Бунёди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид – ЮНИСЕФ тасмим гирифтааст, ки барои муайян кардани сифати таҳсил дар Тоҷикистон як пажӯҳиши сартосарӣ анҷом бидиҳад.
Ин таҳқиқотро пажӯҳишгарони ҷавон анҷом хоҳанд дод. Онҳо дар миёни нафарони аз 13 то 24-сола пурсиш гузаронда, назарашонро дар мавриди сифати илмомӯзӣ дар Тоҷикистон муайян хоҳанд кард.
Масъулини ин cозмон мегӯянд, натиҷаи пажӯҳиш ба Вазорати маориф барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия тавсия хоҳад шуд.
Пажӯҳишҳои баҳсбарангез
Ин дар ҳолест, ки иддае аз коршиносон мегӯянд, то имрӯз ҳар тасмимҳои ин ниҳод бидуни анҷоми кадом як назархоҳӣ ва пажӯҳиш роҳандозӣ шудаанд, ки дар натиҷа миёни ҷомеашиносон, омӯзгорон ва худи донишҷӯёну хонандагон назарҳои мухталифро ба бор овардаанд. Мисоли равшан гузариш ба таҳсилоти 12-сола аст, ки то кунун баҳсҳо дар ин замина идома дорад.
Маҳина, як хонандаи синфи 9, дар мавриди ин иқдом ва дигар қарорҳои Вазорати маориф гуфт, ба нафъи кор мебуд агар ин ниҳод ҳангоми тасмимгирӣ назари мактаббачагонро низ ба инобат бигирад.
Аммо Таваралӣ Зиёзода, муовинин раҳбари пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, гуфт, то кунун аз ҷониби кормандони онҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар дар мавзӯъҳои мухталиф миёни хонандагон пурсишҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла ба гуфтаи Зиёзода, дар таҳқиқоти ахир онҳо талош кардаанд, омилҳои аз таҳсил дур мондани наврасонро рӯшан кунанд. Ва муайян кардаанд, ки иллат дар камаҳамиятии волидайн ба таҳсили фарзандонашон аст.
Китобҳои душворфаҳми таълимӣ
Вале Нуриниссо Акрамова, омӯзгори мактаби рақами 1-и шаҳри Душанбе, сабаби дилсардии муҳассилин аз таҳсилро дар мӯҳтавои китобҳои таълимӣ мебинад ва мегӯяд, аксари китобҳои дарсии кишвар бо забони барои хонандагон норавшан таҳия шудаанд, ки дар ҷараёни таълим барои аз худ кардани мавзӯъҳо мушкил эҷод мекунад.
Хонум Нуриниссо аз ҷумла гуфт, ҳарчанд дар китобҳои фаннӣ калимаҳои душворфаҳм бештар мешавад, вале чопи луғат ҳамчун шарҳи калима дар поини саҳифаҳо қариб аз байн рафтааст.
Хонум Нуриниссо пешниҳод дорад, ки дар нашри фанҳои дақиқ барои ҷалби хонанда мебояд аз мисолҳои шавқовар ва тасвирҳои ранга истифода кард.
Ислоҳоти бенатиҷа
Вале теъдоди дигари омӯзгорон дар мавриди беҳтар шудани китобҳои дарсӣ чандон хушбин нестанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, қаблан низ чандин дафъа бархе аз китобҳои фаннӣ таҷдид шуда буд, вале мӯҳтавои онҳо чандон фарқкунанда набуд, зеро боз ҳам завқу ҷаҳонбинии худи хонандагон ба инобат гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Мунира Иноятова, коршинос ва собиқ вазири маориф, мегӯяд, аксарияти ислоҳот дар соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла дар омӯзишу парвариш низ дар асоси таҷрибаҳои давлатҳои дигар, бахусус Русия, ба роҳ монда мешавад. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ниёз ба гузаронидани як пажӯҳиши комил дар мавриди иқтидор ва рушди зеҳнии насли наврасро дорад.
Чанд соли пеш низ ЮНИСЕФ дар мавриди сабабҳои аз мактаб дар канор мондани духтарон дар Тоҷикистон пажӯҳиш анҷом дода буд ва муайн кард, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи наврасон ба мактаб бештар аз ҳама назару ақидаи хонавода, хамсолон, одатҳои динниву миллӣ таъсири мустақим доштааст.