Рейд дар казиноҳо ва тарабхонаҳои Душанбе

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат бар пояи анҷом додани рейди муштарак дар тарабхонаву дикскоклубҳои пойтахт тасмим гирифтааст, ки барномаҳои фароғатии ин мавзеъҳоро дар чаҳорчӯби фарҳанги миллӣ роҳандозӣ кунанд.
Маърифат Шокирова, корманди масъули Кумитаи мазкур, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз роҳандозии рейди мазкур ба танзим даровардани мавзеъҳои фароғатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ будааст:

«Мо ният дорем, ки тамоми диску клубҳо ва тарабхонаҳоро аз назар гузаронем. Бубинем, ки талабот ба онҳо чи гуна аст, кадом табақа бештар ба инҷо таваҷҷӯҳ доранд. Чи гуна барномаҳои фароғатӣ доранд.»

Даврони казино ва дискоклубҳо


Дискоклубҳо, казино ва тарабхонаҳо бо барномаҳои тефреҳӣ дар Тоҷикистон баъди пошхӯрии Шӯравӣ пайдо шуданд. Ҷомеаи кишвар ба ин падида назари манфӣ дорад ва онро хилофи суннатҳои як кишвари мусалмоннишин унвон мекунад. Насли калонсоли Тоҷикистон бо ишора ба муҳофизакории сохтори шӯравӣ мегӯяд, ки дар шӯравӣ фаъолияти чунин мавзеъҳои фароғати мамнӯъ буд ва мардум низ ба масоили ахлоқ бархӯрди ҷиддитар доштанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон даҳҳо тарабхонаву дискоклубҳо ва казиноҳо фаъолият доранд, ки маъмулан дар баробари пахши таронаву мусиқии зинда, ҳамчунин рақсҳои арабиро пешниҳод мекунанд, ки умдатан бо шиками урён анҷом мешаванд.

Макони рақсҳои урён

Гулбарг Назарова, омӯзгори яке аз мактабҳои олии Душанбе, мегӯяд, ӯ мухолиф нест, агар барои тамошои рақсҳои урён ҷойҳои махсус таҳия шаванд, на тарабхонаҳои маъмулӣ, ки бисёр вақт волидон ҳамроҳ бо фарзандон дар он ҷо ғизо мехӯранд. Ӯ мегӯяд, боре дар яке аз тарабхонаҳо афтода худро дар ҳоли ногувор дарёфтааст:

«Рости ман шарм кардам, ҳатто чизе хурда натавонистам. Ба руяшон ҳам нигоҳ накардам. Дар ҳар як мусиқи як духтари луч рақс мекарданд. Ҷавонон боз қарсак зада онҳоро дастгири мекарданд. Духтарои ҷавон ҳам рақси онҳоро тамошо мекарданд ва чак мезаданд. Ин дар маҳали Зарафшон буд»,

Гурӯҳи мухолифи рақси духтарони урён дар дискоклуб ва тарабхонаҳо мегӯянд, Тоҷикистон кишвари мусалмоннишин аст ва арзишҳои мазҳабии бахши умдаи ҷомеа бояд эҳтиром шавад. Ҷонибдорони он далел пеш меоранд, ки набояд як бахши ҷомеа хостаҳои худро бар бахши дигар бор кунад.

Коҳиши ахлоқи ҷавонон

Насли бузургсол ва миёна мегӯянд дар даҳсолаҳои ахир фақру нодорӣ ва бекориву бесомонӣ арзишҳое, ба мисли ахлоқи ҳамида ва одобу рафтор ҷамъиятро камранг кардааст. Ҷониби дигар иддао дорад, ки Тоҷикистон бояд бо замона гом бардорад.

Дилбар Назарова, устоди донишгоҳ, ин ақидаро рад мекунад ва мегӯяд, арзишҳоро бояд ҳифз кард ва беолоиш ба наслҳои дигар расонд. Хонум Назарова мегӯяд, духтарҳое, ки дар тарабхонаҳо урён мерақсанд, аз сахтии зиндагӣ ба ин шуғл даст задаанд.

Хуршед, роҳбари чандин тарабхонаҳои калон ва бонуфузи Душанбе, гуфт, ки рақси урёни духтарон талаби бозор аст. Хуршед гуфт, ки феълан дар тарабхонаҳояш 13 духтари аз синни 14 то 24-сола боло ба мизоҷон рақси урён мекунад ва дар охири ҳар моҳ ба ин духтарон аз ҳисоби даромади тарабхонаҳо аз 150 то 200 сомонӣ маош медиҳад. Ва мешавад ҳолатҳое ки худи раққосаҳо аз мизоҷон пули калон ба даст меоранд.

Раққосӣ аз ночорӣ

Нигина, раққосаи як тарабхонаи Душанбе хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд «ман зиндагӣ дорам, бояд пул ёбам. Ин ҳам роҳи даромади зиндагӣ аст….»

Моря Умарова, ҷомеашиносӣ тоҷик, мегӯяд, бо ҳама эҳтиром ба озодиҳои инсон ва демократия аз беаҳамият шудани арзишҳои миллӣ нигарон аст.

Аммо ба гуфтаи Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик, дар ҷомеаи Тоҷикистон фарҳанги шарқу ғарб бо ҳам омехта шудаанд ва табиист, ки дар қатори рушди фарҳанги нимбараҳнагӣ, ҳиҷобпӯшҳо ҳам зиёд мешаванд. Ва духтарон ин ҳамаро моли демократия ва озодӣ медонанд, ҳоло он ки демократия ва озодӣ маънои шикастани марзи ахлоқу одоб нест.

Мо барои ин гузориш бо нафарони зиёд сӯҳбат кардем ва хостем назари ҳар ду тараф мунъакис шавад. Аммо, боз ҳам тарафдорони ҳифзи фарҳангу ахлоқи тоҷикӣ бештар буданд. Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, ахлоқ ваксинест, ки бо ҷомеа ба он ҳамеша ниёз дорад ва бояд ба таври мунтазам ин ваксинро бигирад ё моякубӣ шавад.