Ҷаласаи СПАД поён ёфт, натиҷааш маълум нест

Нишасти изтирории Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ авзоъи Қирғизистонро баррасӣ намуд, аммо тасмими мушаххасеро эълон накард. Хулосаи коршиносони низомӣ.
Дабирони Шӯрои амнияти миллии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар баёнияе гуфтаанд, ки ба руасои ҷуҳуриҳои худ тарҳи коҳиши ташаннуҷи рӯёрӯиҳои байниқавмиро дар Қирғизистон пешниҳод кардаанд. Аммо ин тарҳ аз чӣ иборат аст, таҳлилгарони умури низомӣ ва мниятӣ низ дар тафсири он эҳсоси мушкил мекунанд.

Дар баёнияи дабирони Шӯрои амнияти миллии кишварҳои узви СПАД изҳори умедворӣ шудааст, ки тарҳи муштараки таҳияшуда ва талошҳои ниҳодҳои Қирғизистон бо пуштибонии кишварҳои узви СПАД ба таъмини амнит ва субот дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард.

Аммо маълум нест, ки ин иқдомот ва талошҳо мушаххасан аз чӣ иборат хоҳад буд.

Суоле, ки ҳамоно матраҳ мемонад ин аст, ки оё нерӯҳои ҳофизи сулҳи СПАД вориди қазия хоҳанд шуд ва қодир ба барқарории субот ва таъмини амният дар Қирғизистон хоҳанд буд?

"Бояд Шӯрои Амнияти СММ ҳал кунад"

Виктор Литовкин
, сардабари нашрияи "Независимое военное обозрение" дар мусоҳибае ба Озодӣ дар ин маврид мегӯяд:

- Дар маҷмӯъ ва усулан нерӯҳои СПАД ба анҷоми ин кор қодир мебошанд. Вале барои ҳалли ин масъала ризояти президентҳои кули кишварҳои узви СПАД лозим аст.

- Ба назари шумо тасмими онҳо дар ин марвид чӣ гуна метаовнад бошад?

- Масалан имкон дорад дар марвиди фиристодани нерӯҳ ба маҳалли муноқиша тасмим бигиранд. Вале ин нерӯҳо бояд чуноне бошанд, ки дар ҷониби яке аз ду тарафи даргир қарор нагиранд. Ин нерӯҳо метавонад, аз воҳидҳои русӣ, белорусӣ, арманӣ ва қазоқӣ иборат бошад. Вале то кунун тавофуқи муштарак дар ин марвид ҳосил нашудааст. Ва ҳолсил шудани он ҳам кори сода нест. Чун ҳадафи аслии СПАД кӯмак ба кишварҳои узв дар сурати ҳамла аз берун мебошад, вале низоъи Қирғизистон як низоъи дохилист.
Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин асл, шояд коркарди механизмҳои нав дар дастури кори СПАД бошад, қабл аз он ки нерӯҳо эъзом шавад.

- Дар сурате, ки ҳалли ҳуқуқии ин масъала пайдо шавад, ҳайат ва таркиби нерӯҳои ҳофизи сулҳи СПАД чӣ гуна хоҳад буд ва ин нерӯҳо қодир ба чӣ коре метавонанд бошанд?

- Ин нерӯҳо акнун таъсис мешаванд. Аз ҷумлаи воҳидҳои низомии кишварҳои узви СПАД. Ва табъан дар ягон амалиёти муштараки сулҳофарӣ то ҳол ширкат накардаанд. Вале барои он ки ин нерӯҳо ба муваффақияте ноил шаванд, бояд раводиди Шӯрои Амнияти СММ-ро бо худ дошта бошанд. Зеро танҳо Шӯрои Амнияти СММ ҳаққи қабули қарор дар мавриди истифодаи нерӯҳои посдори сулҳро дорад.

"Дархости Қирғизистон қонунист"

Марк Энтин, мудири пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи аврупоӣ дар МГИМО (Донишгоҳи равобити байналмилалии Маскав) назари дигареро баён мекунад:

- Дар сурати низоъи дохилӣ ҳар кишвар ҳақ дорад аз кишвари дигар ва созмони байналмилалӣ дархости кӯмак кунад. Дар ин замина ҳеҷ маҳдудияти бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ пешбинӣ намешавад. Ва Қирғизистон бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи равобити худ бо Русия дахости чунин кӯмак кардааст. Ва агар мушкилоти пешомада дар Қирғизистонро ба назар бигирем, танҳо роҳи ҳалл, кӯмаки нерӯҳои чандмиллаияти посдори сулҳ мебошад.