Парвандаи "Миллат" ба Пажӯҳишгоҳи забон рафт

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи ҳафтаномаи "Миллат" ва вазорати кишоварзиро барои ташхиси забонӣ ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улум равон кард.
Баррасии шикоятҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи мустақили «Миллат» баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе паси дарҳои баста доир шуд. Вазорати кишоварзӣ аз "Миллат" як миллион сомонӣ ва "Миллат" аз вазорат як сомонӣ мехоҳанд.

Ҷониби вазорати кишоварзӣ аз додгоҳ дархост кардааст, ки матлаби нашршудаи "Миллат" барои ташхис ё экспертизаи забонӣ ба Пажӯҳишгоҳи забон фиристода шавад. Намояндаи вазорат даъво дорад, ки дар ин матлаб мавриди таҳқир ҷой дорад.

Аммо Ҷунайд Ибодов, вакили дифои ҳафтаномаи "Миллат", гуфт, чунин таъинот ғайриқонунӣ мебошад ва аз болои он шикояти хусусӣ хоҳад кард. Зеро дар матлаби "Миллат" шахси муайяне ба дуздӣ ва ё фасод муттаҳам нашудааст. Яъне обйекти таҳқир фақат шахс буда метавонад, на корхона ё вазорат. Ва ин додгоҳ аст, ки бояд фасодзадагии вазоратро муайян ё рад кунад, на ҳайати комиссияи забоншиносӣ.

Акнун интизор меравад, ки ирсоли ин парванда ба Пажӯҳишгоҳ, ташкили комиссияи ташхиси забонӣ ва натиҷагирии кори он то бештар аз ду моҳи дигар идома кунад.

Дар мурофиаҳои муқаддамотӣ аз ҷонибҳо даъват шуда буд, ки қазияро бо роҳи мусолиҳа анҷом бидиҳанд, вале нашрияи “Миллат” аз мусолиҳа худдорӣ карда буд.

Кӣ фасодзадатарин аст?

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ дар робита ба матлаби интишор намудаи ҳафтаномаи «Миллат», таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ -фасодзадатарин ниҳод» дар шумораи 49 –ум аз 10-уми декабри соли гузашта ба додгоҳ шикоят бурда, ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат дар ҳаққи ин ниҳоди давлатӣ арзёбӣ карда буд. Ба ин далел, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз додгоҳ тақозо кард, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» барои тавҳин ҳудуди 1 миллион сомонӣ ё муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима ситонад.

Масъулони нашрияи мустақили «Миллат» мегӯянд, бар иловаи он ки нашрия посухи Вазорати кишоварзиро нашр кардааст, дар муқобили иддаъои ин ниҳоди давлатӣ далели собите, аз ҷумла сабти суханронии Сафаралӣ Гулов, узви Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон, ва маводҳоеро, ки қабл аз ҳафтаномаи «Миллат» дар ин бора чоп шудааст, дар даст доранд. Дар ҳамин ҳол, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ахиран дар як конфронси матбуотӣ гуфта буд, далелҳои овардаи “Миллат” дуруст аст ва он омори овардашуда аз Оҷонсӣ мебошад.

Он оморро Сафаралӣ Гулов, раиси Кумитаи буҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар як суханронӣ дар ҷаласаи порлумони Тоҷикистон гуфта буд ва “Миллат” ҳам матлаби худро бар пояи ҳамон суханронӣ нашр карда буд.

Як сомонӣ бар муқобили як миллион сомонӣ

Бад ин тартиб, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои ҷуброни зарари маънавиву ҳифзи обрӯву эътибори ниҳод пардохти 1 миллион сомониро тавассути ҳафтаномаи «Миллат» тақозо кард. Дар пайи ин "Миллат" низ дар посух аз болои Вазорати кишоварзӣ шикоят бурда, хостори ҷаримаи рамзӣ ба миқдори 1 (як) сомонӣ шуд. Ба гуфтаи ҷониби нашрия, "пешниҳод кардани чунин аризаи даъвогии беасос ва ғаразнок таҳдиди вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии рўзнома, чун воситаи ахбори омма мебошад."