Ширкати Талко ё корхонаи алюминиюми Тоҷикистон поёни муҳосибаи мустақилонаи масорифи молии худро эълон кардааст. Мақомоти Талко мегӯянд, дар замони таъиншуда хулосаи баррасии фаъолияти ин ширкат аз сӯи "Moore Stephens" низ нашр хоҳад шуд.
Ин ширкат гуфтааст, бино ба ин муҳосиба, дороии аслии молии ширкат ҳисоб шудааст ва он ба муқаррароти байналмилалии муҳосиба мутобиқат мекунад. Ин муҳосибаро як ширкати амрикоӣ бо номи «American Appraisal (AAR) inc» анҷом додааст. Дороии ин ширкат 3,15 миллиард ҳисоб шудааст. Арзиши кор дар соли 2008-ро 630 миллион доллар арзёбӣ кардаанд.
Як мақоми ширкати Талко гуфт, ин ширкат дар нашри гузориши натиҷаи аудит ё санҷиши молии худ аз сӯи ниҳоди тафтишгари байналмилалии молӣ дер накардааст, балки дар таърихи аз қабл ваъдашуда, хулосаи онро нашр хоҳад намуд.
Ба гуфтаи мақомоти Талко, муҳосибот ва санҷишҳои доирнамуда ба сурати умумӣ шаффофияти фаъолияти ширкати мазкурро тайид кардааст.
Кори аудиторони "Moore Stephens" низ ба гуфтаи максъулини Талко баъди ворид намудани ислоҳоти лозим ба муҳосиботи молӣ аз тарафи ширкати аудитӣ ба поён мерасад ва он гоҳ хулосаи ин аудит низ нашр хоҳад шуд.
Сандуқи байналмилалии пул изҳори нигаронӣ мекунад
Чанд рӯз ба ин ҷониб, расонаҳои хабарӣ аз қавли намояндаи СБП дар Душанбе гузориш доданд, ки ин ниҳоди молӣ аз нашр нашудани натиҷаи аудити ширкати Талко, ки аз сӯи ширкати аудитии "Moore Stephens" анҷом шудааст, нигарон мебошад.
Люк Моерс, мудири намояндагии СБП дар Душанбе ҳатто гуфтааст, ки СБП ду навбат дар ин бора ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ӯ гуфтааст, бар асоси тавофуқи миёни СБП ва Тоҷикистон, натоиҷи бозрасии ширкати Талко бояд дар дастраси умум қарор бигирад.
Бозрасии байналмилалии ширкати Талко ба ташаббуси Сандуқи байнулмилалии пул сурат гирифта буд. Аммо Люк Моерс гуфтааст, ки СБП нусхаи гузориши бозрасии Талкоро дар ихтиёр надорад. Ширкати аудитии "Moore Stephens" бар асоси тавофуқи қаблӣ вазифадор буд, ки натиҷаи бозрасии молии Талкоро танҳо ба давлат ироа кунад.
Намояндаи СБП ҳамчунин аз нашр нашудани натиҷаи аудити ширкати "Барқи тоҷик" низ изҳори нигаронӣ карда буд.
Натиҷаи аудити Бонки миллӣ дар соли гузашта
Нашри натиҷаҳои аудити байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта боиси сару садо ва расвоии калоне дар сатҳи ҳукумат шуда буд.
Ширкати мустақили аудитӣ бо номи Эрнст энд Янг (Ernst&Young) Бонки Миллии Тоҷикистон ва собиқ раҳбари он Муродалӣ Алимардонро дар фиреби васеъмиқёси баробар бо тахминан як миллиард доллар муттаҳам карда буд. Ба ақидаи муфаттишони Эрнст энд Янг (Ernst&Young), дар тӯли чанд сол Алимардон 856 миллион долларро ба ширкати хусусии Кредит-Инвест интиқол дода, сипас ба воситаи он миллионҳо долларро ба муассисаҳои хусусӣ, ва аз ҷумла, корхонаҳои зери раҳбарии худ ва аъзои оилааш сармоягузорӣ кардааст.
Он замон гузориши Эрнст энд Янг (Ernst&Young) дар саҳифаи интернетии Бонки Миллии Тоҷикистон нашр шуда буд, ки бар пояи он гузориш манбсадорон натавонистаанд, харҷи 220 миллион доллар сармоягузориҳо дар соҳаи кишоварзиро ташреҳ диҳанд.
Аммо ин гузориш барои мансабдорони тоҷик, ки зимни он ба сӯйистифодаи маблағ муттаҳам мешуданд, пайомаде ба думбол надошт. Ва аз ҷумла Муродалӣ Алимардон ба мансаби аз нигоҳи сиёсӣ болотаре дар ҳукумат, ба курсии муовини сарвазири Тоҷикистон такя зад.
Аммо собиқаи Талко
Ширкати Талко то соли 2004 аз сӯйи мудири собиқи он Қодир Эрматов идора мешуд ва ҳамчунон воситаҳо ва даромади он зери назари бархе фармондеҳони собиқ қарор дошт. Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 2004 ҳамеша мавриди талоши чеҳраҳои мутанаффиз буд ва аз зери назари як фармондеҳ ба зери назари дигаре гузаштааст.
Ин корхона тавони тавлиди то 500 ҳазор тонна алюминиюмро дар сол дорад. Аммо дар солҳои ҷанги дохилӣ ва баъди он иқтидори тавлидотии он поин омада ва то ҳудуди сесед ҳазор расида буд.
Дар соли 2004-ум идораи ин корхонаи бузургтарини Тоҷикистон ба дасти мудирони нав гузашт ва шакли идораи он ҳам тағйир кард ва ба корхонаи воҳиди давлатӣ ё ширкати Талко табдил шуд. Ин корхона дубора тайи чанд соли охир тавони тавлидотии худро боло бурд, ки феълан ба ҳудуди 400 ҳазор тонна расидааст.
Баъди барканории раиси собиқи ин корхона, ширкати "Ансол", ки аз коршарикони Талко дар гузашта буд, ин корхонаро дар лағви якҷонибаи шартнома муттаҳам кард ва ба додгоҳи Ландан шикоят бурд.
Талко дар додгоҳи Лондон
Дар муқобили он ширкати Талко, ки мудири собиқи ин ширкат, Қодир Эрматов ва раиси ширктаи "Ансол" Аваз Назаровро дар сирқат ва расонидани зиёни молии муодили 400 миллион доллар ба корхонаи алюминиюм муттаҳам ва ба додгоҳи боз ҳам Лондон шикоят бурд.
Аммо ҷонибҳо дар додгоҳ ба тавофуқ даст ёфтанд ва аз даъво ба муқобили якдигар даст кашиданд. Вале то ҳанӯз ҳам маълум нест, ки таҳти чӣ шароите ҷонибҳои даъвогар аз ин аз мавқеъҳои худ ақибнишинӣ карданд.
Агарчанд ҳар кадоме аз ҷонибҳо, аз ҷумла ҷониби давлати Тоҷикистон ин тавофуқро ба суди худ арзёбӣ мекунанд. Аммо аз он ҷо, ки шароити ин сулҳи додгоҳӣ то кунун пӯшида мондааст, ба назари таҳлилгарон ин тавофуқ чандон ба суди давлат набудааст.
Гаронтарин додгоҳи таърих?
Пуле низ ки ширкати Талко барои вакилони дифои худ дар додгоҳи Лондон пардохт кардааст, яке дигар аз мавзӯъҳои мавриди баҳси расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон буд.
Расонаҳои ғарбӣ гузориш доданд, ки ширкати ҳуқуқии "Ҳерберт Смит", ки дар баҳси додгоҳии ширкати "Талко" бо Аваз Назаров аз манофеи ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят мекунад, тақрибан 120 миллион доллар ҳаққи хидмат хостааст.
Талко, ки аз тарафи ҳукумат идора мешавад, мехост, ки пули ба гуфтаи масъулони он дуздидаи Аваз Назаров ва Қодир Эрматовро тавассути додгоҳ ба кисаи ширкат баргардонад. Ширкати "Ҳерберт Смит" се сол дар баҳсҳои додгоҳӣ дар Ландан аз манофеи ширкати Талко ҳимоят кард.
Баҳси Талко дар Тоҷикистон
Моҷарои Талко дар тӯли чанд сол дар дохили ҷомеаи Тоҷикистон низ яке аз мавзӯъҳои хабарсоз буд. Бархе аз сиёсатмадорон ба ин ақида буданд, ки Талко ба сурати фаъолияти толингӣ суди зиёде ба Тоҷикистон намеорад. Аз ҷумла вакили Маҷлиси Намояндагон Шодӣ Шабдолов ва узви собиқи Маҷлиси Миллӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода борҳо ба зарурати шаффофият дар Талко ва пардохти андози бештар аз ин корхона ба буҷаи давлат таъкид карда буданд.
Пешниҳоди фурӯхтани ин корхона ба Русия ё Қазоқистон боиси баҳсу моҷароҳои сиёсӣ низ шуд. Аммо билохира, давлат қарор кард, ки се корхонаи бузург - нерӯгоҳи Норак, Талко ва Роғун моли истисноӣ эълон шуда ва фурӯхта нашаванд. Ва ба ин тартиб, баҳси фурӯши Талко фурӯкаш намуд.
Ангушти ҳамчунон сӯи Талко дароз
Аммо ин корхона ҳамчунон дар пардаи ибҳом қарор дорад ва ба чанд далел ангушти ишора сӯи он дароз аст. Яке ин ки идораи он дар дасти кадом гурӯҳ қарор дорад, робитаи ин гурӯҳ ба мақомоти сиёсӣ дар кадом сатҳ аст ва фоидаҳое аз он ба фоидаи гурӯҳи хоси наздик ба мақомот низ меравад.
Дигаре ин ки Талко аз супурдани хеле навъи андозҳо маъоф аст, бар изофаи он ба қиммати арзонтар аз корхонаҳои дигар нерӯи барқ дарёфт мекунад, аммо боз ҳам суди андаке ба буҷаи давлат меорад.
Мақомоти Талко ҳамвора ин иддаоро рад кардаанд ва мегӯянд, ки онҳо тавонистаанд баъди соли 2004 ин корхонаро дубора сари по бигузоранд ва бо боло бурдани иқтидори он ва ворид намудани технологияи нав фаъолияти онро густариш дода ва ҳамчунон воситаҳои лозимро ба буҷаи давлат ворид кардаанд.