Кишварҳои нокоми ҷаҳон дар соли 2010-ум

Маҷаллаи "Foreign Policy" ё худ Сиёсати Хориҷии чопи Вашингтон ва "Fund for Peace" ё худ Хазинаи Сулҳ, ки як пажӯҳишгоҳи мустақили суботи кишварҳо мебошад, гузоришеро дар бораи кишварҳои нокомтарини олам дар соли равон нашр кардаанд.
Соли равон созмонҳои ёдшуда аснои таҳияи руйхати кишварҳои ноком аз 90000 сарчашмаи қобили дастрасии 177 кишвари олам дар масъалаҳои марбути паноҳандагон, мушкилиҳои иқтисодӣ, поймолшавии ҳуқуқи башар ва таҳдидҳои амниятӣ истифода бурданд.

Хуллас, имсол Маҷаллаи "Foreign Policy" ва "Fund for Peace" ё худ Хазинаи Сулҳ 60 кишварро дар руйхати мамлакатҳои ноком ҷо додаанд.

Сомалӣ

Имсол ҳам кишвари африқоии Сомалӣ дар байни мамолики нокоми олам ҷои аввалро ишғол намудааст. Маҷаллаи "Foreign Policy" ва "Fund for Peace" ё худ Хазинаи Сулҳ менависанд, дар ҳоле, ки роҳзанҳои баҳрӣ ҳамлаҳо болои киштиҳои тиҷорӣ дар соҳилҳои Сомалиро афзоиш додаанд, ҷангҷӯёни исломӣ нуфуз рӯи кӯчаҳои пойтахти ин кишвар шаҳри Моғадишоро тавсеа бахшидаанд.

Муалифони гузориш хотирнишон мекунанд, ки баъди кӯшиши нокоми бомбгузории маргталабона дар ҳавопаймои озими шаҳри Детройти ИМА кишвари ба истилоҳ "фаромӯшшудаи Яман" ва тамрингоҳҳои террористон, ки дар ин мамлакат бунёд шудаанд, дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт.

Қирғизистону Яман

Эҳтимол амалиёти артиши Яман бар зидди ошӯбгарону барканоршавии президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо нооромиҳои ахири ҷануби Қирғизистон соли оянда Яману Қирғизистонро дар қатори аввали мамолики ноком мустақар намоянд. Дар руйхати даҳ кишвари ноком бар иловаи Судону, Чаду, Зимбабвеву Ҷумҳурии Демократии Конгову Ҷумҳурии Африқои Марказиву Гвинея се кишвари минтақаи Осиё: Покистон, Афғонистон ва Ироқ ҷойгир шудаанд.

Сарфи назар аз нокомии умумии Зимбабве муаллифони гузориш ёдрас кардаанд, ки барои аввалин бор дар тӯли чанд соли ахир ҳукумати эътилофии Зимбабве тавонист, ки инфлятсия ё худ таваррумро ба қадри кофӣ коҳиш дода, ба рушди иқтисодаш муваффақ шавад. Ҳамин гуна маҷаллаи "Foreign Policy" ва Хазинаи Сулҳ навиштаанд, ки ҳукумати Шри Ланка ошӯби дарозмуддати гурӯҳи Тамил Иламаро шикаст дода, вазъи амниятии ин кишварро беҳбуд бахшидааст.

Ҳамчунон кишварҳои африқоии Сиера Леоне ва Либерия то ҳадде комёб шудаанд, ки имсол онҳоро дар руйхати 20 кишвари нокомтарини олам наметавон пайдо намуд.

Намунаҳои мусбат ва манфӣ

Муаллифони гузориши кишварҳои нокомтарини олам дастовардҳои Колумбия ва Ҷумҳурии Доминиканро ҳамчун намунаи мусбат ва идомаи бӯҳрон дар Гватемала, Ҳондурас, Эрон ва Нигерияро ба ҳайси намунаҳои манфӣ, яъне кишварҳои ноустувор ёдрас кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам монанди 5 кишвари дигари собиқ Шӯравӣ дар рӯйхати кишварҳои ноком баъди Узбакистону Гурҷистон дар макони 38 ҷо гирифтааст. Сипас Қирғизистон дар ҷои 45, Озарбойҷон дар ҷои 55 ва Молдова дар макони 58 -уми мамолики номуваффақ дарҷ шудаанд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Вашингтон аз сухангӯи Хазинаи сулҳ Марк Лукас пурсидам, ки дар муқосаи бо солҳои пеш вазъи Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад:

"Зоҳиран дар ин ҷумҳурӣ баъзе мушкилиҳои марбут ба хадамоти ҷамъиятӣ эҳсос мешавад. Ман дар ёд дорам, ки зимистони соли 2008-2009 давраи хеле душвор буд. Вале бар пояи пажӯҳиши мо дар соли 2009-ум дар Тоҷикистон баъзе нишонаҳои беҳбуд дар соҳаҳои хадамоти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ҷо дошта, қадамҳои хурди ҳукумат дар самти беҳбуди вазъ ҳадди ақал дар муқоиса бо як соли пеш ба чашм мехӯрданд".

Хуб, дар бораи кишварҳои ҳамсоя чӣ гуфта метавонед. Марк Лукас сухангӯи хазинаи Сулҳ, ки қароргоҳаш дар Вашингтон аст:

" Агар шумо вазъи Қирғизистонро аз назар гузаронед, мебинед, ки соли гузашта ин кишвар ором буд, вале хушунатҳои сиёсиву қавмӣ вазъи ин ҷумҳуриро комилан ноором кардаанд. Кишварҳое ба монанди Қазоқистону Туркманистон аз нуқтаи назари иқтисодӣ устувор мебошанд. Аммо аз нуқтаи назари озодиҳои сиёсӣ дар он ҷо ҳам мушкилӣ зиёд аст. Узбакистон ҳам аз мушкилиҳо орӣ нест. Нооромиҳои Қирғизистон метавонанд, ин кишварро ҳам ноором кунанд. Бар илова дар худи Узбакистон ҳам баъзе мушкилиҳои қавмиву мазҳабӣ ҷо доранд. Хуллас, соли 2009-ум аз баъзе паҳлӯҳо боиси нигаронӣ буд, вале дар ин сол мояи хушбинӣ ҳам кам набуд. Кишварҳои минтақа ба вазъи ҳуқуқи башар таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд".

Марк Лукас, сухангӯи Хазинаи сулҳ, дурнамои минтақаро чӣ гуна мебинед:

" Бо назардошти заъфи ҳокимятдории қонун дар кишварҳои минтақа ақидаи умумӣ дар бораи Осиёи Марказӣ ин аст, ки ҳукуматҳо хушунатҳои Қирғизистонро баҳона карда, фишор болои мухолифин, гурӯҳҳои мазҳабӣ ва ақаллиятҳои диниву қавмиро тавсеа мебахшанд. Ба фикрам соли 2010-ум ва солҳои оянда мо аз ин нигоҳ дар ташвиш хоҳем буд."