Дар нишасти сарони Созмони Шонгҳой дар Тошканд асосан ду масъала баррасӣ шуда, дар пайванд бо яке - узвияти Эрон дар ин иттиҳод - қарори амалӣ қабул шуд ва дар робита ба дувумӣ - ташаннуҷи вазъ дар Қирғизистон - шиорҳои умумие садо дод.
Бино бар шартҳои наве, ки дар Тошканд ба тасвиб расиданд, танҳо кишварҳое метавонанд ба узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой умед банданд, ки
Ба ин тартиб Эрон, ки рӯзи 9-уми июн ҳадафи таҳримҳои нав ва шадидтари Созмони Милал қарор гирифт, дар ҳоли ҳозир наметавонад узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Эрон шаш соли охир дар ин ниҳод кишвари нозир буд ва ду сол пеш расман бо дархости узвият кард.
БИДУНИ АҲМАДИНАЖОД
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба нишасти сарон дар Тошканд даъват шуда буд, вале аз ширкат дар он худдорӣ кард. Эҳтимол меравад, ки аз тасмими сарони гурӯҳи Шогнҳой ӯро огоҳ карда буданд. Ду рӯз пеш аз ҷаласаи Тошканд вай дар Душанбе аз ноустувории Русия ва Чин дар муносибат бо Эрон шиква кард.
Тоҷикистон тайи ду соли охир аз узвияти Эрон дар созмон пуштибонӣ мекард ва талош кардааст, монеаи марбут ба таҳримҳои Созмони Милал аз санади ниҳоӣ ҳазф гардад. Вале бо хатми нишаст намояндагони Тоҷикистон муносибати хешро ба муқаррароти нави қабули аъзои нав иброз надоштанд.
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар поёни ҷаласа гуфт, кишвараш ба вуруди давлатҳои бузург ба созмон ба шарти мутобиқати онҳо ба муқаррарот мухолиф нест. Медведев афзуд, санади нав баёнгари "таъкид ба дарҳои бози Созмони Шонгҳой аст, то чаҳорчӯби он фаротар равад."
Ширкаткунандагони нишаст гуфтанд, то ҳол низоми муайяни пазириши аъзои нав мавҷуд набуд ва акнун эҳтимолан раванди густариши созмон оғоз ёбад. Покистон - яки дигар аз хоҳишмандони узвият дар гурӯҳи Шонгҳой аст, ки ҳанӯз соли 2006 расман ариза додааст.
Дар ҳоли ҳозир шаш кишвар - Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви созмон буда, Эрон, Муғулистон, Ҳинд ва Покистон кишварҳои нозиранд ва Беларусу Шри Ланка шарикони мавриди муколама.
ДАЪВАТҲО АЗ ҚИРҒИЗИСТОН
Аз ҳамаи кишварҳои узв дар нишасти Тошканд президентҳо ширкат доштанд ва аз номи Қирғизистон иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷӣ Руслан Қазоқбоев ба ҳозирон дар бораи рӯйдодҳои шаҳри Ӯши ин кишвар гузориш дод. Вай гуфт, "нерӯҳои тахрибагар" ва "аносири ҷиноӣ" талош доранд, ҷануби Қирғизистонро ба оташи як низои байнимиллӣ кашонанд.
Президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, ки кишвараш раёсати даврии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро ба зимма гирифт, гуфт, ин созмон бояд ба Қирғизистон дар ҷилавгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ кӯмак кунад.
Дар эъломияи ниҳоӣ низ сарони Созмони Шонгҳой Қирғизистонро ба қатъи зӯроварӣ ва эҳёи субот аз роҳи гуфтушунид даъват карданд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди фишангҳои вокуниш ба рӯйдодҳои шабеҳи Қирғизистон таъкид кард ва бархе аз ширкаткунандагон ба тавонмандиҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ишора намуданд. Вале раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев гуфт, паймони мазкур танҳо дар ҳоле метавонад, даст ба амал занад, ки кишвари узв ҳадафи ҳамлаи хориҷӣ қарор бигирад.
Ба гуфтаи коршиноси умури минтақа Санавбар Шерматова, иттифоқан дар рӯйдодҳои моҳи апрел дар Ҷалолобод даъватҳои корбасти Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ садо дода буданд.
Хонуми Шерматова мегӯяд, шояд ба ҳамин сабаб вуқӯи рӯйдодҳои Ӯш бо нишасти сарони гурӯҳи Шонгҳой ва он ҳам дар Тошканд рост омад. Ва мисли қабл, яъне замони рӯйдодҳои Ҷалолобод боз эҳтимолан даъватҳои ворид кардани нерӯ ба Қирғизистон дубора садо диҳанд.
РАҲМОН ВА КАРИМОВ
Бархилофи интизориҳои густарда, ки президентҳои Узбакистон ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони СҲШ дар Тошканд бо ҳам мулоқот хоҳанд кард, Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов ҳамдигарро асосан дар мулоқоти ташрифотӣ ва сипас дар ҷамъи дигарон диданд. Ин ҳам дар ҳоле ки муносибатҳои байни ду кишвар моҳҳо ба ин сӯ боиси нигаронии мардуми ҳарду кишвар шудаанд.
Дар қаламрави Узбакистон дармондани садҳо вагони Тоҷикистон ба ҳамаи риштаҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон асар гузоштааст ва дар баробари сафорати Узбакистон дар Душанбе ду гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор шуда, тоҷикон дар Бишкек, Маскав ва Вошингтон низ аз намояндагиҳои Узбакистон "қатъи блокадаи иқтисодии Тоҷикистон"-ро талаб кардаанд.
Бино бар хабари расонаҳои Узбакистон дар дидори кӯтоҳи ташрифотӣ Ислом Каримов гуфтааст, Узбакистон таърихан ҳамеша ба Тоҷикистон кӯмак кардааст ва хоҳад кард ва дар посух Эмомалӣ Раҳмон аз сарвари Узбакистон барои ташкили нишасти сарони СҲШ дар сатҳи баланд сипосгузорӣ намудааст.
Аммо дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин мулоқот масъалаи боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон баррасӣ шуда, Каримов ба убури вагонҳое иҷозат додааст, ки амволи марбут ба нерӯгоҳи Роғунро надоранд.
НИГАРОНИҲОИ ЧИН
Дар Тошканд раисиҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ, тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро аз мушкилоти умдаи Осиёи Марказӣ номид ва ба гуфт, бо назардошти афзоиши омилҳои нооромӣ бояд созишномаҳои таъмини амнияти лӯлаҳои нафту газ ба имзо расанд. Чин ба яке аз истеъмолгарони асосии нафт ва гази минтақа табдил ёфтааст.
Сар аз моҳи декабри соли 2009 интиқоли гази табии Туркманистон ба Чин оғоз ёфт. Ин лӯла аз қаламрави Узбакистон ва Қазоқистон мегузарад. Дар расми ифтитоҳи он Ҳу Ҷинтао гуфт, аз тарҳи мазкур ҳамаи кишварҳои зидахл баҳравар хоҳанд буд.
Ва мизбони нишаст, раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов талош кард, дар ҳеҷ масъалае шиддати лаҳн нишон надиҳад. Дар ҳоле ки коршиносон ба сурати умум ин нишастро як нишасти муқаррарӣ ва гузарон арзёбӣ кардаанд, Каримов метавонад ботинан қаноатманд бошад, ки маҳз дар Тошканд, дари созмон ба рӯи Эрон баста шуд ва ин бор садои Тоҷикистону Қирғизистон бо дифоъ аз тарҳҳои обу энержӣ ба гӯш нарасид.
Расонаҳои ғарбӣ, ки дар гузашта ба ҷаласаҳои Созмони Шонгҳой, ҳамчун як ниҳоди бетаъсир ва шиоргуна, эътибори зиёд намедоданд, ин бор аз нишасти сарон зимни вокунишҳои Эрон ба таҳримҳои нави Шӯрои Амният ва маҳрумияти Теҳрон аз имконияти узвият дар иттиҳоди минтақаӣ бо мушорикати Чин ва Русия гузориш нашр карданд.
- дар минтақаи Авруосиё воқеъ гаштаанд,
- бо ҳамаи аъзои созмон равобити дипломатӣ доранд,
- аз муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии кишварҳои узв ҳимоят мекунанд,
- дар зери таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид нестанд,
- бо кишвар ё кишварҳои дигар дар ҳоли ҷанг қарор надошта бошанд.