Дар Рӯзи ваҳдати миллӣ одатан аз нақши кишварҳои миёнарав дар раванди сулҳи Тоҷикистон ситоиш мешавад. Ин чӣ нақше буд? Муруре ба саҳми Эрон, Узбакистон ва давлатҳои дигар, ҳамчун таҷрибае барои корбурд дар Қирғизистони имрӯза ё низоъҳои дигар.
(Ба муносибати 13 -умин солрӯзи Сулҳи Тоҷикистон)
Пас аз ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар, гурезогурези занону кӯдакон аз пайроҳаҳои хунин, муҳоҷират ва ҷиҳод, нафрат, хашм, ва андӯҳ сулҳ барои тоҷикон он қадар ширин буд, ки ҳамаи бадхоҳонро ба як бор бахшиданд ва як некии онҳоро ба сад гирифтанд.
АГАР РУСИЯ НАМЕХОСТ...
Саҳми бузурги Русия дар раванди сулҳи Тоҷикистон гӯё ҳамаи беадолатиҳои сиёсатмадорон ва тиҷорати хунини ҳарбиёни онро ҷуброн
кард. "Агар Русия намехост ё маҷбур намешуд, -- мегӯяд профессор Оливер Руа, он замон намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, -- расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон бисёр мушкил ва ҳатто номумкин мешуд." Шояд ба ҳамин сабаб буд, ки мухолифони тоҷик дар оғоз хостори гуфтушунид бо Русия буданд, на бо ҳукумати Тоҷикистон.
Руа меафзояд: "Дар ибтидо Русия сулҳ намехост. Аммо бо мурури замон нафарони Вазорати умури хориҷӣ дар Маскав тарафдори оштии миллӣ шуданд, аммо ҳамзамон намехостанд, ки оппозитсия тақсими қудрат кунад."
Профессор Руа бесабаб ба Вазорати умури хориҷии Русия ишора накард. Майл ба гуфтушунид замоне ҷиддӣ шуд, ки ин вазорат умури Тоҷикистонро аз дасти ҳарбиён ба дасти худ гирифт. Дар он давра сиёсати Маскавро дар Тоҷикистон ҳарбиёни рус пиёда мекарданд. Онҳо буданд, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ эълон карданд, намехоҳанд, зери фармони ҳукумати маҳаллӣ бошанд ва дар натиҷа Тоҷикистон ягона ҷумҳурии шӯравии пешин шуд, ки аз дороии ҳарбии иттиҳод меросе нагирифт. Ҳамаи ҷумҳуриҳои дигар ҷузвутомҳо ва анборҳои аслиҳаи шӯравиро, ки дар қаламравашон буд, моликияти хеш эълон карданд.
Ба ғайр аз фирқаи 201-и шӯравӣ дар Душанбе ва ғундҳои он дар Кӯлобу Қӯрғонтеппа боз нерӯҳои марзбон вуҷуд доштанд, ки ба Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ тобеъ буданд. Ҳукумати Тоҷикистон ба гирифтани онҳо низ майле нишон надод.
ДИПЛОМАТИЯИ ҲАРБӢ
Аммо ҳарбиён чӣ сиёсатеро пеш мебурданд? Анатолий Адамишин, ки ҳамчун муовини вазири умури хориҷии Русия дар мулоқоти махфӣ бо сарони оппозитсия Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар соли 1994 ба раванди сулҳ асос гузошт, сабаби пешдастии ҳарбиёнро ба нобасомониҳои дохили Русия бастагӣ медиҳад: "Он вақт, дар ҳақиқат, як хатти машши қоиме вуҷуд надошт, ки ҳамаи идора ва ниҳодҳо онро иҷро кунанд."
Таърихнигор ва сиёсатшинос Артём Улунян аз Пажӯҳишгоҳи таърихи ҷаҳон дар Маскав мегӯяд, Русия он вақт расман аз ҳимояи аҳолии русизабони Тоҷикистон шиор мезад, вале амалан аз он ҳарос дошт, ки дар давлатҳои тозаистиқлол ҳукуматҳои дилнохоҳаш ба қудрат мерасанд. Дар ҳамин ҳол раҳбари Узбакистон Ислом Каримов ҷаҳонро ҳушдор медод, ки дар Тоҷикистон бунёдгароёни исломӣ нуфуз пайдо мекунанд.
ДАХОЛАТИ УЗБАКИСТОН
Улунян мегӯяд: "Набояд фаромӯш кард, ки оппозитсия дар Тоҷикистон як тобиши муайяни динию мазҳабӣ дошт. Ва дар Маскав он вақт сахт метарсиданд, ки дар Осиёи Марказӣ баногаҳ исломи сиёсӣ бартарӣ ҳосил кунад."
Русия ва Узбакистон аз мухолифони исломи сиёсӣ пуштибонӣ карданд ва онҳоро ба қудрат расонданд. Муовини аввали раҳбари Иттиҳоди оппозисюни тоҷик Ҳоҷӣ акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, Узбакистон аслан хостори гуфтугӯи Душанбе бо мухолифон набуд: "Воқеан аз рӯзи аввал мо медонистем, ки ин кор (ҷангро) Узбакистон тарҳрезӣ кард. Қариб сад танк, садҳо зиреҳпӯш, ин қадар силоҳу муҳимоту захираи тирро, ки Ҷабҳаи халқӣ дошт, кӣ дода буд? Албатта, Узбакистон. Ва ин ҳамаро бе шарту шароит надода буд. Баъдан ҳам эътироф карданд, шарт ҳамин буд, ки бояд оппозится ҷисман нобуд карда шавад. Ҳеҷ гуна музокирот нашавад."
Ба ақидаи ҷаноби Тӯраҷонзода, гуфтушунид замоне имконпазир шуд ва натиҷа дод, ки байни Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмонов сардӣ афтиду, зимоми кор бештар ба дасти Русия гузашт.
ҲАМПАЙМОНҲОИ ТАСОДУФӢ?
Маскав таъсири Тошкандро дар Тоҷикистон маҳдуд кард, зеро маълум шуд, ду ҳампаймони муваққатӣ аҳдофи мухталиферо дунбол мекунанд. Тоҷикистон барои Маскав ягона ҷои пое шуда буд, ки дар Осиёи Марказӣ боқӣ бимонад ва марзбононашро ба сарҳади Қазоқистон накӯчонад. Тошканд умедвор буд, ки Тоҷикистонро дар итоати худ нигоҳ хоҳад дошт ва пайи Русияро аз он хоҳад рӯфт, то ба нерӯи асосии минтақа табдил ёбад. Тошканд инчунин ҳарос дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба қиблаи тоҷикони Узбакистон ва Афғонистон табдил наёбад ва иддаои Самарқанду Бухороро дар миён нагузорад.
Вақте ки мухолифони рондашудаи тоҷик дар Афғонистон бо ҳам иттиҳод бастанд ва ба фаъолиятҳои сиёсиву низомӣ пардохтанд ва ба вижа пас аз қатли оми марзбонони рус дар қитъаи 12-уми марзи Тоҷикистону Афғонистон, Маскав қадами ҷиддӣ ба пайроҳаи сулҳ гузошт.
ГУФТУШУНИДИ ЗЕРИ НАЗОРАТ
Гуфтушуниди тарафҳо бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 идома кард. Дар оғоз ҳадафи Русия ва ҳукумати Тоҷикистон асосан бозгардони паноҳандагон ва аз пойгоҳи иҷтимоӣ маҳрум кардани мухолифон буд. Яке аз ширкаткунандагони он, коршиноси ҳайати музокиракунандаи мухолифон Олег Панфилов мегӯяд: "Гуфтушунид хеле мураккаб буд. Ҳайати ҳукуматӣ дар паси худ нерӯро ҳис мекард. Он аз пуштибонии Русия бархӯрдор буд ва биноан сабаби ба дарозо кашидани ин гуфтушунид ба он бастагӣ дошт, ки тарафи давлат аҳёнан ба гузашт розӣ мешуд."
Ба сурати умум ҳолате ба миён омада буд, ки ҳарду ҷониб, ҳам давлат ва ҳам мухолифон маҷбур буданд, ба даҳони Русия нигаранд. Дар ин байн ҳавопаймоҳои Русия ва Узбакистон деҳоти Тоҷикистонро бо шубҳаи ҳузури мухолифон бомбаборон мекарданд. Ҳатто урдугоҳи паноҳандагони тоҷик дар Афғонистон се дафъа ҳадафи бомбаборон ва як дафъа ҳадафи тӯпхона қарор гирифт. Дар кишвар паиҳам сӯиқасдҳои сиёсӣ ашхоси саршиносро аз миён мебурд. Иттиҳоди мухолифони тоҷик дар шарқи Тоҷикистон ба пирӯзиҳои ҳарбӣ ноил мегашт ва аввалин нишонаҳои ихтилоф дар урдуи ҳукумат падид меомад.
Дар як даврае аз гуфтушунид Русия талош кард, дар байни гурӯҳҳое, ки Иттиҳоди оппозисюнро таркиб дода буданд, ҷудоӣ андозад ва онро ба исломгароёну демократҳо тақсим намояд.
АЗ ФОРУМ ТО КУМИССЮН
Хатти гуфтушунид гоҳ ба боло, ба сӯи рӯшанӣ ва комёбӣ ҳаракат мекард ва гоҳи дигар ба умқи шикасту нокомӣ фурӯ меафтод. Намояндаи давлат дар чандин даври музокирот, Абдулмаҷид Достиев дахолати Русияро ба тасмимгириҳои давлат рад мекунад:
Аммо намояндаи мухолифон, раиси вақти Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҷумъабой Ниёзов як моҳ пас аз поёни даври гуфтушунид дар Алмато чунин гуфта буд: "Соати 2-и шаб ба ифоқа омадем, ки фардо, дар маҷлиси умумӣ мебоист, ин чиз расман имзо мешуд аз ҳарду тараф. Лекин дар як шаб, аз Маскав ҳамон шаб муовини вазири корҳои хриҷии Русия (Чернишев) ба Алмато омад ва фардо тарафи ҳукумат аз ин чиз, аз имзо кардани ин ҳуҷҷатҳо даст кашид. Ва мо аз Алмато, гуфтан мумкин, қариб ки бе ягон дастовард баргаштем."
Ин чӣ ҳуҷҷати муҳиме буд, ки Маскав аз имзои он пешгирӣ кард? Қарордоде буд дар бораи таъсиси Форуми халқҳои Тоҷикистон, ниҳоде бо ширкати намояндагони ҳамаи маҳалҳо, созмонҳои миллию мардумӣ, андешмандону рӯшангарон ва пирони ҷомеа барои татбиқи созишҳои оштии миллӣ. Он вақт раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфта буд, кишвараш омодааст, харҷи бигзор даҳсолаи кори ин форумро бипардозад.
ҚАРЗ БА ҚИЁМАТ?
Сиёсатшинос Улунян мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд Русия мехост, аз таъсиси чунин як форум, ки метавонист, ба пойдевори ҷомеаи маданӣ ва демократии Тоҷикистон табдил ёбад, пешгирӣ кунад. Александр Облов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон он вақт гуфтааст, созмони татбиқи созишҳо бояд камодам бошад, то касби тасмим дар он осонтар шавад. Вале, ба гуфтаи Улунян, ин ҷо шояд ҳадафи дигаре низ вуҷуд дошт. "Ман комилан мӯътақидам, ки ширкат накардани қишрҳои васеи пеш аз ҳама сиёсии Тоҷикистон дар раванди оштӣ дар ниҳояти амр сабаби яккатозии як гурӯҳ, як сулола шуд."
Улунян мегӯяд, шубҳае нест, ки тамоми раванди гуфтушунид зери назорати Русия буд ва Маскав аз он ба манфиатҳои сиёсии худ истифода карда, дар ҷараёни музокироти сулҳи тоҷикон бо Эрон, Иёлоти Муттаҳида, Покистон, Созмони Милал ва давлатҳои Осиёи Марказӣ додугирифтҳои худро анҷом медод.
Нақши кишварҳои дигар ба чӣ навъ буд?
ЭРОН
Яке аз аввалин кишварҳо буд, ки дар соли 1991 дар Тоҷикистон сафорати худро боз кард. Дар оғози низои Тоҷикистон ба он айбдор шуд, ки аз исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Вале ба зудӣ зимни таҳкими равобит бо ҳукумате, ки дар иҷлосияи Хуҷанд таъсис ёфт, бетарафии худро нишон дод. Ин мавзеъ ба Эрон имкон дод, бо ҳарду тараф тамоси хуб дошта бошад. Се даври муҳими гуфтушунид ва ду мулоқоти сарони тарафҳо дар Теҳрон ба пешрафти раванди сулҳ муосидат карданд. Аввалин оташбаси байни тарафҳо дар моҳи сентябри соли 1994 дар Теҳрон ба имзо расид. Дар ин байн чандин созишномаи муҳими иқтисодию тиҷоратӣ байни Русия ва Эрон ба имзо расид. Бархе аз коршиносон гуфтаанд, яке аз созишҳо дар гуфтушуниди сулҳи тоҷикон замоне ба миён омад, ки Русия ба фурӯши ду киштии зериобӣ ба Эрон ризоият дод. Аммо сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ мегӯяд, кишвараш танҳо эҳёи сулҳ ва субот дар Тоҷикистонро ҳадафи худ қарор додааст.
УЗБАКИСТОН
Ба эътирофи ҳарду ҷониби низои Тоҷикистон, дар ангехтани ҷанг, расондани силоҳу муҳимот ба яке аз тарафҳо, фишори дипломатӣ ба Русия, фиристодани мушовирони ҳарбӣ, бомбаборони деҳоти шарқи Тоҷикистон, ангехтани генерали узбак, Абдулрашиди Дӯстум, бар зидди муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон масъул аст. Бархе аз коршиносон бар инанд, ки ҷаласаи ҳукумати нави Тоҷикистон ва ҳарбиёни Узбакистон дар Тирмиз дар моҳи ноябри соли 1992 шанси сулҳро он замон аз байн бурд ва ба авҷ гирифтани ҷанг мусоидат кард. То соли 1995 Узбакистон аз наздиктарин иттифоқчиёни Тоҷикистон буд. Дар музокироти сулҳ низ Тошканд ибтидо аз давлат ҳимоят кард, аммо дар соли 1995 президент Каримов ба танқиди ҳукумати Тоҷикистон пардохт ва аз таҳкими ҳузури ҳарбии Русия изҳори нигаронӣ кард. Бо наздик шудани тарафҳо ба созиши ҳақиқӣ хост, сарони мухолифонро зери таъсири хеш бигирад. Узбакистон дар ибтидо қарордоди умумии сулҳи Тоҷикистонро ба ҳайси кафил имзо накард, вале дертар ба кишварҳои "Гурӯҳи тамос" шомил шуд. Ошӯбҳои сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев дар солҳи 1996 ва 1998 аз охирин талошҳои мудохилаи ҳарбии Узбакистон ба умури Тоҷикистон шумурда мешаванд.
АФҒОНИСТОН
Дар ҳоле ки зиёда аз 130 000 паноҳандаи тоҷикистониро бародарвор пазируфта буд, раисиҷумҳури вақти ин кишвар Бурҳонуддини Раббонӣ ва вазири дифоъ Аҳмадшоҳи Масъуд, ки хостори қатъи нооромӣ дар Тоҷикистон буданд, сарони мухолифонро ба сулҳи беқайду шарт даъват мекарданд. Ҳамзамон фармондеҳони муайян мухолифонро бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ таъмин менамуданд. Ду мулоқоти сарон дар Кобул ва гуфтушуниди Хусдеҳ ба ҷаҳиши муҳим дар музокирот мусоидат карданд. Ҳукумати Раббонӣ бо василаи кӯмак ба раванди сулҳ аз Русия ба воситаи Тоҷикистон мадад мегирифт, то ба фишори афзояндаи Толибон муқовимат кунад. Ба сурати умум ҷанги Тоҷикистон яке аз пасзарбаҳои мудохилаи Шӯравӣ дар Афғонистон шумурда мешуд ва ҳамзамон барои сарони мухолифат намунаи боризи он ояндаи имконпазири Тоҷикистон буд, ки низ онҳоро ба сулҳ водор намуд. Тундии ҳаракати Толибон дар ишғоли вилоятҳои шимол ва наздик омадани онҳо ба марзи Тоҷикистон омили фишор ба Маскав низ шумурда мешавад.
ҚИРҒИЗИСТОН
Дар соли 1995 як баталиони худро ба ҳайати Нерӯҳои посдори сулҳи Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Тоҷикистон фиристод ва яке аз мулоқотҳои ду ҳайатро таҳти сарварии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди оппозисюни тоҷик Саид Абдуллоҳи Нуриро мизбондорӣ кард. Сарвазири пешини Қирғизистон Феликс Қулов аввалин сиёсатмадори кишварҳои ҳамсоя буд, ки ҳанӯз дар соли 1992 бо миссияи миёнаравӣ ба Тоҷикистон сафар кард. Қулов мегӯяд: "Талоши ҳам ҳукумат ва ҳам оппозисюн ба он буд, ки кишвар аз даст наравад. Биноан ман метавонистам ҳам ба инҳо ва ҳам бо онҳо забони муштарак ёбам. Вале онҳо аз беэътимодӣ ба ҳам якҷо гирд омада наметавонистанд. Биноан ба ҳайси кишварҳои кафил ба саҳна омадани кишварҳои мо ба онҳо кӯмак кард, то ба ҳамдигар бовар кунанд."
ТУРКМАНИСТОН
Ҳамчун кишваре, ки бетарафӣ эълон карда буд, аз фиристодани нерӯ ба Тоҷикистон худдорӣ кард, аммо се марҳилаи тӯлонии даври панҷуми гуфтушунидҳо дар зимистони соли 1995 ва тобистони соли 1996 дар меҳмонии президенти ин кишвар Сафармурод Ниёзов ҷараён ёфт. Паноҳандагони тоҷик дар ин кишвар осуда ба сар мебурданд.
ҚАЗОҚИСТОН
Ба дунболи Русия аз таъсиси Нерӯҳои посдори сулҳи Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Тоҷикистон ҳимоят кард ва як баталиони худро ба Тоҷикистон фиристод. Аммо дар кӯтоҳтарин фурсат, пас аз ҳалокати аввалин сарбози қазоқ ин баталионро фаро хонд ва аз ширкат дар талошҳои сулҳу эътидоли Тоҷикистон ба андозаи зиёд канораҷӯӣ кард. Даври чаҳоруми гуфтушуниди сулҳ дар тобистони соли 1995 дар Алмато тақрибан бе натиҷае ба поён расид. Ин дар ҳоле буд, ки Қазоқистон мехост, Машварати Чораҳои Эътимод ва Амният дар Минтақаро ба як созмони ҷаҳонӣ табдил диҳад.
ПОКИСТОН
Ҳамчун кишваре, ки дар муҳосираи низоъҳои Афғонистон ва Кашмир мондааст, алтернативаи амниятии худро дар Осиёи Марказии мустақил меҷуст. Дар оғози солҳои 1990 он бо Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон созишномаҳои азиме ба имзо расонд, аз ҷумла дар бораи эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва интиқоли энержӣ аз Тоҷикистон. Аммо ҷанги Тоҷикистон ин нақшаҳоро бар бод дод. Бо вуҷуди он ки Афғонистон меҳвари сиёсати хориҷии Покистонро ташкил мекард, Исломобод таваҷҷӯҳашро ба сулҳ дар Тоҷикистон низ муҳим медонист. Даври савуми гуфтушуниди сулҳ дар Покистон баргузор гашт, вале як даври тақрибан камнатиҷа буд. Ҳукумати Покистон тавон ва имкони таъсир ба тарафҳоро надошт. Дар оғози ташаккули Иттиҳоди оппозисюни тоҷик яке аз раҳбарони он Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро аз кишвар ихроҷ карда буд. Аз сӯи дигар Покистон аз ҳукумати Русия талаби тазмини амнияти Ҳимматзода ва Тӯраҷонзодаро гирифт, то онҳо битавонанд, барои ширкати ғайримустақим дар даври аввали музокирот ба Маскав сафар кунанд.
ХУЛОСА
Аммо муҳимтарин созишҳо дар Маскав ҳосил ва қарордоди сулҳ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид. Раисиҷумҳури Русия, Борис Елтсин буд, ки бо таҳдид ва тамасхур мегуфт, кишвараш омода нест, дигар Тоҷикистонро дар рӯи даст бардораду гардад. Сарвазир Виктор Черномирдин намояндаи аршади мухолифонро таҳдидомез гуфта буд, бояд ба ҳаёт ва ояндаи худ низ биандешад.
Агар як натиҷа имзои созишнома бошад, натиҷаи дигари назорати шадиди Русия ба раванди сулҳи Тоҷикистон, ба гуфтаи аксари коршиносон, дар сари қудрат дар Душанбе нигоҳ доштани элитае буд, ки аз хатти кашидаи Маскав берун набарояд. Аз ин нигоҳ низ Русия ба сулҳи ҳақиқӣ ва амиқи тоҷикон манфиатдор набуд. Ҳарчанд имрӯз сардие дар равобити байни Душанбе ва Маскав ба назар мерасад, Русия мутмаин аст, ки Тоҷикистон хатти машши доимии хешро идома хоҳад дод.
Оё имкон дорад, ки дар сурати ҳамгун шудани вазъи фардоинаи Қирғизистон бо гузаштаи Тоҷикистон Русия аз ин таҷрибаи бои хеш истифода кунад? Зоҳиран хоҳад кард, вале ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд 13 сол чандон фурсати бузурге нест, минтақа назар ба оғози солҳои 1990 хеле тағйир кардааст.
Таърихнигор ва сиёсатшинос Артём Улунян мегӯяд, ба ақидаи ӯ, давраи чунин сиёсатҳои истеъморӣ ва нуфузгузорӣ гузаштааст. Ҳар абарқудрате, ки фикр мекунад, бо ангезиши нооромӣ ё истифода аз хусумату хушунатҳои дохилӣ метавонад, кишвареро, бигзор ҳатто як кишвари хурдеро зери итоат медарорад, ғалат мекунад ва агар на имрӯз ё фардо, балки ҳатман пасфардо пайомадҳои чунин иқдомро худ хоҳад чашид. Аммо таърих то ҳол инро камтар дидааст.
Пас аз ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар, гурезогурези занону кӯдакон аз пайроҳаҳои хунин, муҳоҷират ва ҷиҳод, нафрат, хашм, ва андӯҳ сулҳ барои тоҷикон он қадар ширин буд, ки ҳамаи бадхоҳонро ба як бор бахшиданд ва як некии онҳоро ба сад гирифтанд.
АГАР РУСИЯ НАМЕХОСТ...
Саҳми бузурги Русия дар раванди сулҳи Тоҷикистон гӯё ҳамаи беадолатиҳои сиёсатмадорон ва тиҷорати хунини ҳарбиёни онро ҷуброн
Соати 2-и шаб ба ифоқа омадем, ки фардо, дар маҷлиси умумӣ мебоист, ин чиз расман имзо мешуд, лекин...