Мавзуна Чориева: «Мақсади ман қаҳрамони ҷаҳон ва олимпӣ шудан аст»

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» сӯҳбате дорем бо Мавзуна Чориева, варзишгардухтари тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона медали тилло ба даст овардааст.
Дар ин сабқати қитъавӣ, ки варзишгарони 19 кишвар ширкат доштанд, занон аз рӯи 9 вазн қувваозмоӣ карданд. Мавзуна Чориеваи 17-сола дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омад ва аввалин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Мавзуна, инчуниин, беҳтарин муштзани Осиё байни занон эътироф гардида, бо ҷоизаи махсус – муҷассамаи муштзан мукофотонида шуд. Мавзуна мақсад дорад, ки қаҳрамони ҷаҳон ва олимпӣ шавад.

Мусоҳибаи мо бо Мавзуна Чориева ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш шудааст.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.