Порлумони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ҳамкорӣ бо расонаҳои хабариро тақвият бахшад ва мушкили дастрасиии хабарнигорон ба порлумонро то ҳадди мумкин аз байн барад. Аммо бархе таҳлилгарон мегӯянд, порлумони кунунӣ ҳамаи мушкилоти порлумони қаблиро ба мерос гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии Тоҷикистон дар бораи сарпечии бархе аз намояндагони мардумӣ аз сӯҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дода буданд.
Порлумони кунунӣ, ки дар баҳори имсол интихоб шуд ва мардум аз он интизориҳои зиёд дошт, аз порлумони қаблӣ ҳеҷ фарқе надорад.
Ва ҳамаи мушкилоте, ки дар робита бо намояндагони мардум ва матбуот дар порлумони қаблӣ вуҷуд дошт, ҳамчунон дар ин ҳайати порлумон низ боқӣ мондааст. Ва ҳеҷ як намояндаи порлумон ҷуръат надорад назари худро дар бораи ин ё он масоили ҷомеъа иброз кунад.
Чаро вакилон ҷуръат надоранд?
Шодӣ Шабдолов, вакили маҷлис далели хомӯшии намояндагонро дар адами шаффофияти интихоботи порлумонии баргузоршуда унвон кард.
Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суханронияш дар иҷлосияи рӯзи чоршанбе маҷлисро як порлумони ҳирфаӣ хонд.
Ин дар ҳолест, ки дар порлумони феълӣ, ки аксари курсиҳоро Ҳизби халқӣ демократии раиси ҷумҳур дар ихтиёр дорад, ҷиноҳи сиёсӣ ташкил шудааст.
Ҷумъабой Сангинов, раиси ин ҷиноҳ мавриди сарпечии намояндагони мардумӣ аз сӯҳбат бо хабарнигоронро тайид кард. Ӯ гуфт, аз ин ба баъд мо талош мекунем бо хабарнигорон аз ин бештар кор кунем.
Порлумонро кӣ интихоб кардааст, мардум ё ҳукумат?
Аммо Ҷумъабой Сангинов хомӯшии вакилон дар робита ба масоили мубрами ҷомеъаро ба бесалоҳиятии порлумон рабт дод. Ӯ дар посух ба ин суоли Озодӣ, ки ба чӣ далел порлумон дар мавриди роҳи пулакии Душанбе - Чанак ва болоравии қиммати сӯхт, ки ба далели монополия шудани ин бозор аз сӯи «Газпромнефт Тоҷикистон» сурат гирифтааст ва мардум норозист, хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, гуфт: «Роҳи пулакӣ аз сӯи давлат пешниҳод шуд ва роҳи дигареро мо пайдо накардем дар нигаҳдории роҳҳои мошингард, онро пазируфтем. Бо вуҷуди ин, бояд таруфаҳо поин оварда шавад. Вале ин салоҳияти мақомоти иҷроия аст. Ва болоравии маводи сӯхт низ ба салоҳияти мақомоти иҷроия рабт дорад. Ва зарур нест, ки порлумон ба салоҳияти ҳокимияти иҷроия дахолат кунад».
Пас ин суол матраҳ аст, ки порлумони Тоҷикистонро кӣ интихоб кардааст, давлати Тоҷикистон ва ё мардуми кишвар?
Шодӣ Шабдолов, намояндаи порлумон аз Ҳизби коммунист, гуфт: «Воқеъан ҳам салоҳияти порлумон дар расидагӣ ба ҳалли масоили мубрами ҷомеа лағв шудааст. Ва мо салоҳияти вокуниш нишон додан ба равобити ҳамсояҳо ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи манъи қаторҳо аз сӯи Узбакистонро надорем. Вале ба назари ман дар ҳар сурат, вакил набояд хомӯш бошад».
Ҳамчунин Шодӣ Шабдолов гуфт, ки масъалаи хомӯшии вакилон ва сарпечӣ аз сӯҳбат бо хабарнигоронро бо раиси маҷлис баррасӣ кардааст.
Ӯ гуфт, агар вакил ба сӯҳбат омода набошад, бигузор вақт бигирад ва баъд бо хабарнигор сӯҳбат кунад, вале набояд пурсиши хабарнигорро бепосух бигузорад.
Мушкил дар куҷост?
Мавзӯъи бархурди мақомот бо хабарнигорон танҳо мушкили порлумон нест. Балки ин мавзӯъ ба тамоми сохторҳои давлати Тоҷикистон рабт дорад. Ва ҳеҷ як сухангӯи аршади вазорат ва ё корхона бидуни иҷозаи раҳбараш ҳаққи сӯҳбат бо хабарнигоронро надорад. Пас суол ин аст, ки ташкили марказҳои матбуотӣ дар вазоратҳо чӣ зарурат дорад?
Ҳоло ҷомеа дар қарни бисту як қадам мезанад. Дар кишварҳои дигар ба далели масруфияти вазир ё президент сухангӯяш аз номи вай ҳарф мезанад. Ин талаби замон аст, аммо дар 17 - 20 соли ахир мо шоҳиди он набудем, ки раисиҷумҳур, нахуствазир ва ё вазире дар Тоҷикистон қабл аз сафар ба хориҷ ва ё баъд аз он бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ сӯҳбат кунад.
Дар ҳоле, ки ин иқдом дар кишварҳои хориҷӣ ва ҳамсояи мо як амри маъмулист.