Тоҷикӣ ва тоҷикон дар Интернет

Сюзан Бойлро мешиносед? Дар борааш аз ББС шунидаед ё аз ал-Ҷазира хондаед? Аз Ютюб? Субҳ аввал ба торнамои СНН меравед ё тарҷеҳ медиҳед аз Твиттер хабар бихонед?
Охирин бор бо дӯсти ҷавониятон, ки Фейсбук надорад, кай сӯҳбат карда будед? Имрӯз даъвати дӯстии чанд ношиноси дигарро аз Ҷибутиву Кот д Ивуар дар Фейсбук пазируфтед?

Ҷавонони тоҷик дар Интернет

Манзурам аз ин навишта, хонандагони гиромӣ, ҳузури шумо дар Интернет аст ва ҷойгоҳи Интернет дар ҳаёти шумо. Ба назар мерасад, ҷавонони тоҷик аз Интернет бештар ба хотири тафреҳ ва шиносоӣ истифода мебаранд ва кам алоқа доранд, ки аҳдофи ҷиддиеро он ҷо пиёда бикунанд ва ё муқоисатан назари худро ба масоили иҷтимоиву иқтисодӣ иброз бидоранд. Ин аст, ки вебблогҳои тоҷикиро бо ангушт шумурда метавон, вале дар Ютюб садҳо наворҳои видеоии оҳангҳои тоҷикӣ ва ё хонаводаиву кӯчаиро метавон дид. Ин аст, ки Твиттерро андак афроде дар Тоҷикистон мешиносанд, вале дар торнамоҳои шиносоии русӣ аксари ҳамсабақону ҳамсоягон ва дӯстонро метавон ёфт.

ИН МАТЛАБИ ЧАНДРАСОНАИРО ҲАМ БИНГАРЕД

Ютюб

Дар замоне, ки Ютюб садоеро мисли Сюзан Бойл кашф мекунаду, бо як клипи нимаҳирфаие қиммати саҳмияҳои United Airlines-ро поин мебарад, тоҷикон ҳам аз он канор намондаанд. Як мардикори оддӣ аз Тоҷикистон дар Русия бо тахаллуси Ҷиммии тоҷик, ки сатилро чун табл истифода бурда, суруди машҳури данс данси ҳиндиро мехонд, ҳамакнун, ба консертҳо дар Маскаву Петербург даъват мешавад ва аксаш саҳифаҳои Индепенденсро оро медиҳад. Дар бораи Шабнам ва нақши Ютюб дар шӯҳрат касб кардани ӯ миёни афғонҳо ҳоҷати гап ҳам нест.

Ютюб аз миени торнамохои ҷамъиятии машхур дар ҷаҳон миёни ҷавонҳои тоҷик бештар аз ҳар дигаре истифода мешавад. Тоҷикон ба он на танҳо ба хотири дидани видеоҳо ва шунидани мусиқӣ мераванд, балки аккаунт боз кардаанду, худ низ клипҳо мегузоранд. Махзани Ютюб аз ҷиҳати сурудҳои тоҷикӣ шояд бо махзани телевизиони тоҷик рақобат бикунад. Бар иловаи сурудҳо, дар Ютюб даҳҳо слайдшоу бо аксҳое аз Тоҷикистон гузошта шудаанд. Даҳҳо пораҳои видеоӣ бо ҳимоя аз тоҷикон, бо муаррифии фарҳанг ва таърихи тоҷикон, абармардони ин миллат бар зидди миллатгароёни рус гузошта шудааст.

Фейсбук ва майспейс

Сарфи назар аз он ки фейсбук барои кишварҳои донандаи русӣ, аз ҷумла собик Шӯравӣ бо шумули Тоҷикистон намунаи русии худро роҳандозӣ кардааст, вале ҳамоно ба зонуи рақибони русии худ дар ин кишвар баробар нашудааст. Қариб ҳар як тоҷики ба интернет дастрасидоштаро метавон дар Мой Мир ва ё Одноклассники дарёфт. Фейсбук аксаран танҳо миёни онҳое, ки дар кишварҳои дигар дӯст доранд, роиҷ аст. Майспейс. Шахсан ман, ки чанд соли ахир тамоми рӯз ва нисфи шаб дар олами нет зиндагӣ мекунам, дар майспейс аккаунт надорам. Ҳеҷ касеро аз тоҷикон ҳам намедонам, ки исми Майспейсро шунида бошад.

Мессенҷер

Ҳамон ҳарфҳое, ки дар боло гуфтем. Мессенҷерҳои Ҳотмайлу Яҳу ва Гуглtalk дар симои М-Агент рақиберо дидаанд, ки шикастанаш фантастика ба назар мерасад.

Блоггинг

Нахустин торнигор (вебблог)-и тоҷикӣ бо номи Як Дарвеш дар охирҳои соли 2004 чашм ба дунёи ҳастии нет кушуда буд. Дар яке аз видҷетҳои он феҳраси торнигорҳои зиёде, аз ҷумла, тоҷикӣ чида шудааст. Онҳоро шуморидам, камтар аз 40 буданд ва ҳам беш аз нисфашон ба муддатҳои тӯлонӣ, аз як моҳ то бештар аз як сол матлаби наве нагузоштаанд.

Озодӣ

Торнамои Озодӣ низ, хонандагони гиромӣ, талош кардааст, то дастрасии худро ба Шумо ҳар чӣ қадар роҳаттар бикунад. Шумо метавонед дар Фейсбук ва дар Мой Мир бо Озодӣ дӯст бишавед ва тавассути ин дӯстӣ аз муҳимтарин ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон низ огоҳ бигардед.