Квотаи президентиро кӣ соҳиб мешавад?

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши квота барои соли хониши 2009-2010 иттилоъ медиҳад, ки аксари ҷавонони соҳиблаёқати рустоӣ аз мушкили ба даст овардани квота ва дохил шудан ба донишгоҳҳо изҳори нигаронӣ мекунанд.
Рустам Усмонов, мудири шӯъбаи илм ва мактабҳои олии мақомоти Суғд, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки соли ҷорӣ ҳудуди 310 адад квота барои кулли донишгоҳҳои кишвар тахсис дода шудааст, ки аз ҷумла 107 адади он барои 17 шаҳру навоҳии дурдасти Суғд, ба ғайр аз шаҳри Хуҷанд, пешбинӣ шудааст.

Оқои Усмонов мегӯяд, ки дар қиёс ба соли гузашта, имсол теъдоди квота барои ҷавонони тозахатми мактабҳо бештар аст. Аммо ба ин суол, ки оё кадоме аз ҷавонони рустоӣ имкони бештари соҳиб шудан ба квотаро доранд, вай гуфт, танҳо онҳое барои гирифтани квота пирӯз хоҳанд шуд, ки дониши хуб доранд:

«Шумори довталабони квотаро сарварони мактаб ва мақомоти маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳо ба мо пешниҳод мекунанд. Се нафар барои гирифтани як квота мубориза мебаранд. Аз миёни се нафар яке аз беҳтаринро барои ба даст овардани квота мо интихоб менамоем. Барои соҳиб шудан ба квота ягон имтиёз пешбинӣ карда нашудааст ва танҳо ҷавонони болаёқат метавонанд онро соҳиб шаванд».

Шикояти ҷавонони рустоӣ

Ин ҳам дар ҳолест, ки аксар ҷавонони соҳиблаёқати рустоии Суғдро мушкилот дар шеваи тақсимшавии квота барои роҳёбӣ ба донишгоҳҳо ба изтироб овардааст. Ҳарчанд квота ё роҳхат ба донишгоҳ тариқи озмун бояд насиби ҷавонони соҳибистеъдоду бо савод бошад, аммо ҷавононе, ки барои ба даст овардани квота талош варзидаанд, изҳор мекунанд, ки барои соҳиб шудан ба он чун дигар маворид, на донишу савод, балки нақши восита муҳимтар аст.

Дилошуб Носиров, аз ҷавонони ноҳияи Зафаробод, мегӯяд, як хоҳарзодааш орзӯ дошт, соли ҷорӣ баъди хатми мактаб бо ба даст овардани квота донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шавад ва дар оянда барои солимии ҷомеа саҳм бигирад, аммо ӯ аз гирифтани квота бенасиб мондааст. Ба гуфтаи Дилошуб, нафаре квотаро соҳиб шудааст, ки фарзанди яке аз афроди наздик ба мақомот будааст.

Вай мегӯяд: «Чанд рӯз қабл дар бинои мақомоти Суғд маъракаи тақсимкунии квота ҷараён гирифт ва дар он як хоҳарзодаи ман низ ширкат варзид, зеро ӯ дар сабқати ноҳиявӣ барои гирифтани квота имкон пайдо намуда буд. Аммо дар мақомоти Суғд нафаре квотаро соҳибӣ кардааст, ки аслан дар сабқати ноҳиявӣ ширкат надошт ва ҳуқуқи иштирок дар сабқати вилоятиро ҳам надошт. Маълум гардид, ки ӯ фарзанди яке аз сарватмандони ноҳия аст ва воситаҳои зиёдро ҳам истифода намудааст».

Дилошуб ягона касе нест, ки аз мушкилии ба даст овардани квота дар як навоҳии дурдасти Суғд шикоят мекунад. Қутбиддини Раҷабзода, дигар аз ҳамсӯҳбатони мо, ки худро сокини ноҳияи Мастчоҳ муаррифӣ кард, меафзояд, дар соли гузаштаи 2008 бо тавсияи устодони мактабаш дар озмуни квота ширкат варзидааст. Қутбиддин мегӯяд, ки марҳилаи аввали онро дар ҳузури намояндагони идораи маориф бо хушнудӣ супоридааст, аммо дар марҳилаи ниҳоии он дар Хуҷанд ӯ ҳам квотаро ба даст наовардааст. Чаро?

«Дар соли 2008 мо се нафар барои соҳиб шудан ба квотаи президентӣ ба шаҳри Хуҷанд омада будем. Ман ва нафари дуввумро касе ҳамроҳӣ намекард ва бояд мо тавассути донишҳои худ барои гирифтани он мубориза барем. Лекин нафари севвум писари директори яке аз мактабҳо буд ва ӯро падараш ҳамроҳӣ мекард. Вақте ки мо барои супоридани имтиҳони квота вориди толор шудем, падари ӯ бо устодон гуфтугузор мекард. Мо фикр мекардем, ки имтиҳони квота танҳо дар фазои озод ва бидуни ҳеҷ миёнравӣ доир мегардад. Вале ин тавр нашуд ва фарзанди директор квотаро соҳибӣ кард».

Нигаронии омӯзгорони мактаб аз муҳоҷирати шогирдон

Дадобой Қобилов, омӯзгори мактаби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, ки ҳамасола мактабҳои таҳсилоти умумии кишварро даҳҳо ҷавонон бо лаёқат хатм мекунанд, вале ба далели вазъи иқтисодӣ аксари онҳо ба саҳни донишгоҳҳо роҳ пайдо карда наметавонанд ва маъмулан роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Вай мегӯяд: «Бисёре аз хатмкардаҳои мактаб шикоят мекунанд, ки ба донишгоҳ дохил шуда натавонистем. Ҳар як ҷавоне, ки баъди хатми мактаб донишҷӯи донишгоҳ гардад, албатта ин ифтихори мо омӯзгорон ҳаст, зеро онҳо дастпарварони мо маҳсуб мешаванд, аммо мутаасифона, ба назар мерасад, ки аксари хонандагон бо адами нодорӣ баъди ба даст гирифтани шаҳодатномаи мактаб роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд».

Ба ин тартиб коршиносон ҳам мегӯянд, таваҷҷӯҳи нобаробар ва мушкили миёнравию хештансолорӣ дар низоми қабули довталабони макотиби олӣ аз омилҳоянд, ки монеаи аслии даҳҳо ҷавонони соҳиблаёқаъти рустоии кишвар гардида, аксариятро дар роҳи дохил шудан дар донишгоҳҳо хаставу дилсард мекунад ва танҳо онҳе ҳам квотаро ба даст меоранд, ки соҳиби молу сарвати бузург ҳастанд.