1000-мин сарбози Амрико дар Афғонистон кушта шуд

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс навиштааст, бино ба ҳисоби ин хабаргузорӣ, дар давоми ҷанги 8-сола имрӯз дар ҷануби Афғонистон 1000-ӯмин сарбози Амрико дар инфиҷори баме ҷони худро аз даст додааст. Бино ба маълумоти ин хабаргузорӣ нахустин сарбози амрикоӣ дар Афғонистон дар моҳи янари соли 2002 кушта шуда буд.