Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон дидор карда ва ба ӯ нота ё ёддошти ҷониби Тоҷикистонро дар мавриди баёнияҳои ахири Жириновский ва Онишенко таслим кардааст.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо эҳзори сафири Русия дар Душанбе ба вазорат, ба ӯ нотаи эътирозии ҳукумати Тоҷикистонро супурдааст.
Дар баёнияи расмии вазорати корҳои хориҷӣ омадааст: “Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа бо Юрий Попов, сафири Русия мулоқот кард ва таваҷҷӯҳи ӯро ба норавоии баъзе аз баёнияҳои ғаразмандона ва манфии баъзе аз мақомоти баландпояи Русия, аз ҷумла Владимир Жириновский, муовини раиси Думаи давлатӣ ва Генадий Онишенко, раҳбари Раёсати назорат бар сифати маводи ғизоии Русия ҷалб кард.”
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бори дигар, гуфтааст, ки аз сӯи «Роспотребнадзор» манъ шудани воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба Русия, зарари зиёде ба аҳолӣ ва хоса вилояти Суғди Тоҷикистон расонидааст.
Қаблан бо пешниҳоди Онишенко, сардухтури беҳдоштии Русия воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба Русия ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз густариши вируси фалаҷи атфол манъ шуда буд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хостори бознигарии ин тасмими мақомоти беҳдоштии Русия шудааст.
Баёнияҳои мансабдорони Русия роҷеъ ба чӣ буд?
Ахиран баъди ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки мунҷар ба қурбониҳои ҷонӣ шуд, Генадий Онишенко гуфт, ки мардуми Тоҷикистон ба ғазаби Худо гирифтор шудааст. Онишенко инчунин мақомоти беҳдоштии Тоҷикистонро дар нотавонӣ барои ҷилавгирии густариши фалаҷи атфол муттаҳам карда буд.
Владимир Жириновский низ қабл аз он гуфта буд, ки Тоҷикистон чун давлати мустақил оянда надорад ва он бояд ба ҳайати Русия ҳамроҳ шавад.
Ин баёнияи Владимир Жириновский ҳаёҳуеро дар матбуоти Тоҷикистон барангехт, ки ба шиддат аз сиёсати Русия дар қиболи Тоҷикистон интиқод карданд. Ва ҳамчунин мақолаи мазкур дар вебсайти Радиои Озодӣ тақрибан 200 назару андешаро ҷамъ овард ва баъзе аз корбарони вебсайт, Владимир Жириновскийро, ки аз сиёсатмадорони моҷароҷӯи Русия аст, сафсатагӯ хонданд.
Бояд гуфт, чанд ҳафта ба ин ҷониб, қабл аз вокуниши мақомот бархе расонаҳои тоҷикистон ҳам аз баёнияҳои Жириновский ва ҳам аз хомӯшии мақомоти Тоҷикистон дар баробари он интиқод карда буданд.
Эътироз баъд аз ҳафтаҳо
Нотаи эътирозии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ҳоле ба сафири Русия супурда шудааст, ки аз суханрониҳои ин ду сиёсатмадори рус ҳафтаҳо сипарӣ гаштааст ва ин мавзӯъ қаблан дар матбуоти мустақили кишвар сару садоҳои зиёде ба бор оварда буд.
Раҷаби Мирзо, як таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон дар гуфтани андешаи худ дар чунин маворид ҳамеша андешаи зиёд мекунад ва мавқеъи худро бо дермонӣ рӯшан мекунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ин нота дар ҳоле супурда шуд, ки чанд рӯзе пас дар Тошканд нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.
Вай мегӯяд, «чунин ба назар мерсад, ки ин нота ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки дар Тошканд ҳафтаи пешорӯ бояд сурат бигирад, рабте дорад. Тоҷикистон бори дигар мехоҳад масъалаҳо ва сиёсати хориҷии худро дар пешорӯи созмонҳое, ки дар онҳо Русия нуфузи зиёд дорад, бигзорад ва мушкилашро бо ягон роҳ ҳал кунад».
Маскав ба нотаи Душанбе посух надод
Дар ҳамин ҳол Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, то ба ҳол ба ин нотаи эътирозии худ Тоҷикистон аз ҷониби Русия ҳеҷ посух нагирифтааст. Аммо Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд бо дермонии зиёд Вазорати корҳои хориҷӣ нотаи эътирозӣ супурда бошад ҳам, ин таъсири худро дар муносиботи ду ҷониба хоҳад гузошт.
Ҷаноби Маҳмадазимов афзуд, Тоҷикистон як давлати мустақил аст ва ҳамеша бояд мавқеи худро дар нисбат ба чунин суханрониҳои таҳқиромез баён дорад. Ӯ мегӯяд, «ҳама гуна нотаҳои эътирозӣ бояд таъсири худро дошта бошад. Ин дер бошад ҳам нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дигар аз чунин суханҳо сахт озурда аст».
Иршод Сулаймонӣ, сардабири ҳафтаномаи «Миллат», мегӯяд, то ин замон ба чунин бархурди мансабдорону сиёсатмадорони Русия танҳо ҳафтаномаҳои мустақили Тоҷикистон вокуниш нишон медоданд ва мақомоти расмӣ ҳамеша хомӯшӣ ихтиёр мекарданд. Ва ин навбат ҳам супурдани нотаи эътирозӣ дар ҳоле ба миён омад, ки қаблан матбуоти мустақили кишвар аз хомӯшии ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид интиқод карда буданд.