Меҳмони навбатии "Ситораборон" Нобовар - сарояндаи маъруфи гурӯҳи "Шамс" буд, ки баъд аз 13 соли ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои хориҷӣ ахиран ба Тоҷикистон баргашт.
Нобовар Чаноров, овозхони гурӯҳи «Шамс» 25 декабри соли 1970 таваллуд шудааст. Мактаби рақами 6, деҳаи Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон ва Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро бо ихтисоси актер ва режиссер хатм кардааст. Чор фарзанд, 2 писару ду духтар дорад.
Номи ӯ бо номи гурӯҳаш пайванди ногусастанӣ дорад. «Шамс»-ро дар расонаҳои хориҷӣ «Битлз»-и тоҷикӣ ва аз гурӯҳҳои маъруфи «Rock and Roll" дар Тоҷикистон унвон кардаанд, аммо Нобовар мегӯяд, ин гурӯҳи фолкпоп аст ва бо мусиқии мардумӣ сарукор дорад.
Гурӯҳ аз 7 навозанда иборат аст, ки аз 25 то 60-сола ҳастанд. 7 мутриб тамоми намуди асбобҳои мусиқиро навохта метавонанд. Нобовар мегӯяд, «девори хонаҳои тоҷикӣ дар Бадахшон сангин ҳастанд. Агар аз онҳо як санг гирифта шавад, девор меафтад. «Шамс» ҳам ҳамин гуна як хона аст».
Таърихи «Шамс» ба бист соли пеш меравад, аммо бо ин ном як моҳ баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба Душанбе кӯчид ва ба зудӣ шӯҳрат ёфт. То ба ҳол 4 албоми гурӯҳ омода шудааст.
«Шамс» ҳамчунин дар Афғонистон, Ӯзбакистон, Русия ва Аврупо низ шӯҳрат дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад