Бозбинии парвандаи «Шоҳидони Яҳво» дар Суғд

Мақомоти додситонӣ ва амниятии Хуҷанд баррасии парванда 17 нафар пайрави ҷараёни насронии «Шоҳидони Яҳво»-ро аз сар гирифтаанд. Ин афрод аз рӯи банди 189 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, «барангезиши кинаву адовати миллию мазҳабӣ» муттаҳам мешаванд..
Онҳо ҳамагӣ сокини Хуҷанд буда, мақомот ин гурӯҳро аввали соли гузашта, зимни гирд омадан дар як маҳфиле, дар манзили яке аз онҳо кашф ва айбдор карда буданд.

Аммо баъд аз тафтиши тӯлонӣ ва шикоятҳои аъзои ин созмони мазҳабӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон, барои парвандаи онҳо дар аввали соли равон тафтиши иловагӣ таъин карда шуд.

Ҷамъомад маҳфили эътирозӣ буд?

Як пайрави созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар шаҳри Хуҷанд аз гурӯҳи 17 нафарии таҳти тафтишот бидуни ифшои номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран онҳо аз мақомоти амниятӣ огоҳномаи расмӣ гирифтанд, ки адабиёти онҳо барои экспертиза ба Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ирсол шудааст ва баъди натиҷаи он бозпурсиии онҳо аз сар гирифта хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ҳамаи 17 нафар аъзои айбдоршудаи «Шоҳидони Яҳво» ба шарти берун нарафтан аз ҷойи зисти худ дар озодӣ ба сар мебаранд.

Мақомоти додситонӣ ва амниятии Суғд мехоҳанд маҳфили барпонамудаи онҳоро тобиши «барангезиши кинаву адовати миллию мазҳабӣ», мутобиқи банди 189 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон диҳанд. Банди мазкур ба муҷримон ба муҳлати аз 5 то 12 сол ҳабс пешбинӣ мекунад.

Аммо аъзои айбдоршудаи «Шоҳидони Яҳво» ин иттиҳомро ноҳақ меҳисобанд ва мегӯянд, дар маҳфил танҳо ба қироат ва омӯзиши "Инҷил" - китоби насрониён машғул буданд ва ҳеҷ гуна ҳарфи тарғибу ташвиқи созмони худ ё мухолифи қонунҳои Тоҷикистон нагуфтаанд.

"Сарқонун инҷилхониро манъ накардааст"

Зафар Раҳимов, аз фаъолони ин созмони мазҳабӣ дар Хуҷанд, ки низ дар қатори айбдоршудагон қарор дорад, дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ ахиран гуфта буд, ки Сарқонун Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш озодии мазҳабиро кафолат дода, мақомот асосе надоштанд, ки онҳоро аз ҷамъомад ва хондани “Инҷил» манъ кунанд. Онҳо дар бораи расидагӣ ба ин қазиа ба Додситонии кул ва Омбудсмени Тоҷикистон шикоятҳо бурдаанд.

Ёдрас мешавам, Зафар Раҳимов дар моҳи сентябри соли гузашта аз минбари ҷаласаи САҲА дар шаҳри Варшава, пойтахти Полша аз таъқибу фишори мақомоти Хуҷанд ва беасос боз шудани парванда алайҳи гурӯҳи пайравони «Шоҳидони Яҳво» садо баланд карда буд.

Мақомоти тафтишотии додситонӣ ва амниятии Суғд ба далели халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот аз сӯҳбат бо хабарнигорон дар ин бора худдорӣ меварзанд.

"Инҷилхонӣ манъ нест, аммо "Шоҳидони Яҳво" мамнӯъ аст"

Аммо Ҳамзаалӣ Пулодов, мутасаддии оид ба корҳои динӣ дар ҳукумати Хуҷанд, ки дар ошкор кардани маҳфили «Шоҳидони Яҳво» иштирок доштааст, даъвии онҳоро рад мекунад. Аз нигоҳи вай, қонунҳои Тоҷикистон мутолиа ва омӯзиши китобҳои диниро барои сокинон ба таври инфиродӣ ё дастҷамъона, яъне дар маҳфилу маҷлисҳо манъ намекунад, аммо маҳфили созмони «Шоҳидони Яҳво» ва қироати “Инҷил» аз сӯи онҳо ба худ рангу тобиши сиёсӣ мегирад, зерои фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ӯ афзуд, ки ҷиҳати экспертизаи адабиёти ин созмони мазҳабӣ ҷалб нашудааст ва аз ҷараёни он огоҳӣ надорад.

Созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳво» дар Тоҷикистон аввалҳои соли 2000 -ум расман сабти ном шуда, аз диди хоси худ ба тарғиби таълимоти дини масеҳӣ, умдатан бо роҳи сӯҳбату даъват ва паҳн кардани адабиёти ин созмон ба забонҳои русиву тоҷикӣ миёни сокинони маҳаллӣ пардохта буд.

Аммо соли 2007 вазорати фарҳанг ба далели ин ки фаъолияти онҳо ба сарқонуни Тоҷикистон мухолифатҳо дорад, аз ҷумла пайравони «Шоҳидони Яҳво» хидмати ҷавонон дар артиши Тоҷикистонро аз нигоҳи динии худ як амали нораво меҳисобанд, манъ кард.