Субҳи рӯзи 4 -уми июн гурӯҳе аз занони тоҷик дар назди сафорати Ӯзбакистон дар Душанбе ҷамъ омада, хостори боз намудани роҳҳо, қатъи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон ва азсаргирии муносиботи ҳасанаи Тоҷикистон ва Узбакистон шуданд.
Аммо мақомоти сафорати Узбакистон дар Душанбе нахостанд бо ин гурӯҳи занон мулоқот ва муроҷиатномаи онҳоро қабул кунанд, аз ин хотир ин занон нороҳат ва нигарон буданд.
Дар ин муроҷиатнома аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон хоста шудааст, ки равобити дӯстонаи ду кишварро барқарор кунад ва аз идомаи ҷалавгирии убури вагонҳои ҳомили молу колои Тоҷикистон худдорӣ шавад.
Сафорат тазоҳуротро нодида гирифт
Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси Анҷумани занони маълумотдори Тоҷикистон, мегӯяд, барои расидани ин нома ба президенти Узбакистон хостаанд, онро ба сафири ин кишвар таслим кунанд, вале сафорати Узбакистон ба ҳарфи онҳо гӯш надодааст.
Ходимони сафорат ҷавоби ради худро бо он асоснок кардаанд, ки занҳо қабл аз ҳозир шудан дар назди сафорат бояд мақомотро аз барномаи худ огоҳ мекарданд.
Ҳурриниссо Ғаффорова, аз занони фаъоли дигар, гуфт, фикри навиштани чунин як муроҷиатнома унвонии раисиҷумҳури Узбакистон дар як ҳамоиши занони фаъол ба вуҷуд омадааст.
Вай мегӯяд, мушкилоти рӯзафзуне, ки дар пайи муддатҳо банд мондани вагонҳои ҳомили бору ғизо дар марзи Узбакистон ба миён омадааст, аз қабили боло рафтани нарх дар бозорҳо, бозмондани сохтмонҳои муҳими кишвар ва зарари зиёд ба соҳаи кишоварзиву соҳибкорӣ, косаи сабри онҳоро лабрез кардааст ва дигар хомӯш буда наметавонанд.
Занҳои фаъол пас аз чунин бархурди сафорати Узбакистон, роҳи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистонро пеш гирифтанд, ки ин кишвар ҳоло масъулияти раҳбарии даврагии САҲА-ро бар душ дорад. Дар сафорати Қазоқистон занонро ба хушӣ пазируфтанд ва номаашонро қабул карданд.
Розия Табарова, раиси созмони ҷамъиятии «Орзу», гуфт, акнун онҳо умедворанд, ки аз ин роҳ номаашон ба мақомоти Тошканд хоҳад расид.
Гирдиҳамоиҳои таблиғотӣ
Ҷамъомади занҳо дар назди сафорати Узбакистон аз ҳоисаҳои нодир аст, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кам андар кам иттифоқ меуфтанд. Мақомоти кишвар низ аз фаъолиятҳои мардум дар ин самт ҷилавгирӣ мекунанд.
Чанде пеш дар он сӯи марз, дар қаламрави Узбакистон низ бар алайҳи фаъолияти корхонаи алюминиюми тоҷик намоиши эътирозӣ баргузор гардид.
Ин дар ҳолест, ки охирин намоиши этирозӣ дар Узбакистон дар соли 2005 дар Андиҷон бо куштори садҳо нафар аз ҷониби нируҳои ҳукуматӣ анҷом шуда буд. Таҳлилгарону коршиносони умури ду кишвар аз ҷанги таблиғотӣ миёни Узбакистону Тоҷикистон ҳарф мезананд, ки дар он ҳатто “табу”-ҳои чандинсола, аз қабили манъи гирдиҳамоиҳо низ, бардошта мешаванд.
Нигаронии гурӯҳи занони фаъоли тоҷик дар ҳоле сурат гирифтаааст, ки убури қатораҳои ҳомили молу маҳсулоти Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон тақрибан дубора қатъ шудааст.
Ӯзбакистон ин қазияро марбут ба зарфият ва имконоти роҳи оҳан эълон карда ва гуфтааст, ки тармими роҳҳои оҳан идом надорад. Аммо қаторҳои мусофирбарӣ бе мушкил равуо доранд.
Пайомади, ба истилоҳ, ин муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Ӯзбакистон рӯшан эҳсос мешавад ва боиси боло рафтани маҳсулоти мавриди ниёз гашта, соҳибкорону мардуми оддиро шадидан нигарон кардааст.
Маҷаллаи “Як рӯз бо шумо” барои рӯшан кардани пайомади бастани қатораҳо дар қаламрави Ӯзбакистон ба вилоти Хатлон сафар кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад