Либоси муди ҷавонони тоҷик - майкаи «Роғун»

Масоили доғи имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон ба тарзи либоспӯшии ҷавонон ҳам бетаъсир намондааст. Имрӯз ҷавонони зиёдеро бо нимтана ё футболкаву шимҳои варзишии дорои навиштаҷоти «Роғун», «Тоҷикистон», «Душанбе», ё бо тасвири парчаму нишонҳои миллӣ дидан мумкин аст.
Ба хотири омӯзиши бештари вазъ мо ба бозор рафтем ва хостем бидонем, ки оё ин тозагӣ дар муди либосро тоҷирон ворид сохтаанд, ё бо фармоиши худи ҷавонони ватандӯсти мо дар дохил навиштаву таҳия мешаванд?

Дар баробари либосҳои тарғибкунандаи исми ширкатҳои маъруф, мисли «Долче Габбана», «Арманӣ», «Адидас» ва ё номи шаҳру кишварҳо, ки то имрӯз миёни ҷавонони тоҷик ба қавле муд буд, ҳамакнун дар бозори бузурги кишвар нимтанаву либосҳо бо навиштаҷоти «Тоҷикистон» - у «Роғун» ё «Душанбе» ва бо тасвирҳои нишону парчам ё мавзеъҳои маъруфи кишварро фаровон дар фурӯш дидан мумкин аст, ки ба гуфтаи тоҷирон ин ин навъи либосҳо феълан серхарид аст.

Далер, як тоҷири бозори «Корвон», ки низ дар дӯконаш аз ин нимтанаҳои тарғибгари Тоҷикистону «Роғун» зиёд дошт, мегӯяд, ӯ вобаста ба талаботи бозор ва дархости харидорон ин либосҳоро дар кишвари Чин фармоиш додаву ба бозор ворид месозад:

«Ҳозир ҳамин либосҳо маъруф аст. Масалан, аксаран вақте ҷавонон ба хориҷ ва ба Русия мераванд омада, чунин футболкаҳоро харидорӣ мекунанд, ки дар он Тоҷикистон навишта шуда бошад.»


Узбакистон – тавлидкунандаи либосҳои тарғиботии тоҷикӣ?

Аммо дар маҷмӯъ ин навъи сарулибосҳои тарғибкунандаи кишвари Тоҷикистон ва иншооти бузурги он аз Туркия, Қарғизистон ва ҳатто аз Узбакистон ворид карда мешавад. Аммо ба қавли Далер, ҳамсӯҳбати тоҷири мо, ба фарқ аз дигар кишварҳои воридкунандаи мол аз Узбакистон, ки зидди сохтмони Роғун аст, овардани сару либос бо чунин навиштаҷот нисбатан мушкилтар аст, ҳарчанд ба қавли ӯ ворид сохтани молу колои тобистона аз Узбакистон назар ба Чин аз ҷиҳати сифат ва нарх барои тоҷирони тоҷик мусоидтар аст.

Аммо Шоира, фурӯшандаи дигаре, ки аз Узбакистон молу коло аз ҷумла футболка, ё нимтанаву либосҳои тарғибгари Тоҷикистону Роғунро ҳам ворид месозад дар ин зимн гуфт:

«Ин бизнес аст, онҳо пул кор мекунанд ва ҳатман фармоишҳои моро ҳатто дар мавриди Роғун бидуни ягон мушкил қабул мекунанд. Онҳо медонанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон Роғун чӣ қадар таблиғ мешавад ва аз ин истифода карда бо таҳияву фурӯши футболкаву сарулибосҳо бо ин ном даромад мебинанд».

Ба гуфти тоҷирон, ин муди либос ба бозорҳои Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта ворид шуда, бо гарм шудани баҳсу сӯҳбатҳо атрофи Роғуну пайванд додани он ба эҳсоси ватандӯстӣ ва тарғиби пайвастаи ин мавзӯъ тариқи телевизионҳо, миёни ҷавовнон роиҷу серхарид шуд.

Матоъҳои «Саҳмия» ва «Роғун»

Дар баробари ин барои занон ҳам матоъҳо бо номи Саҳмияву Роғун ба фурӯш баромад. Дар сӯҳбат бо мо чанд ҷавоне, ки дар тан нимтана ё шимҳои варзишиву озоде бо исми «Тоҷикистон» ё «Роғун» доштанд, гуфтанд, тарғиби исми кишвару сохтмони рақами яки он барояшон боиси фахр аст.

Мавлюда Ҳавроева, тарроҳи маъруфи тоҷик, мегӯяд, бо мушоҳида аз таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон маълум аст, ки ҳар ҳодисаву масоили доғи як кишвар ба тарзи либоспӯшии мардуми он ҳам бетаъсир намемонад. Ӯ меафзояд, тамоюли муд шудани исми Тоҷикистону «Роғун» дар миёни ҷавонон ҳам як навъ баёнгари ҳисси ватандӯстии онҳо тавассути сару либосашон аст:

«Ҳоло худи мавзуи Роғун ва ҳама масъалаҳои марбут ба ин сохтмон дар Тоҷикистон муд аст. Ва ман фикр мекунам, бори аввал аст, ки дар кишвар тамоюлшавии инъикоси ҳисси ванатандӯстӣ тариқи сарулибос мушоҳида мешавад. Аммо дар асл агар ба таҷрибаи дигар кишварҳо бингарем, масалан ман ба Туркия бисёр сафар мекунам ва аз тарзи либоспӯшии онҳо мушоҳида мешавад, ки ҳисси ватандӯстии ин мардум тариқи либосашон зиёд бозгӯ мешавад. Онҳо пӯшдани сарулибоси дорои нишон ё ягон рамзи кишварашонро хеле дӯст медоранд. Ва ин ҳоло миёни ҷавонони мо ҳам тамоюл шуда истодааст, ки тамоюли хуб ҳам ҳаст, тарғиби кишвари худ ва бо ин муаррифи кардани он дар либоси тан».

Ба ин тартиб назарҳо роҷеъ ба муди нави либос миёни ҷавонон ва ё тарғиби Тоҷикистону «Роғун» ва Душанбе, нишону парчами кишвар дар либос ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ мешавад ва ба назари мусоҳибони мо ин чанд маънӣ дорад, аз ҷумла боло рафтани эҳсоси патриотизм ё ватандӯстии ҷавонон дар пайи баҳсҳои лафзӣ ва эҷод шудани монеаҳо барои сохтмони Роғун, ё пайгирӣ аз муд ва тақлид ба кишварҳои дигар, ки ин тамоюл дар онҳо роиҷ аст.