Қубат Байболов: "Ман чунин нагуфтаам"

Ноиби раиси Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон ва коменданти шаҳри Ҷалолобод, Қубат Байболов мегӯяд, ба ҳеҷ кас дар бораи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар руйдодҳои Ҷалолобод иттилое надодааст ва намедонад, ин хабар аз куҷо сарчашма гирифтааст.
Ҷаноби Байболов рӯзи 16-уми июн телефонӣ ба пурсишҳои кормандони бахшҳои қирғизӣ, узбакӣ ва тоҷикии Радиои Озодӣ посух дод. Вай нахуст гуфт, вазъ дар Ҷалолобод дар ҳоли ҳозир ором аст, мардум ба кӯчаҳо мебароянд, фурӯшгоҳҳо боз мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, фирориён ба манзилҳои худ бармегарданд ва мақомоти маҳаллӣ ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона ба осебзадагони хушунатҳои ахир машғуланд.

Сипас, Байболов ба чанде аз пурсишҳои кормандони Бахши узбакии Радиои Озодӣ дар бораи вазъи сокинони шаҳр ва боздошти гумонбаршудагони ошӯб посух дод. Барои ман, ки аз Бахши тоҷикӣ намояндагӣ мекардам, ин изҳороти ҷаноби Байболов хеле суолбарангез буд, ки рӯзи 14-уми июн ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфтааст: “Ман бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки ин як тахрибкории ғоявӣ ва иғвогарист, ки дар ҷойҳои гуногун мошинҳои сиёҳшиша пайдо шуда, яксон намояндагони ҳарду миллатро мепаронанд. Инҳо гурӯҳҳои ба таври махсус омодашудае мебошанд, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо амри сарнавишт бе василаҳои мавҷудият мондаанд.”

Ин изҳорот дар вокунишҳои шадидеро дар Тоҷикистон ба бор овардааст ва биноан суолу ҷавоби мо чунин ҷараён гирифт:



Озодӣ: Ҷаноби Байболов, дирӯз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Шуморо дар бораи ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон рад кард. Шумо дарвоқеъ метавонед, изҳор доред, ки тоҷикон дар он ҷо ширкат кардаанд ва агар чунин аст, каме маълумоти муфассал медодед.

Қубат Байболов: Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хуб мешуд, пеш аз он ки баёнотеро рад кунад, аввал тафтиш кунад, ки оё чунин баёнот буд ё на. Барои ин заҳмати зиёд даркор набуд, фақат ба ман занг мезаданд ва мепурсиданд. Ман ин хел нагуфтаам. Аз куҷо гирифтаанд ин гапро?

Озодӣ:
Хабарро ИТАР-ТАСС ва бархе дигар сомонаҳо нашр кардаанд.

Қубат Байболов: ИТАР-ТАСС ин иттилоъро аз куҷо гирифтааст, ба ман маълум нест.

Озодӣ:
Яъне Шумо чунин изҳорот доданатонро рад мекунед?

Қубат Байболов:
Ман дар ин масъалаҳо одами бисёр ҳассосам ва ҳаргиз бе далелҳои кофӣ дар бораи чизи набуда сӯҳбат намекунам.

Озодӣ: Яъне гуфтаниед, ки чунин фактҳо ҷой надорад?

Қубат Байболов:
На, чунин гуфтанӣ нестам. Ба ин маъно нест. Вақте далелҳои кофӣ ба даст овардем, дар ин бора ба тамоми дунё эълон хоҳем кард.

Озодӣ: Яъне метавон гуфт, дар ҳоли ҳозир чунин далелҳо надоред?

Қубат Байболов: Фактҳо дорем, аммо далелҳо надорем. Барои дар ин бора баёнот додан бояд маводеро, ки дар даст дорем, таҳлил кунем.

Озодӣ: Агар Шумо чунин нагуфта бошед, ин гапҳо аз куҷо пайдо шудааст ва бо чӣ мақсад?

Қубат Байболов: Аз куҷо пайдо пайдо шудааст, ман намедонам. Журналист Аркадий Дубнов дар радиои “Эхо Москви” дар бораи ин фактҳо сӯҳбат кардааст. Ман ваъзи Ҷалолободро медонам, вале мумкин вай Ошро дар назар дорад ва мумкин дар он ҷо чунин фактҳо бошанд.

Озодӣ: Хуб, Шумо ки ҳоло дар асл ҳокими Ҷалолобод ҳастед, нерӯҳои давлат дар ин ҷо бо чӣ корҳо машғуланд?

Қубат Байболов: Милиса ба таъмини тартибу низом машғул аст, додситонӣ ба таҳқиқи воқеаҳо, хадамоти коммуналии шаҳр ҳам вазифаи худро ба ҷо меорад. Хадмоте ҳаст, ки ба тақсими кӯмакҳои башардӯстона машғул аст, хадамоти тиббӣ бо табобат... Давом диҳам?

Озодӣ: Мушаххастар ҳарф занед. Аз рӯи он чӣ гуфтед, ҳамааш хуб аст ва рӯйдодҳои хунин дигар такрор намешаванд...

Қубат Байболов: Мо дар ҳамин самт кор мекунем.

Озодӣ: Дирӯз дар сомонаи интернетии Фарғона.ру хабарҳое нашр шуд, ки гӯё дар байни ангезандагон ва тирандозҳо шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Чеченистон ва ҳамчунин русҳо ҳам будаанд. Ин хабарҳо то куҷо асос доранд?

Қубат Байболов: Дар байни узбакҳо ҳам афроде будаанд, ки ҳам ба тарафи қирғизҳо ва ҳам ба тарафи узбакҳо тирпаронӣ кардаанд. Дар байни онҳо ҳам ангезандагону мубаллиғон будаанд, чунки хайрхоҳони режими Боқиев дар байни узбакҳо ҳам кам нестанд.

Озодӣ: Шумо дар аввали сӯҳбат дар бораи боздоштҳои оммавии гумонбаршудагони даргириҳо хабар додед. Инҳо киҳоянд ва ба чӣ теъдоданд?

Қубат Байболов
: Ман “оммавӣ” нагуфтам. Миқдори кофӣ боздошт шудаанд.

Озодӣ:
Кофӣ чӣ қадар? Сад, ҳазор ё ду ҳазор нафар?

Қубат Байболов: На, ман арқомро гуфта наметавонам.

Озодӣ: Шабонарӯзи оянда ё ҳафтаи оянда вазъ дар Ҷалолободро чӣ гуна мебинед? Чӣ интизориҳо доред?

Қубат Байболов: Вазъият дар Ҷалолобод зери назорат аст. Ҳама чиз рӯ ба роҳ хоҳад шуд.

------------------------------------------------------
Дар поёни мусоҳиба, ки ҳамкорони дигар ҳам дар ҷараёни он аз Қубат Байболов пурсишҳои худро карданд, пеш аз сипосгузорӣ ва хайрухуш вай гуфт, аз ин мусоҳиба розӣ нест ва дар бораи кормандони Радиои Озодӣ пиндошти дигаре дошт ва ҳамин эҳтиромаш буд, ки ба гуфтугӯ ризоят дод. Ҷаноби Байболов бо ин ҳарфҳо ва бидуни шунидани ташаккур ё падруди мо гӯширо гузошт.