Мактуби шикоятии буз

Дўстон ва ҳамкасбон, яъне бузҳо! Ман шунидам, ки чанде пеш, дар ин ҷо, хар - бузӣ кардааст? Оё вай аз кадом наслу нажод будани худро медонад? Медонад, ки бобою бобокалонаш киҳо буданд? Намедонад! Ман ҳамчун бузи ҳақиқӣ, шуморо бовар мекунонам, ки хар аз нажоди худ бехабар аст ва барои исботи ақидаи худ ба шумо далел меорам.
Шумо албатта хуб дар ёд доред, ки дар гузаштаи на чандон дур (аз назари бузҳо ) ҳазрати Боби Одам ва кампири Момо Ҳавворо дар сари... гуноҳашон дошта, барои вайрон намудани қонунҳои дохилии биҳишт, бодабдаба, аз муассисаи номбурда, ронданд. Аз рўи ҳукми Садрнишинони ин идораи бонуфуз,онҳоро аз ҳам ҷудо карда, якеро ба Машриқ ва дигареро ба Мағриб ба «командировка»-и абадӣ фиристоданд, то ки минбаъд ҳаргиз бо ҳам вонахўранд ва дигар... вай, умуман, «қонуншиканӣ» накунанд.

Вале садрнишинони аъзам, бехабар буданд, ки ба ғайр аз Бобои Одам боз як нафаре ба Момо Ҳавво бо чашми шаҳват менигарист ва доим интизор буд, ки пайти мувофиқ ёфта бо Момои Одамон як вай... «қонуншиканӣ» карда гирад.

Аз ҳам ҷудо кардани Одаму Ҳавво барои ў тўҳфаи беҳтарин буд... Бинобарин вай дарҳол харашро зину лаҷом зада... Воқеан он вақт, ҳоло хар набуд ва умуман хар дар биҳишт чӣ номаъқул мекунад?.. Вай бузашро савор шуда ... умуман... Пиёда... вай, пиёда, худаш танҳо, ба ҷустуҷўи Момо Ҳавво баромад.

Оё шумо пай мебаред, оне ки ман ҳоло дар борааш гап зада истодаам кист? Намедонед? Ман ба шумо мегўям. Он, рафиқон , ҳамин Шайтон буд. Бале, бале, Иблис!

Вай ба Момо Ҳавво ошиқи шайдо буд ва мехост ҳарчи тезтар ўро ёфта то аз «командировка»-и Мағриб баргаштани шавҳари қонунии Момо Ҳавво,-Бобои Одам, бо хонум як ду бор «қонуншиканӣ» кунад.

Вай Момо Ҳаввои танҳомондаро он қадар ҷустуҷў кард, он қадар дар фироқи ў сўхту пухт, ки на Тоҳиру Зўҳро, на Вомиқу Узро, на Руслан ва Людмила ва на Ромео ва Ҷулйет барин ошиқони шарқу ғарб, даҳяки ин сўхтанро надида буданд.

Пас аз он ки аз ҷустуҷую саргардонӣ, чоруқҳои шайтон ғалберу асояш сўзан гашт, хабар ба Садрнишинон расид ва дили эшон ба ҳоли шайтон сўхта (ин ҳам кори шайтон), хостанд мушкили ўро осон намоянд. Пас аз маслиҳату ҷанҷоли дуру дароз онҳо қарор доданд, ки дар сари роҳи шайтон, сангеро зинда сохта ба шакли Момо Ҳавво дароранд ва он бечораро аз оворагардӣ халос намоянд. Гуфтанду - карданд.

Шайтон, «Момо Ҳавво»-и ногоҳ аз сари роҳаш баромадаро дида, гов гашт. «Мабодо боз ин хоб набошад» - аз дил гузаронд ў ва аз тарси он ки аз хоб бедор мешавад, бо «Момо Ҳавво»-и фалшивый... вай... қалбакӣ зуд «қонуншиканӣ» кард. «Момо Ҳавво»-и аз сангсохташуда низ, барои исботи он ки ин хоб нест, дар худи ҳамон ҷо, ҳамон соат, ба қавле «Аз касса дур нарафта» барои шайтон фарзанде таваллуд карда дод. Ва он фарзанд медонед кӣ буд? Ҳамин хар! Бале, бале, ҳамин харе ки аз болои бузҳо шикоят навишта моро ба шайтонию хабаркаши муттаҳам намудааст, худ бегуфтугу фарзанди шайтон аст.

Шайтон, ки чунин сурат гирифтани корро ҳеҷ мунтазир набуд, барои аз алимент халос шудан, бо баҳонаи коркобӣ, думро ба тарафи Россия хода кард. Хар дар тарбияи санги сиёҳ монд...

Акнун ман ба шумо мегўям: фарзанде, ки аз издивоҷи сангу шайтон, ба вуҷуд омадааст, ғайр аз хар чизи дигаре буда наметавонад. Аз ин ҷост якраҳагию гарданшахии харҳо. Аз ин ҷост сангдилии онҳо нисбат ба бузҳо. Селу хоришак баҳона аст!

Харҳо аз зиёд шудани сафи мо бузҳо, меҳаросанд. Метарсанд, ки харигарӣ рўз то рўз камтар гашта, бузигарӣ меафзояд. Ба ман нишон диҳед, касеро ки дар умри худ боре бузӣ накарда бошад. Умуман ҷамъияти бебуз, ҷамъият не, пода аст.

Бузигарӣ ҷамъиятро доим огоҳ мекунад ва тозагии синфиро нигоҳ медорад. Агар харе хокистартўдаеро ғел зада вайрон кунад ё масалан нобаҳангом ҳанг занад, мо дарҳол ба ҷои даркорӣ хабар медиҳем.

Вай падари моро ба чамбаршохӣ модари моро бо сабукпои гунаҳгор мекунад. Аз падару модари худаш бехабар аст!

Падари вай, ки нархари ботамкине буд ба бемаънигиҳои модараш тоб наоварда як ҳарфи номашро бо шох иваз карда ба «Архар» табдил ёфта сокини кўҳҳои баланд гашт. Ман модарашро ҳам мешинохтам. Вай мочахаре беш набуд.Ҳатто дар пода ҳама ўро мочағар мегуфтанд, зеро ки бетартиб буд. Аммо вай ба воситаи порадиҳӣ як ҳарфи номашро кўр карда ба «Очахар» табдил ёфт ва баъд, ҳангоми аз пасаш сур кардани харҳои дигар аз ҷар парида мурд.

Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун бозгардад ҳамон хар бошад.

Бинобарин ман таклиф мекунам:
1. Хар харигариашро карда гаштан гирад.
2. Ба харБузаю тарБуз бисёр начаспад, вагарна:
3.Тарбуз ба «Арбуз» ва Харбуза ба «Бузбала» табдил дода шавад.

Биёед, рафиқон, ҳар кас... алафи худашро хурад!

\ ҷ о и и м з о ҳ о и б - и - с - ё - о - о - р... \ Подаи бузҳо