БП барои рафъи харобӣ $ 930 миллион сарф кардааст

Бритиш Петролиюм-ширкати энержии Британия мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи нафт дар халиҷи Мексика то ҳол 930 миллион доллар сарф кардааст. Ин ширкат гуфтааст, то ҳол имкон надорад, ки маблағи дақиқи сарфшуда барои пешгирӣ аз ин пешомадро маълум кунанд. Донишмандон таъйид кардаанд, ки дар таърихи Амрико ин бузургтарин пешомади хуруҷи нафт будааст. Бино ба маълумоти тақрибӣ, дар як рӯз аз ин чоҳи зериобӣ аз 1,9 то 3,8 миллион литр нафт ба об ҳамроҳ мешавад