Ду ҷавондухтари хатлонӣ аз масъулони бозори муштараки тоҷикию чинии мавсум ба «Атуш»-и Қӯрғонтеппа хостаанд, то дар пайдо кардани тоҷирони чиниасли ин бозор мусоидат кунанд. Онҳо мегӯянд, аз ҷавонони чинӣ фарзанддор шудаанд.
Ба иддаои ин хонумон, ки намехоҳанд номашон зикр шавад, онҳо аз шаҳрвандони Чин, ки дар бозори яклухтфурӯшии «Атуш» соҳибкорӣ мекарданд, фарзанддор шуда, аммо падарони ин ду тифл масъулияти саробонии онҳоро ба дӯш нагирифта, нопадид гаштаанд.
Ҳошим Бобоев, раиси бозори муштараки тоҷикию чинии «Атуш», мегӯяд, дархости ҷавондухтарони тоҷикистонӣ дар мавриди кашфи соҳибкорони чинӣ иҷронашуданист, чун онҳо ба қасди Хитой, тарки Тоҷикистон кардаанд:
«Ду нафар зани ҷавон ҳамин хел шуд, кӯдаконашон дар кӯча мондаанд. То ҳозир муроҷиат мекунанд, меҷӯянд падари чиноии кӯдаконро, аммо онҳо нестанд, гурехтаанд. Албатта, аламовар аст барои занон ва барои мо низ, ҳаммилатат аз дасти ким-кадом афроди ношиносу сарироҳии хориҷӣ ин қадар азият мекашанд, фирефта шуданд. Мутаассифона, баъзе аз бонувон барои пул шуда, мебинанд, ки он уйғурҳои Чин пул доранд, савдогаранд, бо онҳо ҳамзистӣ мекунанд, аммо инҳо танҳо барои 1 ё 2 сол меоянд барои соҳибкорӣ. Мераванд ва занон танҳо бо кӯдакони аз онҳо тавалудкарда мемонанд…»
Ба иддаои ҷаноби Бобоев, дар бештари маворид шаҳрвандони чинӣ, ки барои соҳибкории муваққатӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, аз мушкилоти иҷтимоӣ, тангдастии занон ва духтарони бешавҳару бесаробон сӯйиистифода карда, бо онҳо ҳамзистии кӯтоҳмуддат мекунанд.
Ин ду нафар танҳо нестанд
Дар ҳамин ҳол, Маърифат Навкарова, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бисёре аз чиниҳо танҳо ба хотири манзили зист ва рӯзгори таъмин доштан бо занони тоҷикистонӣ ҳамзистӣ кардаанд.
Вай аз як ҷавонзани 17-солае мисол меорад, ки ҳамзистии кӯтоҳмуддате бо як соҳибкори чинӣ дошта, аммо ҳамакнун бо ду тифли худ дар чорсӯи зиндагӣ сарсону саргардон мондааст:
«Мутаассифона, ҳолатҳои зиёде ҳастанд, ки духтарони бисёр ҷавони мо бо чиниҳо зиндагӣ карданд, аз онҳо фарзанддор шуданд, вале имрӯз сарсон мондаанд. Масалан, ман метавонам як мисоли мушаххас биёрам, ки як духтараки хеле ҷавони тоҷик, ки дар маркази Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунад, бо як тоҷири чинӣ бидуни никоҳи мусалмонӣ ва ё никоҳи давлатӣ ҳамзистӣ кардааст, фарзанддор шудааст, дугоник зодааст, аммо фарзандонашро ҳоло худаш саробонӣ мекунад, чун падари тифлон ҳамон чинии ба истилоҳ, «раҳгузар» аст, ки баъди таваллуди фарзандон ба ватанаш рафтаасту ӯро пайдо карда наметавонанд. Он ҷавондухтар аз шӯъбаи САҲШ гиламанд шудааст, ки гӯё агар мо никоҳи онҳоро ба қайд мегирифтем, падари кӯдаконаш намегурехт. Вале ҳайҳот, никоҳи давлатӣ ҳам онҳоро боз дошта наметавонад…»
Хонум Навкарова афзуд, бештар аз ҳама занону духтарони аз 17 то 45-сола бо чиниҳо издивоҷи бидуни қайди давлатӣ мекунанд ва шумораи чунин занҳое, ки дар пайи ҳамзистии муваққатӣ ва бидуни масъулият бо чиноиҳо, соҳиби фарзанд гардида, аммо ҳоло «модари танҳо» шудаанд, болиғ аз 20 нафар мебошад.
Аммо худи чиноиҳо дар мавриди ҳамзистӣ ё издивоҷ бо шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ назар доранд, оё то куҷо ба ин далел мувофиқанд, ки гӯё дар ҳамзистӣ ва таъмини фарзандон бемасъулият буда метавонанд, чизе намегӯянд.
Уйғурҳо хушахлоқанд
Хонум Парвина, як зани соҳибкор, ки бо чиниҳо ба сифати ёвар дар бозори «Атуш» ҳамкорӣ мекунад, мегӯяд, тоҷирони уйғур хушахлоқ буда, дар муносибат бо занони тоҷик боэҳтирому эҳтиёткор мебошанд:
«5 сол аст, ки бо онҳо кор мекунам, ин хел одами бероҳа нестанд, одамони хубанд. Аз худи одам вобаста аст, агар худат бероҳа бошӣ, албатта, аз ин сӯйистифода мекунанд. Шарташон барои кор ин аст, ки одами покиза бошӣ, хиёнат накунӣ, дурӯғ нагӯӣ, дуздӣ накунӣ. Онҳо ба кор ҷиддӣ муносибат мекунанд, ҳатто моро бо бегонаҳо гапзанӣ намемонанд. Маро мепурсанд, ки «бо кӣ сӯҳбат дорӣ?» Мегӯям, ки «ин хешу таборам аст, баъд мегӯянд, ки майлаш набошад». Маоши ман 500 сомонӣ аст, ки шояд дар ин бозор ҳеҷ кас ин қадар музд нагирад. Инҳо ҳама оиладор ҳастанд, бо чашми бад ба мо ҳам нигоҳ намекунанд…»
Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳошим Бобоев, раиси бозори муштараки тоҷикию чинии «Атуш», мегӯяд, ба хотири коҳиши мизони ҳамзистии бидуни масъулият ва бидуни никоҳи давлатии соҳибкорони чиниву хонумони тоҷик, масъулони бозори мазкур тасмими наве дар коргузории худ гирифтаанд:
«То чанд вақти ахир дар бозори мо шумораи наврасону ҷавондухтарони соҳибкор хеле бисёр буд, мо ҳамаи онҳоро барканор кардем, ба ҷояшон занҳои калонсолу оиладорро ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул кардем. Мо ҳам нангу номус дорем, бояд бонувонро аз фирефтаи найрангҳои хориҷиён шудан эмин нигаҳ дорем…»
Бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мизони бақайдгирии тифлони бепадар дар шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа, Маърифат Навкарова, мудири шӯъбаи мазкур, мегӯяд, ахиран барномаи вижаи такмили донишҳои ҳуқуқӣ ва бозомӯзии нигаҳдории оилаҳо барои бонувони маҳаллӣ таҳия шудааст.
Бояд маърифати ҳуқуқии занон боло бурда шавад
Ба гуфтаи хонум Навкарова, пеш аз ҳама занони маҳаллӣ бояд ба зиндагии мустақил мутобиқ ва соҳиби шуғли муносибе буда бошанд, то вобастагии иҷтимоии онон аз дигарон коҳиш дода шавад:
«Ҳар як зан вазифадор аст, ки барои тозагии худ ва миллату насли худ андешаҳои дурру дароз кунад. Масалан, баъзе баҳонаҷӯиву заифнолиҳои занон, ки зиндагиашон хеле мушкил асту дасти кӯтаҳ доранд ва аз ин лиҳоз, бо мардони бегона ба зиндагии муваққатӣ розӣ мешаванд, дуруст нест. Ҳама зани тоҷик соҳиби ҳунар аст, агар нест, мо метавонем ба онҳо ҳунар омӯзем, то мустақил бошанд, кор кунанд, масъули рӯзгори худ бошанд…»
Баҳсу баррасиҳо дар мавриди издивоҷи чиноиҳо бо занону духтарони тоҷикистонӣ дар Қӯрғонтеппа аз ду соли қабл бархоста буд, замоне ки шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ин шаҳр дархости 20 шаҳрванди Чинро барои издивоҷ бо хонумони тоҷикистонӣ рад карда буд.
Мақомоти маҳаллӣ дар шарҳи ин тасмими худ гуфта буданд, ки аксари кулли шаҳрвандони Чин дар кишвари худ зану фарзанд дошта, ҳадафашон аз никоҳи дубора бо занони тоҷикистонӣ дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон ва иқомати озод дар манзили ҳамсарони тоҷики худ мебошад.
Як никоҳи марди чинӣ ва зани узбактабори тоҷикистонӣ ба қайд гирифта шуд
Вале имсол дар шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа ғайриинтизор никоҳи як ҷавони чинӣ ва духтари узбактабори тоҷикистонӣ ба қайд гирифта шуд.
Маърифат Навкарова, мудири САҲШ-и шаҳр, дар ин иртибот мегӯяд: «Як нафар писарбачаи ҷавони чинӣ буд, ки бо духтараки ҷавоне, ки модар надошт ва зиндагиашон вазнин буд, азми издивоҷ карданд. Розигии волидони духтарро ба даст оварданд. Ҷавони чинӣ пеш аз никоҳ хона харид барои оилааш, ҳама таъминотро ба дӯш гирифт. Мо мутмаин шудем, ки дар ҳақиқат ин ҷавонон ҳамдигарро дӯст медоранд, аз ин рӯ, мухолифат накардем ба никоҳашон…»
Шумораи умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин дар шаҳри Қӯрғонтеппа дақиқ нест. Аммо гуфта мешавад, аксари кулли чиноиҳо ба ҳайси соҳибкор дар бозори яклухтфурӯшии тоҷикию чинии «Атуш»-и Қӯрғонтеппа кор мекунанд.
Ба гуфтаи масъулони бозори мазкур, ҳоло 85 шаҳрванди уйғуртабори Чин дар ин ҷо расман ба қайд гирифта шуда, машғули тиҷорат ҳастанд.
Аксари онҳо бидуни аъзои оилаашон барои соҳибкорӣ ба Тоҷикистон омадаанд.