Ширкати канадагии «Canog Energy INC» бо вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, ёддошти тафоҳумеро дар бораи сармоягузорӣ ва иҷрои барномаҳои энержӣ дар Тоҷикистон имзо кардааст.
Ин санад имрӯз аз сӯи Стюарт Скварс, президенти ширкати «Canog Energy INC» ва Шералӣ Гул, вазири саноати Тоҷикистон ба ба имзо расид. Бар асоси ин санад ширкати канадагӣ изҳори омодагӣ мекунад, дар бахши барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон аз 20 то 40 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.
Ба гуфтаи Стюарт Скварс, «Canog Energy INC» тасмим дорад дар Тоҷикистон чанд нерӯгоҳи обии тавоноияш то 500 мегаватиро бунёд кунад.
Гузашта аз ин, президенти ин ширкати кандагӣ гуфт, ки омодааст, дар кашфу истихроҷи нафту газ, ҳамчунин кашфу истихроҷи сангу фулузоти гаронқиммат низ дар Тоҷикистон саромягузорӣ кунад ва бо ба роҳ мондани коркард ин навъи маҳсулотро ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза намояд.
Коркарди сангҳои гаронбаҳо
Ҳамчунин як ёддошти тафоҳуми дигар миёни ин ширкати канадагӣ ва Кумитаи саромягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон низ имзо шуд. Ба гуфтаи коршиносон агар ин тасмимҳои ширкати канадагӣ дар мавриди сармоягузории сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ ба вақеият табдил шавад, дар он сурат Тоҷикистон метавонад нерӯгоҳи обии Дашти ҷамро низ бо саромяи ширкати «Canog Energy INC» бунёд кунад.
Гузашт аз ин, бино ба омори расмӣ ва таъкиди коршиносон дар ин авохир истеҳсолу судури сангҳои гаронқиммати Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш ёфтааст, ки далели аслии он адами фановариҳои ҷадид дар коркарди ин маҳсулот аст. Ва ширкати канадагӣ метавонад дар ин замина низ ба тоҷикистон кӯмаки ҷиддӣ кунад.