Амрико Манасро ба пойгоҳи низомӣ табдил намедиҳад

Тибқи иттилои "Интерфакс", Амрико намехоҳад Маркази Транзитии худро дар фурудгоҳи Манаси Қирғизистон ба пойгоҳи низомӣ табдил диҳад. Дар ин бора Ҷеорҷ Крол-муовини ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико иттилоъ дод. Вай гуфт: "Амрико дарк мекунад, ки ҳузури нируҳои Амрико дар Осиёи Марказӣ бисёриҳоро дар Маскав нигарон кардааст ва ин қобили дарк аст. Вале муҳимтарин суол ин аст: Оё ҳузури ин нируҳо доимист? Посухи ман ин аст: на. Мо намехоҳем фурудгоҳи Манасро ба пойгоҳи низомӣ табдил диҳем". Оқои Крол ин нуктаро дар шумораи рӯзи ҷумъаи рӯзномаи "Комерсант" дар мусоҳибае изҳор доштааст.