Як рӯзноманигори рӯс, ки ҳангоми иҷборан пароканда кардани тазоҳурот аз сӯи пулис ҷароҳат бардошт, бар зидди пулиси Маскав парванда дуруст кардааст. Ин тъазоҳурот ҳамин ҳафта дар Маскав баргузор шуд. Антон Филин -вакили мудофеи рӯзноманигор Александр Артёмов ба радиои Озодӣ гуфт, ки Раёсати бозрасии Маскав ин парвандаро ба таври расмӣ пазируфтааст. Артёмов корманди сомонаи интернетии Gazeta.ru бо тақрибан 150 нафар эътирозкунандагон 31-ӯми май дар Майдони Триумфалная дар тазоҳурот ширкат дошт.