши по зад". Зебо ҳоло дур ду баст кор мекунад ва ҳудудан 100 доллар дастмузд мегирад. Вале хостгорҳо дигар дари волидони ӯро намекӯбанд. Гоҳ-гоҳ дӯстони савобҷӯяш пешниҳод мекунанд, ки умри худро хазон накунад ва зани дуюм ё сеюми ягон марди пулдор шавад. Аммо Зебо розӣ намешавад ва мегӯяд, ки сатҳи маърифати домодҳо қобили таҳаммул нест. Онҳо ба зани таҳсилкарда бо назари шубҳа менигаранд:
«Мардҳо ба зани таҳсилкарда назари манфӣ доранд. Мардуми деҳае, ки ман зиндагӣ дорам, мегӯянд, дини Ислом корро барои занҳо манъ кардааст. Ман дар шаҳр будам, дар шаҳр занҳои хондагиро қадр мекунанд, ба назари дигар менигаранд.»
Ҳарчанд Зебо худро зоҳиран хушбахту чеҳракушод вонамуд мекунад, аммо ҳамеша азият мекашад. Махсусан вақте, ки талабаҳояш издивоҷ мекунанд. Зебо мегӯяд, ҳатто аз суоли беозори шиносҳояш, ки мепурсанд "эй духтар, ту ҳоло ҳам шӯ накардаӣ?" нороҳат ва рӯҳафтода мешавад. Ӯ мегӯяд, иллат дар ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки натавонист қолабҳои кӯҳнаро бишканад ва мавқеи занонро тақвият бубахшад.
Ҳарос аз духтарони таҳсилкарда
Баҳодур, як ҷавонмард, ки ахиран издивоҷ кардааст, мегӯяд, ҷавонмарҳои тоҷик дар издивоҷ ба духтарҳои ҷавон тарҷеҳ медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, духтарҳое, ки дар донишгоҳ таҳсил кардаанд, маъмулан доно ва ҳақшинос мешаванд ва ҷойгоҳи мардро дар оила танг мекунанд:
«Аввалан барои он арӯси таҳсилнокарда гирифтам, ки ба хости дилам тарбияаш кунам. Вазифаҳояшро мефаҳмонам, ки аз чӣ иборат аст: либосшӯӣ, пӯхту паз ва нигоҳубини кӯдакон. Бегоҳ ки ман аз кор омадам, дар хона хӯрокам тайёр бошад. Дилпурам, ки занам дар хона ҳама чизро тайёр кардааст. Зани хондагиро ба роҳ даровардан, ба хости дилат тарбия кардан душвор аст».
Баҳодур мегӯяд, назорати зан бояд ҳамеша дар дасти мард бошад ва мефзояд, "ба занҳои таҳсилкарда чандон боварӣ нест, онҳо кор гуфта мераванд, вале худо медонад, бо чӣ кор машғул мешаванд".
Акрам Раҳимов, табиби тоҷик, мегӯяд, ки ягона сабаби камрангии зани таҳсилкарда дар назари марди тоҷик, рашк аст. Ба гуфтаи ӯ, мардҳо бар ин назаранд, ки арӯси таҳсилкарда ва соҳиби ҷойи кор бо мардҳои дигар дар тамос аст ва пайваста шавҳари худро бо онҳо муқоиса мекунад:
«Ман худам кӯшиш кардам, ки арӯси таҳсилкарда гирам, чун вай ҳам кор кунад ва зиндагиро пеш барем. Аммо аз фотиҳа гаштем. Чун байни ҳардуи мо рашк буд.»
Арӯс, ё хизматгор?
Издивоҷи ҷавонон дар бисёр ҳолатҳо бо дастандаркории волидон баргузор мешавад. Дар шаҳрҳо волидон қабл аз никоҳ номзадҳоро бо ҳам ошно мекунанд. Аммо дар деҳкадаҳо усулан арӯсу домод якдигарро дар паси чодари арусӣ мебинанд.
Издивоҷи зану мард маъмулан дар доираи «сиёсатҳои қавмӣ» сурат мегирад: ҳамшаҳр, ҳамдеҳа ва хешу табор. Издивоҷ бо намояндаи минтақаи дигар, махсусан агар бе изни падару модар сурат гирифта бошад, ҳамеша бо хатари фурӯпошӣ рӯ ба рӯ аст.
Ҷавонмардҳо, махсусан аз оилаҳои камбизоат мегӯянд, "падару модар розӣ бошанд, мо ҳам розӣ ҳастем." Дар ин гуна оилаҳо арӯс умдатан ҳамчун нерӯи корӣ ва ё хизматгор пазируфта мешавад ва пули маҳр, ки ба падару модари арӯс медиҳанд, қиммати ҳамин хизматҳои ояндаи арӯс аст.
Дар Тоҷикистон ҷавонзанҳое, ки барвақт издивоҷ карда таҳсилро ба анҷом нарасондиаанд, дар тӯли зиндагӣ ба қишри заъфпазир табдил меёбанд. Ин гуна оилаҳо бинобар камтаҷрибагиву бесаводии зану мард ба зудӣ аз ҳам мепошанд ва занҳои таҳсилнокарда бидуни меросе аз шавҳарон бо кӯдакон дар кӯча мемонанд.
Заъфпазирии занони бетаҳсил
Маърифат Шокирова, корманди Кумитаи кор бо занон, мегӯяд, дар ҳоле, ки давлат мехоҳад духтарҳо бо таҳсил дар донишкадаву донишгоҳҳо фаро гирифта шаванд, мардҳо арӯсони таҳсилкардаро ба ҳамсарӣ интихоб намекунанд. Бисёр оилаҳои аз ҳам пошида марбут ба занҳои ҷавон ва таҳсилнокарда аст, ки бо шавҳарон ва хонаводаи шавҳар рост нагирифтанд.
Саида, як ҳамсӯҳбати дигарам, ки ҳоло 36-сола ҳасту издивоҷ накардааст, аз зиндагии худ розӣ нест. Аммо вақте мебинад, ки занҳоро ба зудӣ талоқ медиҳанд ва ба кӯча мепартоянд, шукр мекунад, ки вобастаи касе нест. Саида ба мо гуфт, ки чанде пеш духтарамаки ҷавону бесаводашро шавҳараш талоқ додааст ва бародаронаш низ аз ин нонхури зиёдӣ даст кашида, ӯро ба хона роҳ надодаанд:
«Бечора намедонад, ки ба куҷо равад, чӣ кор кунад. Кӯдак ҳам надорад. Дар дари мардум кор мекунад, як шаб ин ҷо, шаби дигар - дар ҷойи дигар. Ҳамон ҷо нон мехӯрад. Куҷое маърака шавад, табақшӯӣ мекунад. Агар касб медошт, ин қадар хор намешуд.»
Ҷомеаи падаршоҳӣ
Қиёмиддин Сатторӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ мегӯяд, дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар суннатҳои меросии падаршоҳӣ ҳукмрон ҳастанд ва духтари таҳсилдида дар ин чаҳорчӯб намеғунҷанд. Ҳарчанд маълум аст, ки модари босавод фарзанди хуб тарбия мекунад ва ҷомеа аз он баҳра мебарад.
Ба гуфтаи оғои Сатторӣ, ҷомеаи Тоҷикистон ба занҳои босавод ниёз дорад, ки ҳаққи худро бишиносанд ва баъд аз талоқ низ бечораву ноилоҷ намонанд. Ба гуфтаи ин коршинос, занҳое ҷавон, ки ҳоло талоқ мешаванд, саводи мубориза надоранд ва ҳар зарбаи тақдирро хомушона мепазиранд.
Дар интизори бахт
Аз сӯи дигар баъзе ҷомеашиносон умри кӯтоҳи ин падидаро пешгӯӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ҷаҳони модерн пешбурди зиндагӣ ва бори зану фарзанд барои танҳо шавҳар мушкил аст. Ин вазъият бисёр мардҳоро ба таҷдиди мавқеъ дар баробари таҳсили занҳо маҷбур мекунад.
Модари Зебо, қаҳрамони қиссаи мо низ ба кушоиши бахти духтари худ хушбин аст. Ӯ дар ин робита фалсафаи худро дорад ва мегӯяд, Худо занро барои мард офаридааст, Худо, ки зеборо офарид, пас мардеро низ барои ӯ дар куҷое офаридааст. Фақат бояд сабр кард ва интизор шуд,- мегӯяд модари Зебо.