Амрико, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз баргузории муваффақонаи ҳамапурсӣ дар Қирғизистон истиқбол ва онро ситоиш кардаанд. Дар ин ҳамапурсӣ Қонуни асосии нави Қирғизистон қабул шуд, ки низоми раёсатии кишварро ба низоми идораи порлумонӣ иваз мекунад.
Филип Кровли, сухангӯи Кохи сафед гуфт, Амрико умедвор аст ки назарпурсии умумии рузи 27 -уми июн гоми нахустин дар самти истиқрори сулҳ ва пойдорӣ дар Қирғизистон, баъд аз ҳодисаҳои хушунатомези чанд моҳи охир хоҳад буд.
Ӯ афзуд: “Амрико аз ҳукуматҳои маҳаллӣ ва тамоми шаҳрвандони Қирғизистон даъват мекунад аз имконияти суръат бахшидан ба раванди мусолиҳа ва масъулияти тазмини ҳамсозии қавмиро истифода бурда, Қирғизистонро бо сӯи амният, пойдорӣ, демократия ва шукуфоӣ пеш баранд”.
Бан Ки Мун, дабири кулли СММ гуфт, бонизом анҷом шудани ҳамапурсӣ нишон медиҳад, ки мардуми Қирғизистон сулҳро мехоҳанд.
Ӯ гуфт: “Тасвиби Қонуни асосии нав гоми бисёр муҳим дар самти таҳкими ҳокимияти қонун ва ташкили ҳукумати интихобшудаи қонунӣ. СММ ёриашро ба Қирғизистон ва мардуми он кишвар дар омодагӣ ба интихоботи порлумонии соли ҷорӣ идома медиҳад”.
Мая Косиянчик, сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ гуфт, раъйдиҳӣ барои Қирғизистон як қадами муҳим ба сӯи барқарории низоми Қонуни асосӣ ва раванди демократӣ дар кишвар мебошад.
Ноумедии Медведев ва истиқболи вазорати хориҷааш аз раъйпурсӣ
Гурӯҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳамапурсии Қирғизистон ташкили раъйгирии осоиштаро қадрдонӣ намуда, бо вуҷуди ин аз баъзе камбудиҳо назири шумориши нодурсти баргаҳои раъйдиҳӣ ва дар баъзе мавридҳо роҳ додан ба имкони овоздиҳии як кас барои чанд нафар ёдовар шуданд.
Вазорати умури хориҷаи Русия аз доиршавии ҳамапурсӣ бо эҳтиёт ситоиш намуда, гуфт, ки раъйгирӣ бидуни қонуншиканиҳо гузашт.
Ин дар ҳолест, ки як рӯзи қабл Дмитрий Медведев, президенти Русия аз дурнамои эҳтимолии равандхои Киргизистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки ояндаи рӯшани низоми порлумонии Қирғизистонро намебинад.
Мақомоти Қирғизистон иттило додаанд, дар ҳамапурсӣ наздик ба 70 дар сади шаҳрвандоне, ки ҳаққи овоздиҳиро доранд, ширкат намуданд. Тақрибан 90 дар сади райдиҳандагон аз пешниҳоди Қонуни асосии нав ва гузаштан ба сохти парлумонии ҳукуматдорӣ ҳимоят намуданд.
Интихоботи парлумонӣ барои моҳи октябр тарҳрезӣ шудааст ва Қирғизистон нахустин ҷумҳурии порлумонӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.