Ҳарсола садҳо нафар занону духтарони тоҷик дар заминаи рашк ба шавҳар ва дӯстдошта даст ба худкушӣ мезананд, ки аксари ин ҳодиcаҳо бо марг хотима меёбад.
Сокини пойтахт бонуи 28 сола, ки аз бурдани номаш худдори кард соҳиби 3 фарзанд аст. Шавҳарашро дӯст медорад, аммо ба садоқати ӯ эътимод надоштааст. Ба назараш рӯз аз рӯз муҳаббат ва таваҷҷӯҳи дӯстдоштааш нисбат ба ӯ камтар ва муносибати онҳо камранг мегардад.
Ба такрор аз кор дер ба хона баргаштани шавҳар шубҳаро дар дилаш афзун мекунад. Рӯзе бо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳи шавҳар, бо истеъмоли доруҳои карахткунанда худро заҳролуд мекунад. Вай мегӯяд, «бо эҳсоси рашк зиндагӣ дар назарам беарзиш намуд. Ҳатто ояндаи фарзандонамро пеши назар наовардам, вуҷудамро яъсу ноумеди фаро гирифт. Гумон кардам, тамоми дороиямро аз дастам рабудаанд ва дар зиндагӣ нафари нолозим ва раҳгумзадаам».
Даҳҳо маризи рашк
Дар шӯъбаи заҳролудшавии беморхонаи клиникии рақами 3, дар ним соли аввал беш аз 300 бемор бистарӣ шудааст, ки ҳудуди 12 дарсади маризон бо эҳсоси рашк аз зиндагӣ дил кандаанд.
Давлатсултон Ғарибшоева, табиб ва мушовири ин шӯъба, аз таҷрибааш мегӯяд, одатан нафарони аз 15 то 40-сола бо эҳсоси рашк ба шавҳар ё дӯстдошта, даст ба худкушӣ мезананд. Ҳодисаҳои аз рашк даст ба худкушӣ задани бонувон ва ҳатто писарон кам нест, меафзояд хонум Ғарибшоева.
Дар тӯли як моҳ дар шӯъбаи онҳо 15 нафар бистарӣ шудаанд, ки аз ин шумор ҳафт бемор хостааст азизонашонро барои бемеҳрӣ бо марги худ ҷазо бидиҳанд. Одатан ин нафарон бо мақсади тарсонидани атрофиён ва ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо дору ё сиркову кислота истеъмол мекунанд, аммо дар аксари ҳолат ин амали онҳо ба марг ё як умр дардманд шуданашон сабаб мегардад.
Вай мегӯяд, «заҳролудшавӣ бо маҳлулӣ сирко, ин ба сӯхташавии пардаҳои луобии даҳон, сурхрӯда ва меъда сабаб мешавад. Ҳатто як қулт маҳлули сирко боиси хунравии меъда мешавад. Ҳамчунин ба гурда ва ҷигар ҳам зарар мерасонад. Доруи маъмуле, ки ҷавонон бо он худкушӣ мекунанд, димедрол аст. Он бошад ба мағзи сар таъсири манфӣ дорад.»
Пушаймонии бесуд
Ба гуфти Давлатсултон Ғарибшоева, аксари нафароне, ки бо эҳсоси рашк ба фишор афтодаву қасдӣ худкушӣ кардаанд, аз ин кирдори хеш пушаймон мешаванд. Аммо пушаймонӣ зиндагии обод ва тани солими бисёре аз ин нафаронро бозпас намегардонад. Оташи рашк ба доманашон панҷа мезанад ва ҷисму рӯҳи онҳоро месӯзад.
Дар маркази ҷумҳуриявии бемориҳои сӯхтагӣ аз ҳар як утоқ садои оҳу воҳи ҷавонзанон баланд мешавад, ки таҳаммули сӯзиши бадани сӯхтаашонро надоранд. Бисёре аз ин бонувон бар асари рашк ба шавҳаронашон худро оташ задаанд.
Тоҳир Зубайдов, пизишки ин марказ, мегӯяд, дар тайи се моҳ 9 ҳодисаи худсӯзии ҷавонзанон ба қайд гирифта шудааст, ки бисёре аз онҳо бар асари рашк худро оташ задаанд.
Вай гуфт, «омилҳое, ки инсонро ба худкушӣ водор мекунанд, зиёданд ва яке аз онҳо рашк аст. Ин ҳолат бештар дар оилаҳои ҷавон ба вуҷуд меояд. Мардҳо ба ҳамсарони худ камаҳамият мешаванд, ё ба дунболи хонумони дигар мераванд. Ҳоло бисёрзанӣ маъмул аст ва дар сурати огоҳ шудан аз хиёнати шавҳар, роҳи ҳалли масъаларо дар худкушӣ мебинанд. Худсӯзиҳо бештар дар миёни занони навоҳии атрофи пойтахт ва вилояти Хатлон маъмул аст. Мешавад ҳолатҳое, ки бонувон то ба беморхона нарасида мефавтанд. Аммо онҳое, ки зинда мемонанд, бо эҳсоси дарди ҷонкоҳ ва дарки кирдори хеш пушаймон мешаванд ва он рӯзи ба ин амал даст заданашонро лаънат мегӯянд.»
Рашки зиёд хоси беморони руҳист?
Рашк ҳолати равонии инсон аст, ки одатан нисбат ба нафарони дӯстдоштаи ҷинси муқобил ба вуҷуд меояд. Барои писарон ин ашхос метавонад модар, хоҳар ва ҳамсар ё бонуи писандида ва барои духтарон баръакс бошад.
Равоншиносон рашкро нобоварӣ, шубҳаи аламовар ба садоқат ва муҳаббати нафаре арзёбӣ кардаанд. Эҳсоси рашк ақлро тира мекунад ва аз ҳад зиёдаш нишони бемории рӯҳӣ аст, мегӯянд онҳо. Бисёриҳо мавҷудияти рашкро чун нишони муҳаббат меҳисобанд ва баъзан ҷавонон ба хотирӣ санҷидани ишқи ҳамдигар барои ба вуҷуд омадани рашк замина фароҳам меоранд.
Аммо равоншиносон мегӯянд, нафарони бадрашк на танҳо ба садоқати ҷинси муқобил, балки ба тавонои ва нерӯву имконоти худ эътимод надоранд ва ҳар замон дар ҳаросанд, ки ҷойи онҳоро дар зиндагӣ метавонад нафари дигаре иваз бикунад.
Рашк - намак дар ғизои зиндагӣ
Зарина Кенҷаева, равоншинос, мегӯяд, рашк дар зиндагӣ ба мисли намак дар ғизост, ки агар муътадил бошад зиндагиро то ҷое зебо ҳам мекунад, аммо аз меъёр зиёди он рӯзгорро талху шӯр ва меҳри ҳамсафари зиндагиро нисбат ба шумо коста мекунад.
Вай меафзояд, «дунё мушкил аст, ҳаёт мубориза аст. Лекин баъзан вақт мебинем, ки ҳама чиро дорем ва аз худ меравем. Сабр кардан лозим аст, сабр силоҳи хубтар аст. Барои мисол, агар мард аз кор дер омад, муддате ба ӯ дарнаафтед, лаҳзае баъд ҳатман сабаби дер карданашро мегӯяд. Куллан рашк меваи хуб надорад, аммо зане ки эҳсос мекунад, ки дӯстдор аст, ҳеҷ гоҳ рашк намекунад».
Нафари солим зиндагии солимро пеш мегирад, оила дар асоси муҳаббат ва боварӣ ба ҳамдигар бояд бунёд шавад, мегӯянд ҷомеашиносон.
Аммо равоншиносон тавсия медиҳанд, ки роҳи муваффақи халосӣ аз рашк пеш аз ҳама дар муносиботи хеш бовиҷдон будан аст. Зеро одатан нафароне, ки худ ба хиёнат қодиранд, нисбат ба ҳамсарони хеш андешаҳои бадро раво мебинанд.