Сокинони Қӯрғонтеппа: Пойгоҳи низомӣ аз шаҳр хориҷ шавад

Маҳофили сиёсӣ ва иддае аз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар шаҳри Қӯрғонтеппа, бояд д аз маркази Хатлон ба берун аз шаҳр кӯч дода шавад.
Дархосту пешниҳоди мазкур бо таъкид ба ин иддаои соҳибназарон ироа шудааст, ки дар оғози даргириҳои соли 1992-юми Қӯрғонтеппа, ки шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар низ ба ҳисоб меравад, аз танку тӯп ва аслиҳаи маҳз ҳамин пойгоҳи низомӣ истифода шудааст.

Воҳиди низомии мустақар дар Қӯрғонтеппа дар чаҳорчӯби Пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, фаъолият мекунад. Низомиёни рус дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа аз даврони Шӯравӣ ба ин сӯ мустақар ҳастанд.

"Ин фирқа ҳезумкаши ҷанги Қурғонтеппа буд"

Азимҷон Ваҳҳобов, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон, дар ин иртибот мегӯяд, ҳанӯз дар моҳи сентябри соли 1992 нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматӣ зери раҳбарии сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев бо истифода аз васоили низомии пойгоҳи мазкур вориди даргириҳо шуда, боиси харобии даҳҳо бинои маъмурию маскунӣ ва фирори ҳазорҳо сокини осоишта аз шаҳр гардиданд:

“Дивизияи 201-и Русия, ки дар маркази Қӯрғонтеппа мустақар аст, мутаассифона яке аз омилҳои оғози ҷанг буд, чунки аз силоҳҳо ва васоили ҷангии ҳамин пойгоҳ дар даргириҳои соли 1992-и Қӯрғонтеппа амалан истифода шуда буд. Зеро дақиқан медонем, ки гурӯҳҳое, ки Тоҷикистон буданд, танку тӯпу БТР-ҳои фаровон, яъне силоҳҳои вазнини низомӣ дар ихтиёр надоштанд. Вақте ки танкҳо пайдо шуд дар Қӯрғонтеппа, тирпаррониҳо авҷ гирифт, хонаҳоро оташ заданд, одамон аз шаҳр гурехтанд, қисмате аз одамон кушта шуданд. Аз ин рӯ, саволе ба миён меояд, ки вақте яке аз омилҳои даргириву қатлу ғорату оташсӯзиҳо ҳамин силоҳҳои вазнини пойгоҳи Русия шуда буд, бисёриҳо дар Қӯрғонтеппа имрӯз ба ин андешаанд, ки шояд як воҳиди калони низомӣ дар дохили шаҳр лозим набошад, ба ин хотир ки мабодо аз муҳимоти он гурӯҳҳои манфиатдор ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои соли 1992-ро дубора ба сари мардум такрор накунанд...”

Ҷаноби Ваҳҳобов меафзояд, мавҷудияти як чунин воҳиди низомии хориҷӣ дар маркази яке аз шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон, феълан ҳам дар пасманзари тахрибкориҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаводиси кунунии ҷануби Қирғизистон сокинони маҳаллиро дар ҳоли тарсу изтироб нигаҳ медорад.

"Қиссаи шоҳид"

Дар ҳамин ҳол, Ортиқ Асомуддинов, устоди яке аз мактабҳои таълимоти ҳамагонии Қӯрғонтеппа, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ба сифати тарҷумон бо чандин созмонҳои байналмилалии нозир ва кӯмакрасон кор кардааст, мегӯяд, дар сӯҳбати қумандонҳои собиқ Фронти халқӣ бо гӯши худ шунидааст, ки дар даргириҳои замони ҷанг дар минтақаи Қӯрғонтеппа нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматӣ аз васоили низомии пойгоҳи 201-уми Русия фаровон истифода кардаанд:

“Сардори ҳамонвақтаи воҳиди низомии 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппаро нӯшонданд, маст карданд ва баъди кадом як тавофуқе, тамоми муҳиммоти ҷангиро аз он ҷо берун бароварданд. Инро баъзе гурӯҳҳои муайян аз доираҳои ҳокимияти он давра анҷом доданд. Манфиатдор буданд онҳо. Ман аз таҷрибаи ҳамкорӣ бо мақомоти махсуси хориҷӣ мегӯям, ки душман бо истифода аз вазъи муташанниҷ он гурӯҳеро дар дохили давлати дигар дастгирӣ ва таъмин мекунанд, ки мухолифи давлат ҳастанд, то ин ки ҳокимият аз қудрат даст кашад. Аз ин рӯ, мавҷудияти пойгоҳҳои ҳарбии хориҷӣ дар даруни шаҳрҳо лозим нест, хатарнок аст...”

Ҳамакнун шоҳидони ҳол мегӯянд, бисёре аз қумандонҳои Фронти халқиро дар наздикиҳо ва андаруни воҳиди низомии пойгоҳи 201-уми Қӯрғонтеппа дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дидаанд. Дар миёни онҳо аз ҷумла аз Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Маҳмуд Худойбердиев ном бурда мешавад.

"Ҳадафи ... Сангаку Файзалӣ таъмини амният буд"

Ва аммо Дилором Ҳафизова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, агар ҳам Сангаку Файзалӣ барин қумандонҳои Фронти халқӣ аз нерӯҳои ҳарби пойгоҳи 201-уми Русия истифода кардаанд, ҳадафашон танҳо таъмини амният ва субот дар минтақа будааст:

«Сангаку Файзалӣ нисбати ҳамватанони худ бетафовут набуданд. Албатта наметавонам мутмаин бошам, ки то куҷо боадолат буданд, аммо онҳо ҳам ба таври худ мехостанд як ҷомеаи ҳуқуқбунёд бисозанд. Онҳо то имрӯз ҷонибдорони зиёд доранд. Албатта, шояд нафароне ҳам ҳастанд, ки дар кадом як амалҳое инҳоро гунаҳкор донанд…»

Ва аммо мақомоти расмии Хатлон аз изҳори назар оид ба нақши воҳиди низомии Русия мустақар дар Қӯрғонтеппа, дар таъмини суботи минтақаи ҷанубии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳи тоҷикон, худдорӣ мекунанд.

"Пойгоҳи Русия омили субот аст"

Дар ҳамин ҳол, як афсари воҳиди низомии мазкур дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ин пойгоҳ дар тирамоҳи соли 2004 дар Тоҷикистон расман таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, таъмини амният ва субот дар минтақа ва дар маҷмӯъ дар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ аз вазифаҳои аслии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад ин пойгоҳ аз панҷ ҳазор сарбозу афсари рус иборат буда, воҳидҳои он ба ғайр аз Қӯрғонтеппа, дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб низ мустақар аст. Тоҷикистон тамоми таъсисот ва қитъаҳои заминро барои эҷоди ин пойгоҳ ба таври ройгон дар ихтиёри Русия гузоштааст.

Ин пойгоҳ, бар асоси тавофуқоти миёни Русияву Тоҷикистон, то чаҳор соли дигар ҳаққи мавҷудият дорад ва дар мавриди кӯч додани воҳидҳои низомии он, бахусус аз маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, мақомот чизе намегӯянд.