Сафари Раҳмон ба Шинҷону Уйғур. Чаро?

Ҳадаф аз сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти мухтори Шинҷону Уйғури Чин тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши энержӣ ва сохтмони роҳу зербиноҳо унвон шудааст. Аммо коршиносон сармоягузориҳои Чинро барномаи дарозмуддати геополитикӣ медонанд.
Вале суоли матраҳ ин аст, ки ба чӣ далел раиси ҷумҳури як кишвар, на бо мақомоти олии Чин, балки бо мудирони як вилояти он кишвар ин ҳамкориҳоро баррасӣ мекунад.

Худойбердӣ Холиқназаров, вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон дар посухи ин суол мегӯяд: «Маҳз ширкатҳои бузурги ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғур бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд. Ва дар бахши сохтмони роҳҳо ва иҷрои барномаҳои энержӣ ин сафар ба нафъи Тоҷикистон аст».

Ба гуфтаи оқои Холиқназаров, Чин феълан кишварҳои бузургтарини сармоягузор дар Тоҷикистон аст. Чин танҳо кишваре мебошад, ки то кунун ҳудуди 2 миллиард доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Ва сохтмони нерӯгоҳҳо ва роҳҳои дигар ҳам дар барномаи ҳамкориҳо мебошад.



"Сармоягузориҳо ба хотири манофеъи геополитикӣ"

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон мегӯянд, ки сармоягузориҳои Чин дар Тоҷикистон ҳадафи геополитикиро ба думбол дорад. Ва Чин мехоҳад ба ин васила ҳузури худ дар бозори минтақа ва Тоҷикистонро густариш диҳад.

Амнияти Абдулназар, муовини Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон дар ихтиёри Чин қарор додани бахше аз хоки Тоҷикистон дар ростои ҳамин сиёсати тавсеъаталабии Чин қобили арзёбӣ медонад.

Ҷаноби Абдулназар гуфт: «Тоҷикистон ҳудудҳои худро дар Бадахшон ба ихтиёри Чин қарор дод ва баъд аз ин мақомот гуфтанд, ки Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳи ҳароратӣ, тунел ва корхонаи трансформаторбарорӣ месозад. Ва мо як конро дар ихтиёри Чин қарор медиҳем. Чаро? Охир мо ҳудудҳои худро дар ихтиёри Чин қарор додем. Пас чаро конро низ дар ихтиёри Чин қарор диҳем. Ба ин далел аст, ки Жириновский ва сиёсатмадорони рус Тоҷикистонро давлати мустақил намеҳисобанд».

Гуфтанист, ахиран Владимир Жириновский, раиси ҲЛД Русия эълон кард, ки Маскав бояд Тоҷикистонро тобеъи худ кунад, чунин ин кишвар аз нимгоҳи сиёсӣ ояндаи мустақил надорад.

"Кӯмакҳои Чин бедареғ аст"

Аммо Худойбердӣ Холиқназаров мегӯяд, Чин дар воқеъ ба манобеи табиии Тоҷикистон алоқа дорад, аммо сармояҳои Чин ғарази сиёсӣ надорад.

Ӯ мегӯяд: «Дар доктринаи Чин суботи кишварҳои минтақа дар авлавият қарор дорад. Ва талошу ҳамкориҳои Чин танҳо ба хотири субот ва рушди кишварҳои ҳамсоя мебошад».

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессори иқтисод мегӯяд, сармоягузориҳои Чин дар бахши роҳсозӣ ва энержӣ ба манзури дастёбӣ ба манобеи табиии назири уран, радӣ ва нуқра мебошад. Ва ҳадаф аз сохтмони нерӯгоҳҳо интиқоли барқи арзон ба ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғури Чин аст. Дар ҳоли ҳозир аксари нерӯгоҳҳои Чин ҳароратианд ва барқи онҳо гарон тамом мешавад.

Чин бузургтарин сармоягузории Тоҷикистон

Чин дар бахши роҳсозӣ дар Тоҷикистон то кунун 900 миллон доллар сармоягузорӣ кардааст.

Чин дар Тоҷикистон то кунун нерӯгоҳ насохтааст. Аммо бо саромяи Чин хати интиқоли барқи 500 киловатии Шимол — Ҷануб ва хати 220 киловатии Лолазор — Хатлон ва тунели Шар - шармавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Аммо ин барномаҳое, ки Чин амалӣ мекунад, бо истифода аз нерӯи кории Чин сурат мегирад, ки ба коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон кӯмак намекунад. Ин дар ҳоле, ки беш аз як миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар машғули кор аст. Ва тоҷирони ватанӣ аз ҳузури беш аз ҳадди чиниҳо дар бозорҳои дохилӣ шикоят доранд.