Дар Кобул, пойтахти Афғонистон, Ҷиргаи сулҳ ифтитоҳ шуд, ки то рӯзи 4-уми июн идома хоҳад кард. Ҷиргаи сулҳ бо мушакборони қароргоҳи он аз ҷониби мухолифони давлат шурӯъ шуд.
Дар ин нишаст ибтидо раисҷумҳур Ҳомид Карзай суханронӣ кард ва аз мухолифини ҳукумат, аз ҷумла, мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон даъват кард, ки силоҳ ба замин гузоранд ва ба зиндагии осоишта баргарданд. Карзай аз мухолифин хост, ки худро аз банди хориҷиҳо раҳо кунанд. Ва аммо замоне, ки ин ҳарфҳои раисҷумҳури Афғонистон садо медод, мухолифин сӯи қароргоҳи Ҷирга чанд мушак андохтанд ва дар кори ин нишаст ба муддати тақрибан 15 дақиқа танаффус эълон шуд.
Аз ин пеш баргузории Ҷиргаи сулҳ ду бор ба таъхир уфтода буд. Мақомоти Афғонистон авоили сол эълом доштанд, ки Ҷирга бо ширкати вузарову раҳбарони манотиқ ва сарони қабоил аз 10 то 13-уми май доир мешавад. Вале дар моҳи апрел Ғуломфоруқ Вардак, раиси комиссияи ташкили ҷиргаҳо, хабар дод, ки ин нишаст барои се ҳафта ба таъхир гузошта шудааст. Сабаби таъвиқ - сафари раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба Вошингтон эълон шуда буд. Баъдан, рӯзи 24-уми май хабар дода шуд, ки бо сабабҳои фаннӣ ҷиргаи сулҳ то рӯзи 2-юми июн мавқуф гузошта мешавад.
Ҳомиди Пажмон, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод, ки ҷараёни ин нишастро пайгирӣ мекард, дар мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар робита ба чӣ гуна сурат гирифтани Ҷирга гуфт:
Пажмон: Ҷиргаи сулҳ соати 9-и субҳ бо баёнияи раисҷумҳури Афғонистон ифтитоҳ шуд. Карзай ба дастовардҳои 9 солаи кишвар ишора кард ва аз мухолифини ҳукумат хост ба раванди эҳёи кишвар бипайванданд. Ӯ аз аҳли нишаст хост, ки пешниҳодҳои худро ба раёсати Ҷирга ироа кунанд ва ҳукумат онҳоро баррасӣ хоҳад кард. Дар ҳоле, ки раисҷумҳур суханронӣ мекард, мухолифин бо партоби чаҳор мушак хостанд фазои Ҷиргаро ба ҳам бизананд ва аммо Ҷирга ба кораш идома дод. Баъдан дар ҷараёни суханронии Муҷаддадӣ ҳам бори дигар мушак андохта шуд. Пас аз суханониҳо устод Бурҳониддини Раббонӣ ба ҳайси раиси Ҷирга, оқои Мавлавӣ Қиёмиддини Кашшоф ба ҳайси муовин, оқои Дарзобӣ ба ҳайси муншӣ ва як хонум бо номи Нозия узви раёсати Ҷирга интихоб шуданд. Сипас кор дар 28 кумитаи таъсисшуда идома ёфт ва ба ҳар гурӯҳ
дасти кам 50 нафарӣ шомиланд.
Радиои Озодӣ: Қаблан хабар дода мешуд, ки дар ин Ҷирга шояд намояндагони Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳкматиёр ширкат варзанд. Оё гурӯҳе аз мухолифин барои ширкат дар ин нишаст ба Кобул омадааст?
Пажмон: На, ман тайи сӯҳбатҳое, ки бо созмондиҳнадагони Ҷирга доштам, онҳо гуфтанд, ки аз мухолифин касе даъват нашудааст ва дар ин Ҷирга сирф ироаи пешниҳодҳо дар мавриди барномаи сулҳ сурат мегирад. Ва аммо бархе аз мухолифине, ки қаблан ба ҳукумат пайваста буданд, онҳо дар ҷирга ширкат доранд ва узви гурӯҳҳои кории ҷиргаанд. Дар Ҷирга дар маҷмӯъ беш 1600 вакил – аъзои Маҷлис, аъзои ҷомеъаи маданӣ, бузургони қавм, намояндаҳои занҳо ширкат мекунанд.
Радиои Озодӣ: Оғои Пажмон, оё маълум аст, ки ягон гурӯҳи корӣ ба таври вижа мавзӯъи музокирот ва оштӣ бо Толибонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад дод?
Пажмон: Албатта, дар ҷараёни конфаронси хабарие, ки дар поёни рӯзи аввали Ҷиргаи сулҳ баргузор шуд, раҳбарони Ҷирга дар ин бора сӯҳбат накарданд. Вале, бидуни шак, яке аз мавзӯъҳои Ҷирга оштӣ бо мухолифин хоҳад буд, аз ҷумла, эҳтимолан дар мавриди шеваҳои музокирот ва оштӣ бо Ҳизби исломии Ҳикматёр ва ҷунбиши “Толибон” ҳам пешниҳодҳое ироа мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад