Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои ҷанубӣ рӯзи сеюми рақобатҳо, 13-уми июн, се бозӣ баргузор шуд. Нахуст тимҳои Алҷазоиру Словения дар гурӯҳи С рақобат карданд.
Бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи Словения анҷом ёфт. Тӯби ягонаро дар ин қувваозмоӣ Роберт Корен дар дақиқаи 79-ум бо истифода аз иштибоҳи дарвозабони Алҷазоир Фавзӣ Чочӣ ба самар расонд.
Сипас тимҳои Сербия ва Гана дар гурӯҳи D вориди рақобат шуданд. Дар ин бозӣ низ мухлисон шоҳиди як гол гаштанд. Тӯбро Асамоа Гян дар дақиқаи 84-ум аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ба нишон расонд ва ба дастаи Гана пирӯзӣ овард.
Рӯзи якшанбе бозии охирин байни тимҳои Олмон ва Австралия дар гурӯҳи Д доир шуд. Олмониҳо бо ҳисоби бузурги 4-0 ғалаба карданд. Подолски дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кард. Голи дуввумро Мирослав Клозе дар дақиқаи 25-ум ба самар расонд. Ду голи дигарро дар нимаи дуввуми дидор Мюллер (дақиқаи 68-ум) ва Какау (дақиқаи 70-ум) заданд.
Ба ин тартиб дар се рӯзи мусобиқот 8 бозӣ баргузор шудааст:
Гурӯҳи А – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ) – Мексика – 1:1, Уругвай – Фаронса – 0:0.
ҶАҶ – 1 имтиёз (1 бозӣ). Мексика – 1 (1). Уругвай – 1 (1). Фаронса – 1 (1).
Гурӯҳи В – Кореяи Ҷанубӣ - Юнон -2:0, Аргентина – Нигерия – 1:0.
Кореяи Ҷанубӣ - 3 (1). Аргентина – 3 (1). Нигерия – 0 (1). Юнон -0 (1).
Гурӯҳи С – Инглистон – ИМА – 1:1, Алҷазоир – Словения – 0:1.
Словения – 3 (1). Инглистон – 1 (1). ИМА – 1 (1). Алҷазоир – 0 (1).
Гурӯҳи D – Сербия – Гана – 0:1, Олмон – Австралия – 4:0.
Олмон – 3 (1). Гана – 3 (1). Сербия – 0 (1). Австралия – 0 (1).
Имрӯз, 14-уми июн, дастаҳои гурӯҳи Е ва F вориди рақобат мешаванд. Соати 16.30 бо вақти Душанбе тимҳои Ҳолланд ва Дания, соати 19 бо вақти Душанбе дастаҳои Ҷопон ва Камерун қувваозмоӣ хоҳанд кард. Як бозии гурӯҳи F байни дастаҳои Итолиё , қаҳрамони кунунии ҷаҳон, ва Парагвай соати 23.30 бо вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ ширкат дорад.
Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд.
Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.
Нахустин қаҳрамони ҷаҳон Уругвай (соли 1930) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Итолиё (2006) мебошанд.