Ҳамоиши тоҷикон бар зидди Исроил пароканда шуд

Дирӯз гурӯҳе аз шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон ба нишонаи эътироз бар зидди ҳамлаи нируҳои баҳрии Исроил ба корвони кӯмакҳои башарии муттааллиқ ба Навори Ғазаи Фаластин дар назди сафоратхонаи Исроил дар Маскав гирдиҳам омаданд.
Иззат Холов-яке аз ширкаткунандагони ин гирдиҳамоӣ ба радиои Озодӣ чунин гуфт, "ташкилоти русиягии Маҷлис, ки як ташкилоти ҷамъиятист, аз мо даъват кард, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкат варзем. Мо ҳудудан 20 нафар ҷамъ шудем ва хостем, ки андешаҳои худро пиромуни ин ҳодиса бигӯем. Дар назди сафорати Исроил дар Маскав ҷамъ шудем. Чанд нафар сӯҳбат кардем. Якбора пулиси Маскав омаду чанд нафар аз бародарони моро гирифт. Ба ҳар ҳол ҷарима буду бо ҳамин мо пароканда шудем".

Иззат Холов афзуд, созмони ҷамъиятии онҳо бо номи "Миллат" омода аст дар як гирдиҳамоии дигар, ки дар ҳамин робита бо иҷозаи ҳукумати Маскав 5-ӯми июн баргузор мешавад, ширкат кунад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамлаи Исроилро маҳкум кард

Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ, ҳамлаи нерўҳои баҳрии Исроил ба корвони киштиҳои имдодии «Freedom Flotilia», ки рӯзи 31 май дар обҳои байналмилалӣ рўй дод, маҳкум кард.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ки рӯзи 1 июн дар вебсайти вазорат нашр шуд, омадааст, ҳамла бар зидди киштиҳои ёрии башардўстона барои навори Ғазза, хилофи аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ аст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ибрози нигаронӣ гуфтааст, бовар дорад, ки ин амалкард, ки дар натиҷаи он беш аз даҳ нафар ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, мавриди санҷиши амиқу воқеъбинонаи Шўрои Амният ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҳамлаи Исроилро имрӯз ҳамчунин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ маҳкум намуд.

Вокуниши Шӯрои амнияти СММ


Аксари аъзои Шӯрои амнияти Созмони милал дар нишасти изтирории худ ҳамлаи Исроил ба корвони ёриҳои башардӯстона ба Фаластинро маҳкум карданд. Сарвазири Исроил дар пайи ҳодисаи ҳамла сафари худ ба Вашингтонро лағв кард.

Кӯшиши интиқоли бори башардӯстона ба Навори Ғазза, ки дар муҳосира қарор дорад, бо марги ҳадди ақал даҳ фаъоли ҳуқуқи башар анҷом шуд.

Субҳи рӯзи 31-уми май мақомоти низомии Исроил ба корвони иборат аз шаш киштӣ амр кард, ки манъ шаванд ва аз ҷой наҷумбанд. Командоси Исроил аз чархболҳо вориди киштиҳо шуд ва ба сафари корвон ба Ғазза, ки аз Қибрис шурӯъ шуда буд, хотима дод.