"Муин"-и тоҷик дар меҳмонии "Ситораборон"

Фахриддини Малик

Фахриддини Малик аз овозхонони маъруфи тоҷик 2 апрели соли 1971 дар ноҳияи Ҳамадонии Хатлон таваллуд шудааст. Аз синфи 3 мактаби миёна бо мусиқӣ машғул аст. Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро бо ихтисоси актёр ва коргардон хатм кардааст.
Ӯро аз поягузорони «сабки муинӣ», услуби хондани овозхони маъруфи эронӣ — Муин меҳисобанд. Бо овозхонони эронӣ, африқоӣ, араб, турк ва рус ҳамкорӣ мекунад. Ҳамзамон муаллиф ва барандаи барномаи «Маҳбуби дилҳо» дар шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон аст.

То ба ҳол 7 албомаш нашр шудааст. Дар Туркия, Эрон, Имороти муттаҳидаи Араб, Русия ва Қазоқистон консерт баргузор кардааст. Консерти ояндааш дар хориҷи кишвар дар Олмон барпо мешавад.
Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Муин"-и тоҷик