Баҳси ҳавоии Тошканд бо Душанбе

Узбакистон бо бекор кардани созишномаи идораи ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон, хостори зери контрол даровардани ҳарими ҳавоии худ шудааст. Бар асоси қарордоди дуҷониба аз соли 1993 то кунун назорати ҳаракат ва таъмини амнияти парвозҳои ҳавопаймоҳо дар фазои вилоятии Сурхондарёи Узбакистон бар ӯҳдаи Душанбе ва ҳамин тавр ҳарими ҳавоӣ дар қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон ба дӯши Тошканд вогузор шуда буд.
Ҳамакнун Тошканд гуфтааст, ҳар кишвар ҳарими ҳавоии худро зери назорат дошта бошад ва аз сӯи дигар пешниҳод кардааст, ки ҳавопаймоҳое, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд бояд дар марзи ин кишвар ҳаракати худро барои фуруд омадан ба фурудгоҳ коҳиш бидиҳанд.

Ҳадафи эҷоди маҳдудиятҳо чист?

Ҷониби Душанбе пешниҳодоти Тошкандро пазируфта ва ҳамзамон лоиҳаи нави созишномаи ҳамкорӣ дар бахши ҳавопаймоиро таҳия ва ба Узбакистон ироа кардааст, вале то ҳол посухе дарёфт накардааст. Суоли матруҳа ин аст, ки Узбакистон аз тариқи эҷоди маҳдудиятҳо дар мудирияти ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон чӣ мехоҳад ва ин иқдом чӣ ангезаеро дар пай дорад?

Тибқи иттилои расмӣ, созишномаи ҳавопаймоӣ бо Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон, дар се рӯзи пеш беэътибор дониста шуд. Аммо бо ин ҳам масъулони раёсати ҳавонавардии шаҳрвандии вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон мегӯянд, парвози ҳавопаймоҳо ба Душанбе аз тариқи ҳарими ҳавоии Узбакистон то ҳол қатъ нашудааст.

Зеро он гуна, ки Азиз Набиев, сардори раёсати ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикиастон ба радоио Озодӣ гуфт, «мо гуфтем, ки вақт кам аст, беҳтар аст мӯҳлати созишномаро дароз кунем. Аммо ҷониби Узбакистон розӣ нашуда пешниҳод кард, ки созишномаи муваққатӣ омода шавад. Албатта то замони омода шудани созишномаи нав. Мо гуфтем, ки марҳамат. Ва онҳо лоиҳаашонро таҳия карданд, мо баррасӣ кардем, иловаҳо ворид кардем. Ва «Тоҷикаэроавигатсия»-ро ваколатдор кардем, ки бо «Узаэроавигатсия» кор кунад. Пас аз ин мувофиқат ҳоло кор ҷараён дорад. Аз 26-уми июн, ки созишномаи мудирияти парвози ҳавопаймоҳо бекор шуд, то ҳол ҳаракати ҳавопаймоҳо идома дорад, ҳеҷ мушкилӣ нест».

Бознигарии ғайриинтизори шартномаи ҳавопаймоӣ

Узбакистон бознигарии созишномаи ҳавопаймоӣ бо Тоҷикистонро ҳанӯз дар шаш моҳи пеш пешниҳод карда ва гуфтааст, ки мехоҳад ҳарими ҳавоияшро, худаш зери контрол дошта бошад. Зеро ба гуфтаи Азиз Набиев, аз соли 1993, пас аз имзои созишномаи ҳавопаймоӣ, масъулияти назорати ҳаракат ва таъмини амнияти парвози ҳавопаймоҳо дар қаламрави вилояти Сурхондарёро Душанбе ва ҳарими ҳавоӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистонро Тошканд бар ӯҳда дошт.

Аз сӯи дигар Тошканд хостааст, ки ҳавопаймоҳои самти Душанбе суръати ҳаракати худро на дар ҳарими ҳавоии Узбакистон, балки дар марзи Тоҷикистон коҳиш бидиҳанд. Бад ин тартиб Тоҷикистон, пешниҳодоти Узбакистонро пазируфта ва лоиҳаи нави созишномаи он кишварро баррасӣ ва дар як моҳи пеш ба Тошканд ироа кардааст, вале Азиз Набиев, сардори раёсати ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, то ҳол посухе дар ин замина дарёфт нашудааст.

Ҳамакнун ба навиштаи расонаҳои Узбакистон лоиҳаи нави Созишномаи ҳавонавардӣ бо Тоҷикистон аз сӯи вазоратҳои марбутаи Узбакистон ба имзо расидааст ва ба зудӣ қарор аст онро ҳукумати ин кишвар низ тасдиқ кунад.

Пайомадҳои тасмими Узбакистон

Дар сурати таъйиди ин созишнома ва мавриди иҷро қарор гирифтани он аз сӯи Узбакистон оё парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон мушкилеро рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ё хайр?

Маҳмадюсуф Шодиев, коршиноси масоили ҳавонавардӣ, дар посухи ин суол гуфт, «ба ғайр аз он ки Узбакистон талаботи худро мегузорад, Конвенсияи байналмилалӣ ва қарорҳо ва меъёрҳои пешакӣ қабулшудаи байналмилалӣ аст, ки ин чизро идора мекунад. Яъне амнияти парвози ҳавопаймоҳо аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳонии авиатсионии ЭКАО назорат мешавад. Ҳар як қарори қабулкардаи ин ё он давлат ҷавобгарӣ дорад. Барои ҳамин Тоҷикистон наметавонад супориш диҳад, ки ба ин роҳ парвоз накунед. Конвенсияи байналмилалӣ имзо шудааст. Фақат инҷо минтақаи Термиз, дар ихтиёри Аэронавигатсияи Тоҷикистон буд. Ҳамакнун Узбакистон мехоҳад инро таҳти назари худ дарорад».

Аммо Исмоил Талбаков, вакили порлумони Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки зери контроли хеш даровардани ҳарими ҳавоияш, Узбакистон барои Тоҷикистон мушкили дигареро эҷод хоҳад кард: «Ин иқдоми Узбакистон давоми он амалҳои номатлуби ҳамҷавобӣ ва ҳамсоягӣ аст, ки то имрӯз дар нисбати Тоҷикистон эҷод кардааст. Узбакистон то имрӯз мушкилоти зиёдеро, аз ҷумла дар рафту омади шаҳрвандон, ҳаракати қаторҳои бору коло ва ғайраи Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Дар ҳоле, ки ин амалҳо муғойир ба меъёрҳои байналимилалӣ аст. Аз сӯи дигар, эмбарго ё таҳримоте, ки Узбакистон дар нисбати Тоҷикистон анҷом медиҳад, ба ҳеҷ муносибати башарӣ ва ҷаҳонӣ рост намеояд. Ин амалҳо фишори мустақим ба Тоҷикистон ва зарар расондан ба иқтисоди ин кишвар ва монеа шудан ба рушду шукуфоии миллати мост».

Ҳарчанд то кунун Узбакистон иқдоми амалие барои қатъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон аз тариқи ҳарими ҳавоиаш накардааст, аммо дар сурати чунин иттифоқе пеш омадан, оё Душанбе роҳи дигаре барои бурунрафт аз ин бунбаст хоҳад дошт ё хайр?

Роҳҳои алтернативии ҳавоӣ

Посухи Азиз Набиев, сардори раёсати ҳавонавардии Тоҷикистон чунин аст, ки «агар фазои ҳавоии худро Узбакистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон манъ кунад, албатта мо хати сайрҳои алтернативӣ дорем. Ба хусус тариқи марзи Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Турманистон ба берун аз кишвар ҳаст. Лекин аз ҷиҳати иқтисодӣ ва молӣ ин хати сайрҳо барои мо гаронтар мешавад».

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ҷаноби Набиев, ҳоло ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба ҷуз аз парвозҳои самти Чин, ҳамчунин шаҳрҳои Бишкек, Алмаато ва Иркутску Новосибирски Русия, бақияи самтҳо аз тариқи ҳарими ҳавоии Узбакистон сурат мегирад.

Баъзе шореҳони тоҷик бо ишора ба ҷорӣ намудани низоми раводид дар байни ду кишвар, мушкили убури қатораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон ва мушкилоти дигар мегӯянд, Тошканд ба хотири мухолифаташ ба сохтмони неругоҳи Роғун аз ҳар гуна амале даст кашиданӣ нест. Аммо Тошканд тамоми баҳсҳоро бо масъалаҳои фаннӣ марбут медонад.