Роҳ аз Варшава то Тифлис наздиктар мешавад

Ширкати миллии ҳавопаймоии Лаҳистон (LOT) аз 1 сентябри соли равон парвози ҳавопаймоҳо дар хатсайри Варшава-Тифлисро шурӯъ мекунад. Як сухангӯи Раёсати муттаҳидаи нақлиётии Гурҷистон ба бахши гурҷии Радиои Озодӣ гуфт, ки, тибқи нақша ҳавопаймоҳо дар хатсайри нав ҳафтае се бор парвоз хоҳанд кард. Ӯ афзуд, ки ширкати Qatar Airways низ нақша дорад, ки ба зудӣ парвози ҳавопаймоҳо ба Гурҷистонро ба роҳ монад. Айни ҳол 13 ширкати байнулмилалии ҳавопаймоӣ парвозҳо ба Гурҷистонро анҷом медиҳанд.